Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

РӮДАКӢ ДАР МОСКВА

Моҳи июни соли 1973 театри ба номи Лоҳутӣ дар саҳнаи Театри Хурди СССР намоишномаи "Рӯдакӣ"-ро манзури тамошобинони Москва намуд. Нақши Рӯдак


Шаҳри Маскав ситораборон аст,
Растаҳояш базеб, нур-афшон.
Шаби дилкаш ба роздорон аст, –
Шаби меҳру садоқату паймон.

Дар чунин як шаби бафайзу банур
Буд ҳангома дар Театри Хурд.
Саҳнаи он театри машҳур –
Рӯдакӣ гул ба дасти ёр супурд.

Рудакӣ – ифтихори тоҷикон
Асри даҳро ба асри бист овард.
Дар шуои ситораи тобон
Рози айёми хеш ифшо кард.

Лаб кушод аз муҳаббати ҷовид,
Ки ба ҳар аср офтоб шуда.
Дар замонаш чӣ рӯзҳое дид,
Умр аммо ҳама ҳисоб шуда.

Қиммати шоири чаҳонтасхир
Оқибат як асову анбон шуд.
Ҳиммати хонадони шоҳу вазир
Мил кашидан ба чашми рахшон шуд.

Ронда гардид шоир аз дарбор,
Халқаш ӯро ба тахти меҳр нишонд.
Буд вай халқу халқи миннатдор
Рӯи гаҳвораи сипеҳр нишонд.

Вай ба ҳар кунҷи даҳр метобад,
Баски халқ инчунин баландӣ дод.
Зодгоҳаш шукӯҳ меёбад,
Ибтидои муҳаббати устод.

...Шаби Маскав ситораборон аст,
Ҳаст ҳангома дар Театри Хурд.
Ин шаби хуррами баҳорон аст,
Рӯдакӣ гул ба дасти ёр супурд.

Мебарояд ба раставу майдон,
Мегузорад қадам тавонотар.
Рӯдакӣ – аз диёри тоҷикон
Меҳмон шуд ба шаҳри бахти башар.

Мардуми рус ба шоири тоҷик
Эҳтироми зиёд зоҳир кард.
Мардуми рус ба шоири тоҷик
Дастагулҳо зи боғи меҳр овард.

Дастагул дар бағал, қадам монад
Рӯдакӣ байни растаи Маскав.
Зери лаб, гӯӣ, шеър мехонад
Вай ба шаъни ҳамин замонаи нав...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »