Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ЯК МАСЛИҲАТ



Дирӯз ба ман оҳ кашидию бигуфтӣ:
"Доно шуда маъшуқаю ҷонам дар азоб аст!"
Оре, шуда доно ҳама имрӯз… Чӣ гуфтӣ?..
Дар зери каши кӯдаки навраста китоб аст.

Шаб нолаву рӯзона шикоят зи ғами дил,
Абрӯи ту пайваста гиреҳ асту гиреҳ аст…
Як маслиҳат, эй дӯст, биёмӯз ту ҳам илм,
Бо илму ҳунар зистани мову ту беҳ аст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »