ДИЛО, БА ЧАШМИ ХИРАД БИН!
Баҳор дар сари роҳу баҳор дар лаби ҷӯй,
Ки боди субҳ ба васфаш тарона мехонад.
Ба ҳар тараф гули боғию сабзаи худрӯй
Ба ҳусну ишваю оро – арӯсро монад.
Чунон арӯси латифе, ба шабнами саҳарӣ
Зи гарду хок рухашро бо меҳр мешӯяд.
Дило, ба чашми хирад бин, чу аз бараш гузарӣ,
Ки бо чӣ шавқ насимаш навозаду бӯяд?
Арӯси сол – баҳори саодату шодӣ,
Сафои ҳар дили ошуфта аз ту мебошад.
Дари ҷаҳони муҳаббат ба рӯт бикшодӣ,
Ки шӯълаҳои назокат ба ҳар тараф пошад.
Биё, биё, шарафи ишқи ман, насими саҳар,
Биёр накҳати садбаргу лолаи худрӯй!
Зи боғу кишти диёри азизи мо бигзар,
Баҳор дар сари роҳу баҳор дар лаби ҷӯй.