Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ҚАДАҲ



Хабар зи омадани ёру дӯстон ояд,
Ба пешвоз бароянд ҳам ҷавон, ҳам пир.
Ба шавқ омада гул ҳам ба боғ бикшояд,
Магар хитоб намояд: "Маро ту ҳамраҳ гир!"

Ба меҳр аз ҳама гулҳои дар чаман раста
Бнчинаму ба сари роҳи дӯст биншинам.
Аён шавад ба назар, дода зуд гулдаста,
Тамоми шодии дилро зи чашми ӯ бинам.

Ба рангу бӯи ба худ хос ҳар гуле машҳур,
Ягона бӯй диҳад, чун ба дастае банданд.
Ҳамин стол, ки гирдаш зи наздику аз дур
Нишастаем,
Ба он дастаи гуле монанд.

Зи ҳар диёру зи ҳар халқ як намоянда,
Ки расму одати хосест ҳар яки моро.
Вале бародарию дӯстии поянда
Намудааст ба меҳри ягонае доро.

Ҳама ба баҳри ҳаёти ягона меҷӯшем,
Зи мо баҳори ҳақиқӣ расад ба дашту чӯл...
Канӣ, бародару ёру рафиқ, менӯшем, –
Барои бӯи ягона, барои дастаи гул!
***


Ҳаваси сайри боғ мекардам,
Бӯи гул бар димоғи ман омад.
Шамъи рӯе суроғ мекардам,
Ки зи дар он чароғи ман омад.

Хостам тирамоҳро бинам,
Ки зимистон надошт тоқату сабр,
Хостам нури моҳро бинам,
Пора шуд дар баҳор синаи абр.

Тирамоҳ аст ё зимистон аст,
Ё ки фасли накӯи тобистон,
Раҳашон аз дили баҳорон аст,
Нашъаи навбаҳор садчандон!..

Гар дар оғӯши ин диёри мананд,
Ҳамаи фаслҳо баҳори мананд!
Ноябри 1961, ш. Москва




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »