Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Тори илҳом -

КИЕВ



Киев, эй шаҳри дилкашу хушбаҳр,
Ба ту ҷо додам аз дили хурдам.
Бо муҳаббат ба ту, фурӯзоншаҳр,
Пойдории кӯҳ биспурдам.

Шаҳрҳои зиёдро дидам,
Ман надидам вале назири ту.
Ростӣ, ростӣ, нафаҳмидам
Чун шудам ногаҳон асири ту.

Ман асирам ба ҳар хиёбонат,
Ки ҳама чун арӯс хушрӯянд.
Ман асирам ба боғу майдонат,
Ки бурун аз ҳисоб дилҷӯянд.

Шӯҳрати дерини ту бишнида,
Доштам фикри диданат кайҳост.
Дидамат,
Дидамат…
Туро дида,
Аз дили ман таронаҳо бархост.
Паҳлавонмардию Днепри азим
Дар миёни ту чун камарбанд аст.
Ҷовиду зинда бош, шаҳри қадим,
Халқи ту
Халқи ту зафарманд аст!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »