Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ТАРОНАИ ҶАВОНӢ



Шодем аз ин ҳаёти хуррам,
Айёми базеб.
Хушбахт дар ин замона одам,
Ҳай бахти наҷиб!

Болем зи кори қаҳрамонон –
Мардони далер.
Иқбол бидод баҳри инсон
Ленини кабир.

Баҳри зафар асту қаҳрамонӣ
Ҳар кӯшиши мо.
Осоиши халқу навҷавонӣ –
Ин хоҳиши мо.

Дар арсаи корҳои далерӣ
Зебову накӯст,
Шоир бинавишта боз шеъре
Аз баҳри ту, дӯст!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »