Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ОТАШИ ПИНҲОНИ ДИЛ



Оташи пинҳони дили ман туӣ,
Партави чашмони дили ман туӣ.
Садқа шавам ман ба нигоҳат, нигор,
Як назаре, ҷони дили ман туӣ.

Бе ту намондаст саранҷоми ман,
Бе ту набошад ба дил ороми ман.
Чун саҳар ояд, ба тамошо баро,
Бод расонад ба ту пайғоми ман.

Аз паят овора шудам кӯ ба кӯ,
Як нафас, охир, бинишин рӯ ба рӯ!
Оташи пинҳон ҳама гулхан шавад,
Гар шунавӣ қиссаи дил мӯ ба мӯ.
Ш. Москва





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »