Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

РӮЗ ШИТОБЕ ДОРАД



Роҳе, ки нарӯфта буд, рӯфтанд ҳама,
Дар зиндагию ҳаёт ҷуфтанд ҳама.
Оё дили носуфтаи ту суфта нашуд,
Чун рози дилам назди ту гуфтанд ҳама?

Хоҳам, ки ту аз мақсадам огоҳ шавӣ,
Бо ман ба раҳи ҳаёт ҳамроҳ шавӣ.
Рӯзона бароям офтобе бошӣ,
Шабҳо бари ман нишаставу моҳ шавӣ.

Ҳар баҳсу савол як ҷавобе дорад,
Танҳоӣ ҳам, эй ёр, ҳисобе дорад.
Ҳатто ба замин ҳамраҳи сунъӣ доданд,
Таъхир накун,рӯз шитобе дорад!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »