Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ДИЛИ МАН ОТАШИ ПИНҲОН ДОРАД



Дӯстон, ёди шумоён дорам,
Ёдатонро ба дилу ҷон дорам.
Дурам имрӯз, чӣ ҳам мегӯям?
Бе шумо ҳоли парешон дорам.

Дида ба роҳи шумо медӯзам,
То зи дидори шумо афрӯзам.
Дили ман оташи пинҳон дорад,
Аз ғами дуриатон месӯзам.

Ид омад, магарам май нӯшам,
Иди Май, чашмасифат то ҷӯшам?
Бе шумо бода чӣ лаззат дорад?
Рӯзи ид аст, чаро хомӯшам?

Ногаҳ овози шумо бишнидам,
Шавқ омад ба дилам, болидам.
Дида пӯшидаму бо чашми хаёл
Рӯи хандони шуморо дидам.

Ана, ид асту май менӯшам,
Ҷомаи фахр ба тан мепӯшам.
Дӯстон, ёди шумо ҳамраҳи ман,
Ки басо чашмасифат меҷӯшам!
Май, 1960, Рига.




***

Қатраи шабнам саҳаргоҳе ба рӯи гул нишаст,
Лоф зад, ки: "манзили ман чеҳраи садбарги тар!"
Чун шуои офтоб онро зи тори сар гузашт,
Шуд бухореву ҳамоно рафт аз пеши назар.

Эй дили ман, соф бошу ҳарф аз кибре нагӯй,
Софиро аз чашмасорон гиру дар оғӯш зан.
Мақсадат бошад, ки бошӣ дар ҷаҳон бообрӯй,
Қатраи шабнам набошу мисли дарё ҷӯш зан!

Ш. Москва




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »