БАРОИ ИШҚИ МО ДИЛ ОФАРИДАНД
Асоси бахти комил офариданд,
Ҳазорон боғу манзил офариданд.
Барои зисти инсон – хона карданд,
Барои ишқи мо – дил офариданд.
Табиат зиндагии тоза сар кард,
Ки инсон ҳусни онро тозатар кард.
Зиҳӣ, иқболи бемонанди халқам,
Насибатро замон фатҳу зафар кард!
Тамоми тори дилро соз кардем,
Суруди бахтро оғоз кардем!
Гирифт ишқи дили мо чун пару бол,
Ба истиқболи худ парвоз кардем.