ЁРИ БЕПАРВО, КУҶОӢ?
Боз меояд насими кӯҳсор,
Мерасад бар гӯши ман овози тор.
Ногаҳон ман ҳам суруде бофтам,
Рози пинҳони дилам шуд ошкор.
Ёри бепарво, куҷоӣ, зуд ой,
То ба кай аз мо ҷудоӣ, зуд ой!
Гарди роҳатро ба мижгон рӯфтам,
Бо нахи дил, бо нахи ҷон рӯфтам.
То ғуборе барнахезад аз замин,
Об пошидам зи чашмон, рӯфтам.
Ёри бепарво, куҷоӣ, зуд ой,
То ба кай аз мо ҷудоӣ, зуд ой!
Бо нигоҳе синаам бишкофтӣ,
Як табассум кардию рӯ тофтӣ.
Рӯ магардон бори дигар, ҷони ман,
То абад аз мағзи дил ҷо ёфтӣ.
Ёри бепарво, куҷоӣ, зуд ой,
То ба кай аз мо ҷудоӣ, зуд ой!
Январи с. 1961,