ДИЛИ МАРО НАШИКАН
Хаёли ту ба сарам,
Ба роҳи ту нигарам,
Бубин ту аз назарам –
Ҳаёт дар дили ман,
Дили маро нашикан!
Хабар зи васл расон,
Ҷафо накун ту ба ҷон.
Маро зи ғусса раҳон –
Гули баҳори Ватан,
Дили маро нашикан!
Ба накҳати саҳарӣ,
Зи кӯи мо гузарӣ,
Ба сӯи мо нигарӣ –
Сафои боғу чаман,
Дили маро нашикан!
Ҳавои ту ба сарам,
Зи кӯи ту гузарам.
Ту бошӣ ҳамсафарам, –
Агар ба санг назад
Дилам намешиканад.
Гули баҳори Ватан,
Дили маро нашикан.