Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

МАКТУБИ ТУ



Бори дигар гирифтаму хондам,
Гарчи онро зи ёд медонам.
Ман ба ҷоям чу ҳайкале мондам,
Гӯӣ берун шуд аз танам ҷонам.

Як варақ, даҳ калимае дар он,
Маънии ҳар кадом мухтасар аст.
Як варақ, даҳ калимае дар он,
Ҳар кадомаш чу доғ дар ҷигар аст.

Паи ҳам солҳо гузар карданд,
Буд ин хат ҳамеша ҳамроҳам.
Рӯдҳо роҳашон дигар карданд,
Ман дигар роҳро намехоҳам.

Ду нашуд ҳеҷ гаҳ қарори ман,
Раҳ як асту қарор ҳам яктост.
Нест ин дил ба ихтиёри ман,
Бо ту бигрифта унс аз кайҳост.

Бедилу нотавону танҳоям,
Як варақ, даҳ калима пеши назар.
Гаҳ зи худ рафта, гаҳ ба худ оям,
Як варақ, даҳ калима пеши назар.

"Ман кунун ёри дигаре дорам,
Аз ман уммеди хешро баркан!"
Он қадар дода ин хат озорам,
Пора нанмудаам валекин ман.

Ҳеҷ кас, ҳеҷ кас намедонад,
Ки чаро то ҳанӯз танҳоям.
Ҳеҷ кас, ҳеҷ кас намедонад,
Аз чӣ шабҳо ба кӯҳ меоям?

То ки ман бо тамоми қуввати худ
Дод гӯям зи бевафоии ту.
Кӯҳ акси садо барорад зуд,
Ки барад бод то ба ҷониби ту.

Як варақ, даҳ калима дар дастам,
Варақи кӯҳна, ҳарфҳои кӯр.
Ман агар бар ту дил намебастам,
Ин қадар ҳам набуд азобам зӯр.

Ёдгорӣ бимонд мактубат,
Ё ки онро гирифта пора кунам?
Ё ки қасдан ба кори нохубат
Ба раҳи ишқ сар дубора кунам?

Он муҳаббат, ки дар дили инсон
Ҷой бигрифтааст бори нахуст,
Меравад, лек меравад бо ҷон,
Дар дили ман фақат муҳаббати туст!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »