АШКИ ХУД ПОК НАМО
Нигаред, он қаду қомат чӣ қадар мавзун аст,
Баҳри он қомати зебо дили ман маҷнун аст.
Лек меҳраш бисупурдаст ба ҷои дигаре,
Дили дилдодаи он ҷои дигар маскун аст.
Ба сари хам, ана, бинед, ки раҳ мепояд,
Дар дилаш ҳаст умеде, ки нигораш ояд.
Соати дасти вай аз чист, ки мегардад суст,
Зери мошина қариб аст варо партояд.
Оҳ, дар дидаи ӯ ашк ба гардиш омад,
Дили ман дида чунин ҳол, ба ташвиш омад.
Охир, аз як тараф он кас, ки умеди вай буд,
Бо яке духтари дилхостаи хеш омад…
Ҳой духтар! Гули шоистаи боғи Ватанам,
Ашки худ пок намо, ошиқи арзанда манам!..
… Нигаред, он қаду қомат чӣ қадар мавзун аст,
Ҷуръатам нест, ки наздаш биравам, ҳарф занам.