Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТАРОНАИ ЗАНОН



Мо занони соҳиби давру замон,
Дар сари мо фикри фардои ҷаҳон,
Сулҳу амният бимонад ҷовидон,
Ханда бошад дар лабони кӯдакон.

Дар дили мо меҳри поки модарист,
Қуввае аз меҳри модар зӯр нест!

Мо барои бахти тифлон зиндаем,
Дар вафою аҳду паймон зиндаем,
Дар шукӯҳи боғу майдон зиндаем,
Бо суруди рӯзгорон зиндаем.

Дар дили мо меҳри поки модарист,
Қуввае аз меҳри модар зӯр нест.

Баччаҳомон хондаву доно шаванд,
Шӯҳратафзои ҷаҳони мо шаванд,
Хушпару дурбин уқобосо шаванд,
Беамон бар душманон ҳар ҷо шаванд.

Дар дили мо меҳри поки модарист,
Қуввае аз меҳри модар зӯр нест!

Мо занони соҳиби давру замон,
Дар сари мо фикри фардои ҷаҳон.
Сулҳу амният бимонад ҷовидон, –
Ханда бошад дар лабони кӯдакон.

Дар дили мо меҳри поки модарист,
Қуввае аз меҳри модар зӯр нест!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »