ИН САҲАР
Ин саҳар дар дили ман шавқи навест,
Ки ба он ҳеҷ ягон ҳамто нест.
Ҳар тараф менигарам, меболам,
Худ надонам, ки сабаб бар ин чист.
Аз чӣ ин гуна саҳар хестаам,
Хоби хуш дида магар хестаам?
Имшаб аз хоб набуд осоре,
Субҳ бо азми сафар хестаам.
Меравам ҷониби Вахш ин саҳарӣ,
Ҷониби водии тиллосамаре.
Ҳаст як духтараки ҷингиламӯ,
Ки фикандаст ба ҷонам шараре.
Бинӣ ӯро ту ба вақти кораш,
Шодмон мешавӣ аз рафтораш.
Як ҷаҳон шавқ барои дили ман,
Ростӣ, як нафаси дидораш.
Номи вайро ба газете дидам,
Дидаму хондаму бас болидам…
Пахтаро тоза бичин, дилбари ҷон,
Равнақи кори ту шуд уммедам!