Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

БО ШУМО ҲУШУ ХАЁЛАМ БАНД АСТ




Фикри бисёр бувад дар сари ман,
Лек холист чаро дафтари ман?
Фикр бисёру маҳорат бошад,
Ки ду сатре шунавад дилбари ман…
Бо шумо ҳушу хаёлам банд аст –
Духтарони сараи кишвари ман!
Ана, ин аст, ки дафтар холӣ,
Ана, ин аст, ки ғам дар бари ман.
Номатон дар варақи даврон аст,
Меҳратон шодию болу пари ман.
Коратон хубу дилам хурсанд аст,
Бо шумо ҳушу хаёлам банд аст.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »