Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

САҲАРИ ШАҲРИ АЗИЗАМ



Дили шаб пора шуду субҳ дамидан дорад,
Боди хушбӯй зи кӯҳсор вазидан дорад,
Як ҷаҳон шавқу суруре ба дили ман дорад
Саҳари шаҳри азизам –
Саҳари Душанбе.

Дӯстон, ин саҳари дилкаши ошиқбоб аст,
Чун насими хуши он аз дараи Варзоб аст.
Он қадар поку тамиз аст, баобутоб аст
Саҳари шаҳри азизам,
Саҳари Душанбе.

Гузарам бо дили пурмеҳр зи ҳар растаи шаҳр,
Назар афканда ба ҳар хонаи орастаи шаҳр.
Беназир аст барои мани дилбастаи шаҳр –
Саҳари шаҳри азизам,
Саҳари Душанбе.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »