САД ҚАСАМ, КИ ДӮСТАШ МЕДОШТАМ
Ростӣ, ҳам ту ба вай монанд не,
Вай дигар буду ту андак дигарӣ.
Ту магӯ бар ман: "Дилат хурсанд не".
Давраеро мекунам ёдоварӣ...
Ҷони ман, ҳаргиз ту дар ҳайрат намон,
Гарчи чашмам дар ҳузурат роҳ дид.
Қиссаи ишқу ғамам беҳад калон,
Фаҳм, охир, аз чӣ мӯям шуд сафед?!
Буд вақте, меҳри аввал доштам,
Меҳри аввал, меҳри оғози ҳаёт,
Меҳр не, дар сина машъал доштам,
Машъале, – месӯхт бо сад ҳиссиёт.
Аз шаби торик ҳам бокам набуд,
Ки ҳамон машъал раҳам афрӯхта.
Мезадам лофи муҳаббат худ ба худ,
Олами шавқе ба дил андӯхта.
Сад қасам, ки дӯсташ медоштам,
Дӯсташ медоштам аз ҷону дил.
Муттакои хеш мепиндоштам,
Нотавон будам, набудам мустақил.
Фикри хондан дар сари ман хона дошт,
Ки ягон коре маро ояд зи даст.
Тарки аҳдаш карда, бо ҳолам гузошт,
Шишаи дилро ба санге зад, шикаст.
Бехабар мондам, гуноҳи ман набуд,
Чун вафои хеш собит кардаам.
Вай чунон ҷабре ба ҷони ман намуд,
Гарчи меҳрашро ба ҷон парвардаам.
Рафт аз ман, рафт ӯ бебозгашт,
Рафт меҳраш ҳам зи дил, доғаш бимонд.
Лолае, ки раста дар домони дашт,
Баргирифт он доғро, бар дил нишонд.
Лек гоҳо ин дили якрав маро
Мебарорад аз раҳи дилхостам.
Оварад бар ёд симои варо,
То бубинам ман ба чашми ростам.
Пас ман аз ҳар ғунчаву аз ҳар гиёҳ
Менамоям сурати ӯро суроғ.
Расми томашро надидам ҳеҷ гоҳ
На миёни кӯҳу на дар байни боғ.
Чун туро дидам, ба ёди ман расид
Он, ки бинмудаст ҳоламро хароб...
Чун туро дидам, дилам ногаҳ тапид,
Ҷон ба тан ларзиду бинмуд инқилоб...
Рашк манмо, ҷонакам, чашмони ту
Он қадар монанд бар чашмони вай!
Ҳар ду абрӯят, қасам бар ҷони ту,
Гӯиё, бошанд абрӯвони вай.
Солҳо шуд, солҳо мекофтам
Дилбаре, бошад нигоҳаш оташин.
Ман зи чашмони ту онро ёфтам,
Марҳамат, о,
Дар дилу ҷонам нишин!
Ростӣ ҳам ту ба вай монанд не,
Вай дигар буду ту андак дигарӣ...
Ҷуз ту дигар кас маро дилбанд не,
Ҳамроҳи ман бошу бинмо дилбарӣ!