НАСИМИ КӮҲ ОМАД, БӮЯТ ОМАД…
Насими кӯҳ омад, бӯят омад,
Тану ҷонам гирифт аз он басо рӯҳ.
Баромад офтоб аз қуллаи кӯҳ –
Ба пеши чашмам акси рӯят омад.
Расид овози Душанбе ба гӯшам,
Ки мавҷи хандаат аз он шунидам.
Худатро бо нигоҳи фикр дидам,
Ки ман донам, ба наздат рафт ҳушам.
Ман аз ҳар кӯчаи чун боғ обод
Гузаштам бо қадамҳои хаёлам.
Туро ҷустам, туро, соҳибҷамолам,
Хаёлам ногаҳон аз по бияфтод.
Бубинам, ки худи ман дур ҳастам,
Аз ин рӯ андаке ранҷур бошам.
Қасам, гар аз ту бо дил дур бошам!
Ба сабру тоқате маҷбур ҳастам.
Ба пеши чашмам акси рӯят омад, –
Баромад офтоб аз қуллаи кӯҳ.
Тану ҷонам гирифт, оре, басо рӯҳ…
Насими кӯҳ омад, бӯят омад.