Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

КИШВАРИ БОҒУ БАҲОР



Украина!
Украина, сарзамини номдор,
Украина!
Украина, кишвари боғу баҳор.
Мо дар оғӯши ту меҳмонем, соҳибхонаем,
Бишнав аз ҷону дили моён суруди кӯҳсор.
Кӯҳҳои мо баланду хоки ту паҳновар аст,
Хоҳарию Тоҷикистон аз бароят додар аст.
Аз Душанбе то Днепр сад салому эҳтиром,
Ҳардуи ин рӯд, гӯё, паҳлӯи ҳамдигар аст.
Ман туро дар сина гунҷондам ба сад меҳру ҳавас,
Бе тую бе Тоҷикистон ман намегирам нафас.
Украина!
Украина, Рӯдакиро гӯш кун,
Мерасад бар гӯши тоҷик ҳар дам овози Тарас.
Шаҳри Душанбе ба Киеви ту мегӯяд паём,
Ҷовидонӣ зинда бошу бош доим некном.
Қуллаҳои Помири мо – қуллаи Боми Ҷаҳон,
Мефиристонанд бар дашти самарбахшат салом!


ш. Киев.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »