Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

СУРУДИ РЕЗАБОРОН!



Суруди ошиқони резаборон
Шуда ҳусну сафои навбаҳорон.
Баҳорони муроду мақсади нек
Шукуфон бод дар гулзори тоҷик!

Ҳай лола, лола, лола,
Ҳуснест дар пиёла.
Ҳуснест дар пиёла
Меҳри ҳазорсола.

Ба рухсорат гули кӯҳсор хандад,
Ба чашмонат нигоҳи ёр хандад.
Ту садбарги диёри тоҷиконӣ,
Ки аз ҳуснат ҷаҳони кор хандад!

Ҳай лола, лола, лола,
Ҳуснест дар пиёла.
Ҳуснест дар пиёла
Меҳри ҳазорсола!

Муборак бод рӯзи некат, эй гул,
Ҷаҳони дурату наздикат, эй гул!
Дили худро бароят лолае сохт
Ҷавони навхати тоҷикат, эй гул!

Ҳай лола, лола, лола,
Ҳуснест дар пиёла.
Ҳуснест дар пиёла
Меҳри ҳазорсола!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »