ИДИ ОЗОДИЮ КАШФИ КОИНОТ
Боз дастурхони навро боз кун,
Нозу неъматҳои идӣ соз кун.
Дӯстони хешро даъват намо,
Достони фатҳро оғоз кун.
Ид омад, иди эъҷози ҳаёт,
Ҳаст дар дилҳо ҳазорон ҳиссиёт.
Ид омад, дар ҳамини рӯзи саид
Мардуми мо ёфт аз кулфат наҷот.
Дафтари таърихи даврон сар ба сар
Пур шуд аз авсофи халқи номвар.
Менависад хомаи эҷодкор
Ҳар варақ, ҳар бобро бо хатти зар.
Байни халқ афсонаҳо бисёр буд,
Ҳар кадоме орзуе месуруд.
Орзуе месуруду дар амал
Рӯзгор ашке бар ашке мефузуд.
Дар дили занҳо ҳазорон дард буд,
Ихтиёри зан ба дасти мард буд.
Вай ҳуқуқи дидани олам надошт,
Эътирозаш – дуди оҳи сард буд.
Ҳоли мардон ҳам набуд беҳтар аз ин:
Талхкому хаставу андӯҳгин…
Он бинои зулму зиллатро бисӯхт
Интиқому инқилоби оташин!
Ид омад, иди эъҷози ҳаёт,
Иди озодию кашфи коинот.
Марду зан дар зиндагӣ ҳамрадиф,
Мезанад фаввора аз дил ҳиссиёт.
Ҳар нафас ҳарфи садоқат бишнавӣ,
Аз зафарҳо шоду хуррам мешавӣ.
Гар ҳаёти хуб дар афсона буд,
Ин ҳаёти мо – худаш афсонавӣ.
Сӯи он духтар нигар, касбаш накӯст,
Пешсаф дар меҳнати мардона ӯст.
Дар машини пахтачинӣ ӯ савор,
Пахта механдад ба истиқболи дӯст.
Духтарону навҷавонони далер,
Он яке деҳқону дигар инженер,
Саввумӣ бо санъаташ овозадор –
Ин ҳама аз файзи Октябри Кабир!
Ид омад, иди эъҷози ҳаёт,
Иди озодию кашфи коинот.
Ид омад, дар ҳамин рӯзи саид
Мардуми мо ёфт аз кулфат наҷот.
Боз дастурхони навро боз кун,
Пардаҳои тори дилро соз кун.
Дӯстони хешро даъват намо,
Достони фатҳро оғоз кун!