Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ШЕЪРИ НОТАМОМ



Ман аз тиреза берун чашм дӯзам,
Равон поезд бо як суръати том…
Ба паҳлӯям яке ёри гуландом,
Надорад илтифоте, ки бисӯзам.

Ҳама атроф дар ҳукми зимистон,
Саропо боғу майдон барфпӯш аст.
Чаро он дилбари ҳамраҳ хамӯш аст?
Ба фаҳмаш рафтани ман нест осон.

Сухан бикшодам аз барфи Русия,
Ки вай ҳам то ягон ҳарфе бигӯяд.
Ягон ҳарфи хуш аз барфе бигӯяд,
Ҷавобаш бар саволам шуд насия.

Баногаҳ бешазори рус сар шуд,
Бигӯӣ – ду тараф девор бошад.
Писандам шуд, писанди ёр бошад?
Чаро вай аз бари ман дуртар шуд?

Бигуфтам: бар ту аз ман эҳтиром аст!
Бихандиду ба купеаш даромад…
Аз он ҷо, кош зудтар мебаромад,
Намедонад, ки шеърам нотамом аст?

Роҳи Душанбе – Москва






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »