ОВОЗИ РУБОБ
Шунидам ин саҳар аз дур овози рубобатро,
Навои дилрабои рӯҳпардози рубобатро.
Дили ман мехурӯшиду мисоли чашма меҷӯшид,
Ки доруи дилу ҷон гуфтаам сози рубобатро.
Зи ҳар як нағмаи он рангубӯи сад чаман бинам,
Ба ҳар тораш суруди водию кӯҳу даман бинам.
Барад чашми хаёлам: ҳар канори ин Ватан бинам,
Шавам ман садқа савти дурпарвози рубобатро.
Навоз, эй ҷон, рубобатро, ки ман сар то ба по гӯшам,
Ҷаҳони ишқ ояд аз садои он дар оғӯшам.
Чу нохун мезанӣ онро, мисоли санг хомӯшам,
Ки ман ҳам то бифаҳмам чун худат рози рубобатро!