МУБОРАК, ДӮСТ!
Раҳ кушоед, соли шаст омад,
Нақшаи корҳо ба даст омад!
Дуйӯмин соли Ҳафтсолаи мо
Сар бишуд дӯстон, хабар доред.
Шасти меҳнат фузуда дар ҳама ҷо,
Зафари нав ба нав ба даст оред!
Соли панҷоҳу нӯҳ амал карда,
Парда аз рӯи Моҳ дур афканд.
Дили моро ба ҷӯш оварда,
Шӯҳрати илмро бибурд баланд.
Байрақи Сурхи давлати ҷонон
Дар худи боми Моҳ истодаст.
Ин нишонест – Маскави пуршон
Доди техникаро аҷаб додаст!
Раҳ кушоед! Соли шаст омад,
Нақшаҳои азим дар кафи ӯст.
Соли шаст ин қадар башаст омад,
Боз фатҳу зафар! Муборак, дӯст!
***
Ман солдати қатории як давлати азим,
Давлат аз они ман буваду ман аз они вай.
Меҳраш ба ҷону пайкарам сокин бишуд муқим,
Зеро ки гашта ҷони ман пайванди ҷони вай.
Ҳар гоҳ тири ғуссае манро ҳадаф кунад –
Ин давлати азим гардад баҳри ман сипар.
Ҳар гоҳ даъват он маро бар сӯи саф кунад,
Бо сар битозаму кунам дар арсаҳо зафар.
Дар сатрҳои суфтаву носуфта, дӯстон,
Хуни дил асту ин ҳама бо меҳри манзил аст.
Имрӯз дашту воҳаҳо гардида бӯстон,
К-аз зӯри бозуҳои мову қуввати дил аст.
Дар мактаби ҳаёт, ки хонандаем мо,
Гаштаст қадри одамӣ аз баҳри мо зиёд.
Аз розҳои ноаён донандаем мо,
Ин давлати азим зӯру иқтидор дод.
Ман солдати қатории як давлати азим,
Давлат аз они ман буваду ман аз они вай.
Меҳраш ба ҷону пайкарам сокин бишуд муқим,
Зеро ки гашта ҷони ман пайванди ҷони вай!