ФАҚАТ ЯК ДИЛ ДАРУНИ СИНА ДОРАМ
Чунон ҳам духтарон бисёр ҳастанд,
Ҳама зебову гулрухсор ҳастанд.
Ба вақти сӯҳбат онҳоро бубинӣ,
Шакарлафзу шакаргуфтор ҳастанд.
Қадам монанд аз ҳар кӯчабоғе,
Зананд, албатта, бар ҳар сина доғе.
Чунон доғе, ки номаш доғи ишқ аст...
Зн рӯшон хира монад ҳар чароғе.
Сабо аз мӯяшон гар бӯ ситонад,
Дигар дар боғу гулшанҳо намонад.
Раҳи саҳро, сари дастгоҳ гирад,
Ки ҷои роҳат он ҷоро бидонад...
Ба ҳар як духтаре афтад нигоҳам,
Намебинам дигар ман пеши роҳам.
Ҳазорон бор пеши пой хурдам,
Бувад дил бохтан, охир, гуноҳам.
Баранд аз дил ҳама сабру қарорам,
Зи рӯи ҳар яке бинам баҳорам.
Чунон ҳам духтарон бисёр, афсӯс,
Фақат як дил даруни сина дорам!