НАМОИШИ ШАШУМ
Хонаи Ҳилол. Як қисми хонаи дарун ҳам намоён аст. Ин хонаҳо ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар деворҳо сурат – манзараҳои ҷудогонаи вақти бозии Ҳилолро овехтаанд. Аз хонаи дарун як гӯшаи кати кӯдакона намудор аст, ки Хилол дар сари он нишаста, бо оҳанги маъюс алла мехонад.
Нури чашмонам, алла,
Бахти тобонам, алла,
Руҳи равонам, алла,
Дардат ба ҷонам, алла…
Алла, алла.
Хобида ҳама яксар,
Эй маҳи шаби модар!
Маҳкам кун чашмат зудтар,
Ишқам, ҷаҳонам, алла.
Алла, алла.
Як дами хурсандам ту,
Риштаи пайвандам ту,
Толеи баландам ту!
Эй меҳрубонам, алла.
Алла, алла!
Ғарқи хаёл аз ҷо мехезад, назди тиреза меравад. Дар берун моҳтобшаб.
Надорад ин азобам ҳеҷ поён,
Ки бо ашкам зи дил онро бишӯям.
Сари сахтам, дили тангам, мадад кун,
Биханд, эй як дами берашк, сӯям!
Чаро дил бохтам, шавҳар намудам,
Насибамро зи ғурбат офариданд?
Агар бар актриса дил набошад,
Чаро ишқу муҳаббат офариданд?!
Гузашт аз байн аз нав даҳ шабу рӯз,
Ки Дилшодам намеояд ба хона.
Ба покии дили ман шубҳа дорад,
Муҷаррад Масрур – ин бар вай баҳона.
Ягона кӯдаки мо ёд кардаст,
Ду-се рӯз аст, дидори падарро.
Намедонам, дилаш аз санг бошад,
Падар пазмон нашуд оё писарро?
…Намехоҳад дадоят, эй гули ман,
Ки бошад аҳли санъат модари ту.
Худаш санъатшиносу шарт монда
Бирафт аз хонаи мо, аз бари ту…
Миёни обу оташ мондаам ман,
Ту хурдиву чӣ донӣ аз азобам.
Барои ту – намехоҳам ҷудоӣ,
Вале аз санъатам ҳам рӯ натобам!
(Аз тиреза ба моҳ менигарад)
Ту, эй соҳибҷамол, эй моҳи тобон,
Зиҳӣ, олам дар оғӯши ту имшаб.
Суруди кӯҳу дарё, дашту водӣ,
Ҳаловатбахш дар гӯши ту имшаб.
Раҳи ту ҷониби рӯз аст, эй моҳ,
Ба зери нағмаҳои шаб равонӣ…
(Месарояд)
Аё, эй моҳ, эй сайёҳи олам,
Ту бори ғам кашидан метавонӣ?
Ту, охир, дил надорӣ!.. Ё ки дорӣ?
Чаро механдӣ аз ин ҳарф ҳозир?
Дилат бошад ҳам – ишқат нест мумкин,
Ғами дил меваи ишқ аст, охир!
(Дар тақ-тақ мешавад)
Магар омад? Дар ин бевақтии шаб?
Худаш омад зи шарташ гашта? Некӯст.
Каси дигар? Дар ин бевақтӣ? Не, не…
Худаш омад… Садои тақ-тақи ӯст!
Хушҳолона дарро мекушояд. Масрур медарояд. Ҳилол шах шуда мемонад.
Набудӣ интизори ман… Маро бахш,
Агар ин ҷуръатам бошад гуноҳе.
Шаби маҳтоб, мегаштам ба ёдат,
Назар кардам – туро дидам, на, моҳе.
Пас аз он ҷуръате пайдо намуда,
Даратро кӯфтам, эй бахт, эй моҳ!
Зи наздат шавҳарат ҳам рафт, охир,
Биё, мо зиндагӣ созем ҳамроҳ!
Тую санъат – мисоли нохуну гӯшт,
Маҳол иҷрои шарти шавҳарат, дон.
Намеояд… Аҷаб не, зан бигирад,
Ту аз ишқи дили ман рӯ нагардон!
Ҳамчун соҳиби хона гузашта ба диван менишинад. Ҳилол ба худ меояд.
Баро! аз дар! Нашин, нохонда меҳмон!
Туро чист аз ғами танҳоийи ман?
Марон аз дар, қабул кун хоҳишамро,
Тараҳҳум кун ба саргардонии ман.
Ғами ту дар дили ман оташ андохт,
Ҳавои ту маро овора бинмуд.
Чаро дар роли ошиқ бозӣ кардам,
Ки он бозӣ диламро пора бинмуд?
Барои ту шудам аз хона ронда,
Барои ту зи модар дур рафтам.
Барои ту, барои ту, Ҳилолам,
Зи хешу ақрабо маҷбур рафтам…
Гапатро дон, Ҳилоли ту набудам
Тамоми умр… Эй Масрур, шарме.
Ҳаёту саҳнаро фарқе намо ту,
Нагирад ин дил аз меҳри ту гармӣ.
Баро аз хона, дарро аз пасат пӯш,
Ки ман онро на баҳри ту кушодам.
Тамоми умр ин дар баста монад
Ба рӯи ту! Бидон, ман қавл додам!
Ҳилол! Оё ман аз Дилшод кам, гӯ?
Замину осмон – фарқи ману ӯ.
Бале, дар ин сухан баҳсе надорам,
Фақат вай осмон асту замин – ту!
Чӣ гуфтӣ? Ин чӣ бешармию пастӣ?
Магар ман бо замин ҳастам баробар?
Магар ман шӯҳрати комил надорам?
Ту ин гапро бигӯ дар ҷои дигар!
Тамоми номи некат аз худи туст,
Накун тақсим бо ман шӯҳрататро!
(Бо киноя)
Ситоиш кун худатро, то тавонӣ,
Туӣ дар санъати тоҷик танҳо…
Дигарҳо роҳи санъатро кушоданд
Ва таҳкурсии санъатро ниҳоданд,
Туро омӯхтанд онҳо… Надонӣ,
Фақат худро шуморӣ осмонӣ,
Чунон афтӣ, ки…
Истеъдод дорам!
Худамро аз калонон кам шуморам?
Тамошобин туро аз саҳна дида,
Ба ту ихлос бандад, дӯст дорад.
Агар ҳамгап шавад шахсан, ба фикрам,
Туро нодонтарин одам шуморад.
"Худситоӣ далели нодонист,
Охири вай фақат пушаймонист!"
Ҳилол, охир, ба наздат омадам ман
На баҳри инчунин гапҳо шунидан.
Сабуктар кун ту дарди мушкиламро,
Қабул кун ишқи бебоки диламро!
Ту аз дил гап назан беҳуда, Масрур,
Фақат дорӣ ту онро дар тасаввур.
Малоҳат – хоҳари ту дар курорт аст,
Ба дилбардории вай хат намудӣ?
Каси дилдор – дилбардор бояд,
Ба назди модарат як маҳ набудӣ…
Дари дил баҳри ишқи туст баста!
Дарояд ишқи ман онро шикаста!
Ба хубӣ гуфтамат, зудтар баро, рав,
Вагарна дод мегӯям…
Азизам,
Накун овораам, розӣ бишав ту,
Агар не, то саҳар аз ҷо нахезам.
(Бо ғазаб дарро мекушояд)
Агар шарманда гаштанро нахоҳӣ,
Баро зудтар! Баро! Ин роҳ…
(Нигоҳи Ҳилол беруни дар меафтад)
Дилшод!?
Дилшод медарояд. Масрур саросема шуда мемонад.
(Бо тамасхур)
Магар ии хонаи ман саҳна будаст?
Музаффарро Санам даъват намудаст?
(Бо зорӣ)
Худаш омад, худаш…
Ман бегуноҳам,
Ту бошӣ, гуфтаму дарро кушодам.
Ба ман арзи муҳаббат менамояд,
Даруни дил ба ишқаш ҷо надодам…
Мана, боз аз худи вай пурс!..
(Ба Масрур)
Нокас!
Мунофиқ ҳам каме андеша дорад.
Гумон кардӣ, ки ин ҷо саҳна бошад?
Чӣ тадбирро раво бинам ба корат?
Барои ту мунофиқ кӣ?
Кӣ-гӯяк!
Фаровези даҳонро дор андак.
Мунофиқ ҳастию ҳам бетамизӣ…
Чӣ гап ин? Дуздию ҳам пешхезӣ?!
Чӣ мегӯӣ ба ман?..
Ман нағз дидам,
Туро чун пистаи бемағз дидам!
"Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз!"
(Худро дошта натавониста)
Агар сагро аҷал ояд, худи вай
Шитобон мерасад.. Ин сабр то кай?!
Аз замин стулро бардошта, ба сари Масрур фароварданӣ мешавад. Масрур бо як ҷаҳидан худро аз тиреза мепартояду мегурезад.
Чаро дарро кушодӣ?
Ман ту гуфтам,
Ба фикри он, ки меойӣ, нахуфтам.
Аз он дам, ки ту шарте монда рафтӣ,
Магар хоби маро парронда рафтӣ?..
Дар ин даҳ шаб, ки дар наздат набудам,
Магар ман бо худам осуда будам?
Суруди аллаатро ҳам шунидам,
Худатро аз паси тиреза дидам.
"Ғами дил меваи ишқ аст" гуфтӣ,
Ки ман ҳам дар чунин андеша ҳастамbr.
Дар ин даҳ шаб, дар ин даҳ шаб, ту донӣ,
Накардам мижжа таҳ, чашмам набастам.
Ба покии дилат бовар намудам,
Вагарна қотили ин саҳна будам.
Рав аз санъат, барои бахти фарзанд,
Ягон касби дигарро пеша бинмо.
Агар рафтӣ, наёзорам дигар ман
Сари мӯе… Худат андеша бинмо!
Чӣ хел? Осон магар дил гирӣ аз касб,
Аз ои касбе, ки бо ҷон дӯст дорӣ?
Намедонам. Вале шарти ман ин аст,
Худат бояд бароӣ ихтиёрӣ!
Оxири намоиши шашум
Ҳилол
Нури чашмонам, алла,
Бахти тобонам, алла,
Руҳи равонам, алла,
Дардат ба ҷонам, алла…
Алла, алла.
Хобида ҳама яксар,
Эй маҳи шаби модар!
Маҳкам кун чашмат зудтар,
Ишқам, ҷаҳонам, алла.
Алла, алла.
Як дами хурсандам ту,
Риштаи пайвандам ту,
Толеи баландам ту!
Эй меҳрубонам, алла.
Алла, алла!
Ғарқи хаёл аз ҷо мехезад, назди тиреза меравад. Дар берун моҳтобшаб.
Надорад ин азобам ҳеҷ поён,
Ки бо ашкам зи дил онро бишӯям.
Сари сахтам, дили тангам, мадад кун,
Биханд, эй як дами берашк, сӯям!
Чаро дил бохтам, шавҳар намудам,
Насибамро зи ғурбат офариданд?
Агар бар актриса дил набошад,
Чаро ишқу муҳаббат офариданд?!
Гузашт аз байн аз нав даҳ шабу рӯз,
Ки Дилшодам намеояд ба хона.
Ба покии дили ман шубҳа дорад,
Муҷаррад Масрур – ин бар вай баҳона.
Ягона кӯдаки мо ёд кардаст,
Ду-се рӯз аст, дидори падарро.
Намедонам, дилаш аз санг бошад,
Падар пазмон нашуд оё писарро?
…Намехоҳад дадоят, эй гули ман,
Ки бошад аҳли санъат модари ту.
Худаш санъатшиносу шарт монда
Бирафт аз хонаи мо, аз бари ту…
Миёни обу оташ мондаам ман,
Ту хурдиву чӣ донӣ аз азобам.
Барои ту – намехоҳам ҷудоӣ,
Вале аз санъатам ҳам рӯ натобам!
(Аз тиреза ба моҳ менигарад)
Ту, эй соҳибҷамол, эй моҳи тобон,
Зиҳӣ, олам дар оғӯши ту имшаб.
Суруди кӯҳу дарё, дашту водӣ,
Ҳаловатбахш дар гӯши ту имшаб.
Раҳи ту ҷониби рӯз аст, эй моҳ,
Ба зери нағмаҳои шаб равонӣ…
(Месарояд)
Аё, эй моҳ, эй сайёҳи олам,
Ту бори ғам кашидан метавонӣ?
Ту, охир, дил надорӣ!.. Ё ки дорӣ?
Чаро механдӣ аз ин ҳарф ҳозир?
Дилат бошад ҳам – ишқат нест мумкин,
Ғами дил меваи ишқ аст, охир!
(Дар тақ-тақ мешавад)
Магар омад? Дар ин бевақтии шаб?
Худаш омад зи шарташ гашта? Некӯст.
Каси дигар? Дар ин бевақтӣ? Не, не…
Худаш омад… Садои тақ-тақи ӯст!
Хушҳолона дарро мекушояд. Масрур медарояд. Ҳилол шах шуда мемонад.
Масрур
Набудӣ интизори ман… Маро бахш,
Агар ин ҷуръатам бошад гуноҳе.
Шаби маҳтоб, мегаштам ба ёдат,
Назар кардам – туро дидам, на, моҳе.
Пас аз он ҷуръате пайдо намуда,
Даратро кӯфтам, эй бахт, эй моҳ!
Зи наздат шавҳарат ҳам рафт, охир,
Биё, мо зиндагӣ созем ҳамроҳ!
Тую санъат – мисоли нохуну гӯшт,
Маҳол иҷрои шарти шавҳарат, дон.
Намеояд… Аҷаб не, зан бигирад,
Ту аз ишқи дили ман рӯ нагардон!
Ҳамчун соҳиби хона гузашта ба диван менишинад. Ҳилол ба худ меояд.
Ҳилол
Баро! аз дар! Нашин, нохонда меҳмон!
Туро чист аз ғами танҳоийи ман?
Масрур
Марон аз дар, қабул кун хоҳишамро,
Тараҳҳум кун ба саргардонии ман.
Ғами ту дар дили ман оташ андохт,
Ҳавои ту маро овора бинмуд.
Чаро дар роли ошиқ бозӣ кардам,
Ки он бозӣ диламро пора бинмуд?
Барои ту шудам аз хона ронда,
Барои ту зи модар дур рафтам.
Барои ту, барои ту, Ҳилолам,
Зи хешу ақрабо маҷбур рафтам…
Ҳилол
Гапатро дон, Ҳилоли ту набудам
Тамоми умр… Эй Масрур, шарме.
Ҳаёту саҳнаро фарқе намо ту,
Нагирад ин дил аз меҳри ту гармӣ.
Баро аз хона, дарро аз пасат пӯш,
Ки ман онро на баҳри ту кушодам.
Тамоми умр ин дар баста монад
Ба рӯи ту! Бидон, ман қавл додам!
Масрур
Ҳилол! Оё ман аз Дилшод кам, гӯ?
Замину осмон – фарқи ману ӯ.
Ҳилол
Бале, дар ин сухан баҳсе надорам,
Фақат вай осмон асту замин – ту!
Масрур
Чӣ гуфтӣ? Ин чӣ бешармию пастӣ?
Магар ман бо замин ҳастам баробар?
Магар ман шӯҳрати комил надорам?
Ҳилол
Ту ин гапро бигӯ дар ҷои дигар!
Тамоми номи некат аз худи туст,
Накун тақсим бо ман шӯҳрататро!
(Бо киноя)
Ситоиш кун худатро, то тавонӣ,
Туӣ дар санъати тоҷик танҳо…
Дигарҳо роҳи санъатро кушоданд
Ва таҳкурсии санъатро ниҳоданд,
Туро омӯхтанд онҳо… Надонӣ,
Фақат худро шуморӣ осмонӣ,
Чунон афтӣ, ки…
Масрур
Истеъдод дорам!
Худамро аз калонон кам шуморам?
Ҳилол
Тамошобин туро аз саҳна дида,
Ба ту ихлос бандад, дӯст дорад.
Агар ҳамгап шавад шахсан, ба фикрам,
Туро нодонтарин одам шуморад.
"Худситоӣ далели нодонист,
Охири вай фақат пушаймонист!"
Масрур
Ҳилол, охир, ба наздат омадам ман
На баҳри инчунин гапҳо шунидан.
Сабуктар кун ту дарди мушкиламро,
Қабул кун ишқи бебоки диламро!
Ҳилол
Ту аз дил гап назан беҳуда, Масрур,
Фақат дорӣ ту онро дар тасаввур.
Малоҳат – хоҳари ту дар курорт аст,
Ба дилбардории вай хат намудӣ?
Каси дилдор – дилбардор бояд,
Ба назди модарат як маҳ набудӣ…
Дари дил баҳри ишқи туст баста!
Масрур
Дарояд ишқи ман онро шикаста!
Ҳилол
Ба хубӣ гуфтамат, зудтар баро, рав,
Вагарна дод мегӯям…
Масрур
Азизам,
Накун овораам, розӣ бишав ту,
Агар не, то саҳар аз ҷо нахезам.
Ҳилол
(Бо ғазаб дарро мекушояд)
Агар шарманда гаштанро нахоҳӣ,
Баро зудтар! Баро! Ин роҳ…
(Нигоҳи Ҳилол беруни дар меафтад)
Дилшод!?
Дилшод медарояд. Масрур саросема шуда мемонад.
Дилшод
(Бо тамасхур)
Магар ии хонаи ман саҳна будаст?
Музаффарро Санам даъват намудаст?
Ҳилол
(Бо зорӣ)
Худаш омад, худаш…
Ман бегуноҳам,
Ту бошӣ, гуфтаму дарро кушодам.
Ба ман арзи муҳаббат менамояд,
Даруни дил ба ишқаш ҷо надодам…
Мана, боз аз худи вай пурс!..
Дилшод
(Ба Масрур)
Нокас!
Мунофиқ ҳам каме андеша дорад.
Гумон кардӣ, ки ин ҷо саҳна бошад?
Чӣ тадбирро раво бинам ба корат?
Масрур
Барои ту мунофиқ кӣ?
Дилшод
Кӣ-гӯяк!
Масрур
Фаровези даҳонро дор андак.
Дилшод
Мунофиқ ҳастию ҳам бетамизӣ…
Чӣ гап ин? Дуздию ҳам пешхезӣ?!
Масрур
Чӣ мегӯӣ ба ман?..
Ман нағз дидам,
Туро чун пистаи бемағз дидам!
"Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз!"
Дилшод
(Худро дошта натавониста)
Агар сагро аҷал ояд, худи вай
Шитобон мерасад.. Ин сабр то кай?!
Аз замин стулро бардошта, ба сари Масрур фароварданӣ мешавад. Масрур бо як ҷаҳидан худро аз тиреза мепартояду мегурезад.
Чаро дарро кушодӣ?
Ҳилол
Ман ту гуфтам,
Ба фикри он, ки меойӣ, нахуфтам.
Аз он дам, ки ту шарте монда рафтӣ,
Магар хоби маро парронда рафтӣ?..
Дилшод
Дар ин даҳ шаб, ки дар наздат набудам,
Магар ман бо худам осуда будам?
Суруди аллаатро ҳам шунидам,
Худатро аз паси тиреза дидам.
"Ғами дил меваи ишқ аст" гуфтӣ,
Ки ман ҳам дар чунин андеша ҳастамbr.
Дар ин даҳ шаб, дар ин даҳ шаб, ту донӣ,
Накардам мижжа таҳ, чашмам набастам.
Ба покии дилат бовар намудам,
Вагарна қотили ин саҳна будам.
Рав аз санъат, барои бахти фарзанд,
Ягон касби дигарро пеша бинмо.
Агар рафтӣ, наёзорам дигар ман
Сари мӯе… Худат андеша бинмо!
Ҳилол
Чӣ хел? Осон магар дил гирӣ аз касб,
Аз ои касбе, ки бо ҷон дӯст дорӣ?
Дилшод
Намедонам. Вале шарти ман ин аст,
Худат бояд бароӣ ихтиёрӣ!
Оxири намоиши шашум