Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

РУХ НАМО!



Медамад субҳи нав, на субҳ аст ин, –
Варақе аз китоби умри ман аст.
Медамад субҳи нав, ба диққат бин,
Ҳар дамаш аз ҳисоби умри ман аст.

Дасти айём сафҳагардон аст,
Дидаву чашми вақт мехонад.
Чун дили ман ба аҳду паймон аст,
Кош, нақше ба сафҳае монад!

Субҳи нав медамад, сафар дорам,
Ин қадар тез медавад поезд.
Ончунон шавқ ин саҳар дорам,
Ба чунин шавқ, гӯӣ, ҳамто нест.

Чархҳо мебаранд ҷониби пеш,
Ҷониби шаҳри ман – дили кишвар.
Шодмон диданаш маро хоҳиш,
Бошад он доимо зафаровар!

Медамад субҳи нав, на субҳ аст ин –
Варақе аз китоби умри ман аст…
Шаҳри маҳбуби навбаҳорон,
Меҳри ту офтоби умри ман аст!
Феврали с.1961







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »