Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

БУД РӮЗЕ…



Ман надонам чист, охир, дар ҷаҳон афрӯхтан,
Ё ҳаёти одамони покро омӯхтан.
Ё шукуфтан дар ҳамин раҳ аз ҳавои меҳри ёр,
Ё ки андар оташи ҷабру ҷафояш сӯхтан?

Дар забони миллати ман ишқ – ин покизагист,
Ҳар кас ин маъно нафаҳмад – одами покиза нест.
Ошиқон гӯянд агар беҳуда ҳарф аз аҳди худ,
Фарқ байни булҳавас ё мардуми ошиқ чист?

Буд рӯзе, он чӣ рӯзе, ботинан месӯхтам,
Гашта хокистар, валекин боз меафрӯхтам?..
Хоки роҳи ёр гаштан ё ки хокистар шудан,
Кош, ман аз мардумони пок меомӯхтам!





***

На сӯзеву на созе дорам имшаб,
Фақат чашмам ба сӯи чашми рӯз аст.
Вале дар сина розе дорам имшаб,
Ки аз он дар танам соз асту сӯз аст.

Худи ман ҳам намедонам чӣ гӯям,
Даме маҳбуби дил наздам биёяд?
Басо муштоқ ба дидори ӯям,
Наомад, то гиреҳи дил кушояд.

Тамоми розу созу сӯзи ман ӯст,
Ба бӯяш зинда ҳастам, шод ҳастам.
Дами хуш, лаҳзаи фирӯзи ман ӯст,
Ба амраш хестам, гоҳе нишастам…

Вале танҳо нишастам, хестам ман,
Хаёламро гирифта дар канорам.
Гаравро бохтам, бигристам ман,
Касе огаҳ набуд аз ҳоли зорам.

Чаро дар сар ҳавое дорам имшаб?
Чаро чашмам ба сӯи чашми рӯз аст?..
Ғами он бевафое дорам имшаб,
Нашуд аз ман… Ҷароҳат то ҳанӯз аст!

***

Чаро интизорам, чиро интизорам,
На рӯз истироҳат на шаб хоб дорам?
На ҷои нишасту на роҳи гузорам,
Куҷо рафт сабрам, куҷо шуд қарорам?

Зимистон сафар карду омад баҳорон,
Ки бикшод баҳри дили дӯстдорон.
Магар ман гуноҳе намудам ба ёрон,
Ки як пора коғаз нашуд раҳсипорам?

Маро нест оё рафиқу бародар?
Нагӯ, хаткашон инчунин бори дигар!
Аҷаб не, надоранд вақте муқаррар…
Вале нома хондан бувад ихтиёрам.

Ту мегӯӣ: онҳо муҳаббат надоранд?
Муҳаббат набошад – садоқат надоранд?
Хато ин! Ба хат кардан одат надоранд…
Надонам, худи ман чунин мешуморам.

Маро ҳаст умеде, ки аз дӯстонам,
Агар дӯст онҳо – хат ояд, ба ҷонам!
Сипас бо чунин як саволе намонам:
Чаро интизорам, чиро интизорам?

***

Ту хубӣ, ончунон хубӣ, азизам,
Ба ташбеҳат сухан ҷӯям ҳамеша.
Намеёбам гапи нав, меситезам,
Ки гап такрор мегӯям ҳамеша.

Дилам дар ҷустуҷӯи ташбеҳи нав,
Чунон бошад – касе ногуфта бошад.
Ту ҳам боре ба ман ёрирасон шав,
Ки бе ту кори ман ошуфта бошад.

Дар олам ошиқон бисёр буданд,
Дили онҳо – забони шоирон буд.
Дили маъшуқаашонро мерабуданд,
Вале ҳоло ба ман душвортар шуд…

Ба ташбеҳат сухан ҷӯям ҳамеша,
Куҷое, ки нишинам, хоҳ хезам.
Канӣ он ҳарфи нав?
Гӯям ҳамеша:
Ту хубӣ, ончунон хубӣ азизам!
ш. Москва.



***

Менишинам рӯз ё шаб дар сари столи кор,
То ғаму шодии дилро бар рухи дафтар занам.
Ҳар саҳар пай мебарам ман, ки надорам иқтидор,
Хомаро аз каф гузорам, дастро бар сар занам.

Бори дигар гар нишинам бо хаёли шеъри нав,
Ҷони ман, аз дар дарову хотирамро шод кун.
Ҳастии ҷону диламро дар раҳат мондам гарав,
Шеър мехоҳам навиштан, як нафас имдод кун!

Шодии ман аз ту бошад, байти ман бо номи туст,
Пас чаро, охир, намеоӣ ягон бор аз дарам?
Дар тамоми шеърҳои ман фақат илҳоми туст,
Баски ҳар бори нигоҳат сатри нав дар дафтарам.

Менишинам бо хаёлат дар сари столи кор,
То ғаму шодии дилро бар рухи дафтар занам…
Гар набинам аз ту лутфе, ку маро он иқтидор?
То ба кай аз бебарорӣ дастро бар сар занам?


***

Ба рӯи дафтари ман чашми ту назар андохт,
Ба он назаргаҳи ту хома зуд сар андохт.
Нигоҳ кардаму дидам. Навишта номи туро,
Чӣ кори хома буд ин?.. Бар дилам шарар андохт.
Ба гӯш хандаат омад, биханд, эй гули ман,
Ки лола доғ зи танҳоӣ дар ҷигар андохт.
Кунун ту омадӣ, охир гузашт танҳоӣ,
Азоби хотири ман хешро бар ҷар андохт.
Набуд дар дили ман то кунун ба ҷуз ғами ту…
Гурез, ғусса!
Ниҳоли вафо самар андохт.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »