Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ТО НАБОШАМ ХАМӮШ ЧУН ҲАЙКАЛ




Чор девори хона – дар байнаш
Мисли ҳайкал ситодаам хомӯш.
Лек дар ким-куҷои дил оташ
Ҳасту надҳад ба оби сарде ҷӯш.

Гӯӣ, он дар миёни хокистар
Шӯълаашро паноҳ медорад.
Гӯӣ, онро шарорае дигар
Ҳаваси зиндагӣ намеорад…

Шод будам, ба завқи хушҳолӣ
Ба гулу лола меҳр мебастам.
Оҳ, ин хона – хонаи холӣ,
Ман дар он нестам ва ё ҳастам?

Нестам, баски аз суруди ман
Шарафу завқи кор нопайдост.
Ҳастам, аз он, ки дар вуҷуди ман
Нафаси зиндагоние барҷост.

Баъди ин, сӯи дашту кӯҳ равам,
То набошам хамӯш чун ҳайкал.
Ҳамдами мардумони кор шавам,
Шояд он оташак шавад машъал!

3.03.1961.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »