РОҲҲО БИСЁР...
Хостам бошам даме, танҳо даме ҳамрозатон,
Бо ҳамин мақсад шуморо берун аз ҳад кофтам.
Аз яке тиреза бар гӯшам расид овозатон,
Оқибат, аз ин макони бошарофат ёфтам.
Давлатам, бедориам, хобу хаёлам – ошиқист,
Фикри ман васли шумою давлатам – дидоратон.
Бе шумо дар синаи ман шодие, зинҳор, нест,
Шодиам вобаста бо лаъли шакаргуфторатон.
Роҳҳо бисёр дар ин шаҳри зебо, ҷони ман,
Аз кадомаш сар дарорам – мебарад сӯи шумо.
Бишкуфанд аз ҳад фузун гулҳои раъно дар чаман
Ман ҳамонашро писандам, ки диҳад бӯи шумо.
Роҳҳо бисёр, оре... Ман якеро хостам,
Хостам онро, ки моро сӯи мақсад мебарад.
Ғунчаҳо бисёр дар гулшан, якеро хостам,
Хостам онро – зи бӯяш ҷон ҳаловат мебарад.
Марҳамат, дасти шумову дасти ман, рафтем пеш,
Қуллаи иқбол моро интизорӣ мекунад.
Ман на як дам, мешавам ҳамрозатон як умри хеш,
Ошиқонро давраи нав ғамгусорӣ мекунад!