Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ДИЛБАРАМ ШЕЪРИ ХУБ МЕХОҲАД



Аз чӣ ин шеърҳои ман хоманд,
Сактаву бехурӯшу ороманд?..
Ман намехостам чунин бошанд,
Ки ҳама сӯи ёр пайғоманд.

Сатрҳои баландмазмунро,
Акси рухсораҳои гулгунро
Рӯи дафтар биёр, илҳомам,
Хун накун ту дили мани хунро.

Ин диёр, ин баҳори махмалпӯш
Дорад он гуна меҳр дар оғӯш…
Гир аз чашмасор ҷӯшишро,
Ҷомаи хизмати Ватанро пӯш!

Эй сабо, бар ба ёр пайғомам,
Аз маи васл пур намо ҷомам.
Дилбарам шеъри хуб мехоҳад,
Чашмаосо биҷӯш, илҳомам!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »