Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

АГАР ЗАН НЕСТ...



Аҷоиб сол омад... Пок омад,
Саодатбахшу нусратнок омад.
Ҷаҳон "Соли занон" бинмуд эълон,
Ки он хуррамдилу бебок омад.

Ба ҳар кишвар сафар кардем, – Зан буд,
Даруни дил дил овардем – Зан буд.
Ҳавои кӯҳсорон беғубор аст,
Ки ҳар ҷо ишқ парвардем, – Зан буд.

Агар Зан нест – одам нест, гуфтем,
Агар Зан нест – олам нест, гуфтем.
Замину осмон гаҳвораи ӯст,
Хаёлаш гар бувад – ғам нест, гуфтем.

Муроду муддао дорем, шодем,
Ба ҳар водӣ чу гул корем, шодем.
Вале гулдаста бандем аз гули Вахш,
Ки назди модарон орем, шодем.

Аҷоиб сол омад, пок омад,
Ба ҳар як хонадон бебок омад.
Худои ҳар як инсон – Модар, ин сол
Фараҳбахшанда, нусратнок омад.

Агар Зан нест – олам нест,
Агар Зан нест – одам нест.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »