Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

НАГУРЕЗ АЗ МАН



Ҷони ман, меҳри туро дар дили худ ҷо кардам,
Ҷой бинмудаму аз ҷону ҷигар парвардам.
Ман на инсонам агар аз ту даме дур шавам,
Буд ишқи ту, ки худро ба ҳаёт овардам.

Ҳар гаҳ аз синаи ман оташи пинҳон хезад,
Оби сарде ғазабу хашми ту бар он резад.
Лек хомӯш нагардида, ба дил месӯзам,
То шамоли ғами ту хоки танамро безад.

Ман бидонам, ки ҳунар нест чунин сӯхтанам,
Ту ҳаётиву бувад лаҳзаи афрӯхтанам.
Гар ту мақсуди маро пай набарӣ, нест илоҷ,
Чист маънии чунин дида ба раҳ дӯхтанам?

Бохабар шав ту даме аз дилу оҳи сардам,
Нагурез аз ману бинмо ту давои дардам.
Рӯзҳо мегузаранду ту гузар ҷониби ман,
Бахудо, меҳри туро дар дилам ҷо кардам.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »