Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

ТУ ҲАМ АТЛАС БИПӮШ!



Дастҳаи маҳкаму меҳнатшиор,
Риштаи абрешиминро тофтанд.
Пас, барои духтарони ин диёр
Бо камоли меҳр атлас бофтанд.

Аз хиёбон ё ки аз атрофҳо
Духтаре пӯшида атлас бигзарад,
Офарин гӯям ба атласбофҳо,
Санъати онҳо диламро мебарад.

Меҳрубони ман, ту ҳам атлас бипӯш,
То гиреҳи синаи ман во шавад.
То дилам ояд ба туғёну хурӯш,
Шодию илҳом беҳамто шавад.

Дар шиои офтоб аз нури он
Нур ояд, нур дар чашмони ман.
Бар замин ин илтимосамро намон,
Куртаи атлас бипӯш, эй ҷони ман!

Ин матои пурбаҳоро хоста
Қомати ту, қомати зебои ту,
Бинамат дар ин либос ороста,
Ҷони худ резам ба пеши пои ту.

Духтарони нозанину номдор
Риштаи абрешиминро тофтанд.
Ҳар нахашро карда аз меҳри диёр,
Атласи қиматбаҳое бофтанд!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »