БАРГ
Навдаҳо якбора барг андохтанд,
Буд айёми баҳор.
Обҳо ба ҷӯчаҳо метохтанд
Сӯи боғу киштзор.
Субҳдам ояд шамоле аз дара,
Аз дилу аз ҷони кӯҳ.
Кӯҳсори ин Ватан хушманзара,
Доманаш гулзор, гулзори сара.
Кӯҳсори пуршукӯҳ…
Рафт тобистону омад тирамоҳ,
Мекунам андешае.
Мевазад боде зи як хамгашти роҳ,
Роҳ не, аз бешае.
Бешае, ки ҷои сайру гашт буд,
Ҷой сари одамон.
Аз паси он сабзу хуррам дашт буд,
Ки надида ҳеҷ гаҳ рӯи хазон.
Шеъри ман дар васфи он.
Дер омад, лек омад тирамоҳ,
Баргҳо мерехтанд.
Аз шамолаш баргу чанги рӯи роҳ
Зуд меомехтанд…
Ман намехоҳам, ки аз боғи ҳаёт,
Аз ниҳоли умри ман,
Рӯи роҳ афтад ягон барге зи бод.
Баски дар дил ҳаст меҳру ҳиссиёт,
Ҳаст, бо номи Ватан!