Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

МАДҲИЯ БАР ЗАНИ ТОҶИК



Саломат буданатро, эй зани тоҷик, хоҳонем,
Ки бахту шӯҳрати ҳар марди тоҷик аз ту мебошад.
Тамоми ҳусну файзи хоки худро аз ту медонем,
Суруди шоирони нуктаборик аз ту мебошад.

Сарат имрӯз ҳамчун қуллаи Помир боло шуд,
Ки бар ту кишвару халқат чунин имкониятро дод.
Зи лутфи халқҳои дӯст мулки ту тавоно шуд,
Ҳаётат баршукуфт аз толеи некат, ҳалолат бод:

Туро бинем дар ҳар ҷабҳа, дар ҳар кор, дар ҳар дил,
Муроду муддаои туст истиқболи ҳар миллат.
Зани тоҷик, устодӣ ба ҳар як соҳаи мушкил,
Фақат хоҳӣ, ки бошад ҳосили ҳар кор беиллат.

Агар аз пахтазорон пахта рӯёнӣ, аҷаб зебост,
Агар аз кӯҳсорон ганҷ бардорӣ, аҷаб олист.
Агар аз дарсомӯзии ту гӯем мо, аълост,
Ҳунармандии ту дар соҳаи илму адаб олист.

Туро дар коргоҳи рӯзгор оина мебинем,
Вале ҳаргиз намехоҳем дар рӯят ғубореро.
Туро бо кӯдаки навзод мо бекина мебинем,
Ки дар он ҳол ҳусне оварӣ садҳо баҳореро.

Ба васфат ҳозиру нозирҳо ҳарф он қадар гуфтанд,
Ки онро гирд орӣ – дар китобистон намеғунҷад.
Зи фарзандони ту дар ҳар замину ҳар макон хуфтанд,
Ғами онҳо ба ҷисми зиндаи моён намеғунҷад.

Ту вақте торҳои умри инсонро ҳамебофӣ, –
Ҳазорон бор меафтию садҳо бор мехезӣ.
Зани тоҷик, ҳайрон мондаам, ин кадр шаффофӣ,
Ки ашки меҳр андар пои фарзандони худ резӣ.

Бале, бе об аз хоке гиёҳе барнамеояд,
Бузургон ҳам бигӯянд аз ҳақиқат: Обу ободӣ.
Барои рустани ҳар зиндаҷоне об мебояд,
Ту дар ин роҳ – ашки хешро "тӯёна" медодӣ.

Ниҳолон, навниҳолоне, ки мерӯянд андар боғ,
Ба меҳри боғбони кӯҳдил қомат барафрозанд.
Набинӣ ту, зани тоҷик, ҳаргиз ғусса, дарду доғ,
Ниҳолон ҳам зи фарзанди накӯноми ту менозанд.

Ту дар ҳар соҳаи кори заминӣ нусрат овардӣ,
Фалакро низ тасхир карданат дар амри даврон аст.
Ба амри меҳр номат то Сурайё ҳам баровардӣ,
Ки назди халқ ҳар кори наҷибат – ?арзи виҷдон аст.

Агар аз пахтазорон пахта рӯёнӣ – аҷаб зебост,
Агар аз кӯҳсорон ганҷ бардорӣ – аҷаб олист.
Шифо оварданат бар дардманди зиндагӣ – аълост,
Ҳунармандии ту дар соҳаи илму адаб олист.

Тамоми ин суханҳо дил фурӯзонад, зани тоҷик,
Ба замми коруборат – мекунӣ авлод тарбият.
Салому эҳтиром оварда бар ту, мекунам табрик,
Худат ҳастӣ сазовори ҳазорон бор таҳният.

Барои наслу авлоди навин гулдаста мебандем,
Барои модарон боғу баҳористон ҳамебахшем.
Зи роҳи аввалини кӯдаки навзод механдем,
Ки дар оянда то аз ҳастии авлодҳо рахшем...

Саломат буданатро, эй зани тоҷик, хоҳонам,
Ки бахту шӯҳрати ҳар марди тоҷик аз ту мебошад.
Тамоми ҳусну файзи хоки худро аз ту медонам,
Суруди шоирони нуктаборик аз ту мебошад.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »