НАМОИШИ ҲАФТУМ
Манзараи намоиши якум. Саҳна аз одам холист. Баъди сонияе дафтарҳои шогирдон зери каш Сарвар даромада меояд. Хавосаш парешон. Дафтарҳоро рӯи стол мегузорад. Лаҳзае хомӯшӣ…
Чунин шармандагӣ… Беобрӯӣ…
Куҷое рафтам, аз вай гуфтугӯе…
Замин гар мекафид – ҷо мешудам зуд!
Ҳама ханданд акнун дар дили худ.
Бишуд як маҳ, ки қаҳр аз хонадон кард,
Зи наздам рафтаву иснод овард.
Ба вай гуфтам фақат аз рӯи виҷдон:
На дил бар шахси шавҳардор бандад.
Магар ман шарти бемақсад ниҳодам?
Бигуфтам, ки касе бар вай нахандад.
Ғами дарди Малоҳат як тараф буд,
Ки духтурҳо даво карданд онро.
Ғами ин дарди бедармони Масрур
Фаро бигрифта на дил, устухонро.
Дили модар, дили пурсабри модар
Ба ҳар як дарду ғам тоқат намояд.
Вале чун дид густохии фарзанд,
Зи ҳар як раг на хун, оташ барояд.
Бас аст акнун! Бас аст андеша кардан,
Бубинам охирин як чорае ман!
Дар даст сумкае Раҳмат меояд. Вай имрӯз аввалин дарсҳоро дар Дорулфунун хондааст. Модараш ғарқи хаёли худ вайро намебинад.
Салом, эй модари маҳбубаки ман,
Парастори азизу хубаки ман!
(Раҳматро дар оғӯш кашида)
Писарҷонам, ба соли хониши нав
Туро аз ҷону дил табрик гӯям.
Ту акнун студентӣ, студентӣ,
Фақат аъло бихон, эй орзӯям.
Имое аз шумою ғайрат аз ман,
Малоҳат дод ибрат баҳри хондан.
Малоҳат хуб хонд, оре, писарҷон,
Ту ҳам кӯшиш намо, монанди вай хон!..
Хабар дорӣ ту аз кори акоят?
Шунидам… Зиқ шудам ман бениҳоят.
Ҳилолу шавҳарашро дида будам,
Ба ин ҷо ҳар дуро даъват намудам.
Ту ҳоло рафтаву Масрурро гӯй –
Биёяд зудтар, ман арз дорам.
Агар ҳозир ба назди ман наёяд,
Ба вай бегона худро мешуморам.
Итоат мекунам. Рафтам…
Каме ист,
Самолётро телефон кардаву фаҳм.
Агар дар вақташ ояд, зуд хабар деҳ,
Шитобон рав, шитобон!
Мешитобам.
(Меравад)
(Бо андӯҳ, худ ба худ)
Нишастам то саҳар бедор доим,
Ки фарзандони ман осуда хобанд.
Ба уммеде, калон гардида онҳо
Паи кори наҷиб аз ҷон шитобанд.
Паи кори Ватан кӯшида бо сидқ,
Нигаҳ доранд поси хотирамро.
Ба худ ман боварие доштам, ҳеҷ
Намехоҳанд озори диламро…
(Саломат меояд)
Муаллима, салом!
Эй ҷони ширин,
Туро ман бениҳоят ёд кардам.
Биё… Хуш омадӣ! Бо дидани ту
Гумон кардам – сабуктар гашт дардам.
Нафаҳмидам… Шумо нотоб ҳастед?
Чӣ сон фаҳмонамат, ҷонам Саломат!?
Хабар дорӣ-ку аз кирдори Масрур!
(Бо алам)
Муаллима, дилаш аз санг будаст,
Тамоми ваъдааш найранг будаст…
Ба макру ҳила гардонд ӯ сарамро,
Ки ман розӣ намудам модарамро.
Варо дар саҳна дидам, мот гаштам,
Вале акнун ман аз баҳраш гузаштам.
Кунун донам: на дил дорад, на виҷдон,
Фақат дар ролҳо будаст инсон.
Дилатро хун накун!.. Ҳоло биёяд,
Ба назди мову ту сар хам намояд,
Намояд тавбаву қавле диҳад ӯ,
Ҳамон дам бинам ӯро лоиқи ту!..
Муаллима, худо медонад инро,
Вай, охир, осмон асту заминро
Намедонад…
Чӣ? Роҳи дигараш не,
Наояд бар худаш, ман модараш не.
(Гапро ба дигар сӯ гардонда)
Малоҳат ҳам ба рӯи шаҳр омад,
Ба истиқболи ӯ кай мебароем?
Самолёт дер мемондаст андак,
Ба Раҳмат интизорӣ менамоем.
Бигуфтам, ки телефон карда фаҳмад.
Ҳаёту одамонаш бас аҷоиб!..
Насимҷонро ту мебинӣ?
Надидам.
Каси дурӯяи сустазм будаст…
Чу некии Малоҳатро надонист,
Насимро аз аҷал ҳам бад бидидам!..
Занги дар. Сарвар баромаданӣ мешавад. Вале Саломат ӯро намонда худаш мебарояд. Вай бо Ҳилолу Дилшод бармегардад.
Муаллима, салом!
Хуш омадетон!
Канӣ, аз ин тараф!
Раҳмат!
Ташаккур!
Шуморо ман азийят додам андак,
Бубахшеду маро доред маъзур…
Муаллима, чунин ҳаргиз нагӯед,
Худи мо ҳам равон ин сӯй будем.
Ташаккур!
Бо Ҳилол андеша кардем,
Пас аз он маслиҳат ин сон намудем:
Шумо Масрурро акнун бубахшед,
Ба фикри мо, хатояшро бифаҳмид.
Дар он шаб буд оё ғарқи ролаш,
Ки омад… Раҳми кас ояд ба ҳолаш.
Ману Дилшод махсус омадем, то
Бипурсем аз Шумо афви гуноҳаш.
Дар ин муддат муайян кард, шояд,
Тариқи зиндагиву кору роҳаш?!
Саломатҷон, шумо ҳам қаҳр кардед?
(Табассум карда)
Намедонам, дилам дар изтироб аст.
Муҳаббат қаҳр дорад, ҷаҳл дорад,
Вале рашкаш ба дилҳо беҳисоб аст.
Ханда. Раҳмат, Атобек ва Масрур меоянд.
Модар, мана, омаданд!..
Мана, охир, худи Масрур омад,
Каме овора шуд, маҷбур омад.
Нагуфтам ман, ки меояд ба хона?
Биёмад… Бо азоби зӯр омад.
Укояшро фиристодам ба вай, лек
Намеомад худаш, ҷонам Атобек!
Равам ман, то ки фаҳмам аз самолёт,
Муайян карда меорам хабар зуд.
(Меравад)
Қариб аз ҷӯрагӣ дил канда будам…
Пушаймон аст ин аз кардаи худ.
(Ба дигарон)
Салом, эй дӯстони меҳрубонам,
Яке пайғоми хушро мерасонам.
Рафиқи худситои ман налофад,
Ки монд аз ин хабар дар ҳолати бад.
Муборак, эй Ҳилоли саҳнаоро,
Муборак бар ту ҳам, Дилшод!
Атобек,
Либоси нав напӯшидем моён…
Барои чӣ муборакбоду табрик?
Либос-а… Ин занат хизмат нишон дод,
Ки бар вай додаанд унвони олӣ.
Рафиқи мо… Рафиқи мо, надонам,
Аз ин унвони олӣ монд холӣ!
Нахонам то худи ман дар газета,
Ба ин гапҳои ту бовар надорам.
Ба ТоҷикТА телефон кардаву пурс,
Дурӯғеро на аз одат шуморам.
Ҳилоли хоксори ман, муборак
Ба ту ин обрӯи неку унвон!
Ташаккур!
Ин хабар гар рост бошад,
Ба манзилгоҳи мо гардед меҳмон!
(Ноилоҷ)
Гуноҳамро Шумо бахшед, модар,
Дар ин як моҳ заҳри ғам чашидам.
Дар ин як моҳ медонед, модар,
Зи ҳар як раҳгузар ҳам гап шунидам.
Ба болои ҳама ноомади кор,
Чаро бошад, ки унвонам надоданд.
Магар ман лоиқи унвон набудам?
Магар иғвогарони ман зиёданд?..
(Бо тамасхур)
Писарҷон, аз фазо поён фароӣ,
Чу одам байни одамҳо дароӣ,
Ба унвон мешавӣ он гаҳ сазовор…
Ту гап зан аз гуноҳи худ!
Чӣ даркор?!
Чӣ даркор?.. О, чӣ сон тоқат намоям
Ба ин рафтори бешармонаи ту?
Чӣ мегуфтӣ, агар Дилшод ин хел
Дарояд ними шаб бар хонаи ту?
Канӣ, ҳозир намо ту узрхоҳӣ,
Вагарна…
Ҳар чӣ мегӯед – гӯед,
Чӣ фармоед – иҷро менамоям.
Вале ҳаргиз шумо, модар, напурсед,
Ки назди ин ду кас ман паст оям!
Саратро кор фармо.
Ҳой, Масрур,
Намепурсам ман аз ту…
Амри ман ин!
Ту аз ман илтиҷо мехоҳӣ? Не, не…
Намонд акнун даруни сина тамкин.
(Аз берун)
Канӣ, оғӯши худ, модар, кушоед,
Ба истиқболи ин "меҳмон" бароед!
Мубоҳиса дар ин ҷо қатъ мешавад… Диққати ҳама ба берун равона мегардад. Модар ҳолаташро дигар карда, ба тарафи овоз қадам мегузорад. Дигарон аз паи ӯ равон мешаванд. Фақат Масрур аз ҷояш намеҷунбад. Аз берун Малоҳат дар дасташ гулдаста, Нусрат Саидӣ дар даст чамадон, Раҳмат дар даст сеткаи пур аз китоб, медароянд. Сарвар духтарашро дар оғӯш мекашаду мебӯсад.
Азизам, ин сафар бодат муборак!
Дугона, чеҳраи шодат муборак!
Тани бедарду чашмони пур аз нур
Муборак!..
Хоҳарам, шуд як ғамат дур,
Ба ҳар дарде, Малоҳат ҳаст дармон,
Вале дигар набинӣ ҳеҷ дарде.
Ман аз дидоракат гардам, Малоҳат,
Ғами ин хонадонро пеш кардӣ.
Ба духтурҳо ҳазорон офарин бод,
Наёбад дард аз онҳо амоне.
Насим даромада меояд. Ҳама бо ҳайрат ба вай менигаранд.
Азизи ман, надодӣ як хабар ҳам,
Ки мекардам ба роҳат гулфишонӣ.
(Бо киноя)
Ман адреси туро гум карда будам,
Ба болояш, туро нотоб гуфтанд.
Чаро, Раҳмат, худат танҳо бирафтӣ?
Телефон кардаму "Бошитоб!" гуфтанд.
(Ба Насим)
Ба рӯзи мушкили худ кас шиносад
Рафиқу дӯстро, дилдорро ҳам.
Маро маъзур медорӣ, Насимҷон,
Мана, дард аз тани ман хӯрд барҳам.
Ман ишқи як ҷавонро рад намудам,
Вале чун одам омад боз дидан.
Аҷибаш ин, ки ҳатто, рафт он ҷо,
Канори баҳр – баҳри дидани ман.
Ба вақти бозгаштам ҳамсафар буд,
Насозам некиҳояшро фаромӯш…
Агарчи айб, мебахшед, модар,
Дилам бар ишқи ин бикшод оғӯш.
(Нусрат Саидиро нишон медиҳад)
Рафиқи хуб бошад – чун набахшам?!
Куҷо шуд аҳду паймонат, Малоҳат?
Напурс аз ман ту ин хел… Аз худат пурс,
Манам сил, мекунад дардам сироят.
Касе аз аҳду паймон гап кушояд,
Намехӯсад ба мисли мурғи даштӣ…
Бигӯям он гапатро назди ёрон,
Бигӯ, чандин сари мӯро гузаштӣ?
Саломатҷон!!!
Даҳони хешро пӯш!
Маро аз ёди худ бинмо фаромӯш.
(Ҳазломез)
Муаллим, рав ба назди ғӯламӯят,
Маро ҳам кун хабар дар рӯзи туят!
(Ба Нусрат Саидӣ)
Набар аз ёди худ, Нусрат Саидӣ,
Малоҳатро баровардӣ ту аз роҳ.
Дар ин шаҳри азим тангкӯча ҳам ҳаст,
Насимам ман, ту аз ин бош огоҳ.
Бо ҷаҳл баромада меравад. Ҳама механданд. Малоҳат дар паҳлуи Нусрат истода, бо ханда аз мактуби вай ба хотир меорад.
"Фақат ин аст, охир, вай насим аст,
Насим аз ҳар гуле бӯе бигирад.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!"
Нусрату Малоҳат ба ҳамдигар бо муҳаббат менигаранд. Сарвар ин лаҳзаро мебинад.
Шумо аз ҳамдигар ғофил намонед,
Ки ин савдои умр асту на бозист.
Ба ҳар як имтиҳон тайёр ҳастам,
Бисанҷедам маро… Ин сарфарозист!
Саломат, ҷонакам, бовар намо ту,
Ки ман аз кардаи худ бас ҳазинам.
Дили ман санги хоро нест, Масрур,
Зи кирдори ту хело оташинам.
Агар рафту ба ту бовар намудам,
Бубахшидам… ба айбат қоилӣ ту.
Чӣ шуд?.. Доғе ниҳодӣ бар рухи ишқ,
Дили ман нест, охир, чун дили ту!
Саломатҷонакам!!!
Масрур бишнав!
(Ҳилолу Дилшодро нишон дода)
Ту аввал узр мехоҳӣ аз инҳо!
Ба боди ғам мадеҳ уммеди манро…
Дар олам духтарон бисёр, бисёр,
Тавонад ҳар касе ҳам зан бигирад.
Якаш мақбул набошад, дигарашро
Муносиб донаду бар дил пазирад.
Валекин ҳеҷ як инсон дар олам
Наёбад модари дуюм, Масрур!
Ту фарзанди ману ман модари ту,
Талаб дорам, намо андешаи дур.
(Мағрурона)
Ду-се гардан ман аз инҳо баландам,
Магар ман назди инҳо узр хоҳам?
Шумо бахшед, модар! Эй Саломат,
Гузар кун ту, гузар кун аз гуноҳам!
(Ба Масрур)
Намудам модаратро рӯихотир,
Напар дар осмони кибр, тақсир!..
(Бо ғазаб)
Саломат, ин каси ноустувор аст,
Намебахшӣ, каломи модар аст ин!
Ба роли ошиқон дар саҳна хуб аст,
Вале дар зиндагонӣ дигар аст ин!
Ту бахшӣ, ман намебахшам чу модар,
Магар ислоҳ шуд? Исбот созад!
Ба фикрам, дида хушрӯи дигарро,
Туро бигзораду он сӯй тозад.
Кӣ мегӯяд, ки ин мард аст, охир,
Фақат аз пушти шӯҳрат мешитобад,
Аҷаб не, баҳри як манфиати худ
Зи сад ёру рафиқаш рӯ битобад!..
(Ба Масрур)
Ватан, Партия, халқу модари ту
Сари фарзанди қобилро навозанд!
Шумо, модар, намебахшед манро?
Чунин гапҳои талху тунд то чанд?
Тамоман шояд аз ин ҷо равам?!
(Оташинтар шуда)
Рав!
Ту аввал одами шоистае шав…
Манам модар, ту аз дар мебароӣ,
Валекин аз дари дил ҳеҷ гоҳе!
Манам модар, ту ҳоло дар дили ман
Ҷароҳат ҳастию доғею оҳе.
Ҷароҳат… Лек аз они ман… Ҳазинам.
Туро чун шодии дил гар бубинам,
Дар он сурат бубахшам, шод гардам,
Дар он сурат равад аз сина дардам…
Бирав, халқу Ватанро шод бинмой,
Фақат он дам ту назди модарат ой!
Масрур бо сари хам оҳиста-оҳиста баромада меравад.
Ҳама аз паи вай нигоҳ карда мемонанд. Сарвар беихтиёр як-ду қадам аз паи вай мегузораду нохост ақиб гашта, ҳозиронро аз пеши назар мегузаронад. Лаҳзае хомӯш меистаду оҳи сарде мекашад ва ба ҳама муроҷиат мекунад.
Азизонам, шумо ҳар ҷо, ки бошед,
Фақат кирдору номи нек ҷӯед.
Намоед ончунон коре, аз он пас
Хиҷолатманд "Мебахшӣ" нагӯед!
Тамоми қувватамро сарф карда,
Намудам тарбият шогирдҳоро.
Дили худро ҳазорон пора карда,
Аз он як ҳиссае додам шуморо.
Шумо хушбахту хушиқбол ҳастед,
Камар бандед баҳри кори кишвар!
Ягона орзӯям ин: Нагардед
Ба кори бад дучори ҳукми модар!
Сарвар
Чунин шармандагӣ… Беобрӯӣ…
Куҷое рафтам, аз вай гуфтугӯе…
Замин гар мекафид – ҷо мешудам зуд!
Ҳама ханданд акнун дар дили худ.
Бишуд як маҳ, ки қаҳр аз хонадон кард,
Зи наздам рафтаву иснод овард.
Ба вай гуфтам фақат аз рӯи виҷдон:
На дил бар шахси шавҳардор бандад.
Магар ман шарти бемақсад ниҳодам?
Бигуфтам, ки касе бар вай нахандад.
Ғами дарди Малоҳат як тараф буд,
Ки духтурҳо даво карданд онро.
Ғами ин дарди бедармони Масрур
Фаро бигрифта на дил, устухонро.
Дили модар, дили пурсабри модар
Ба ҳар як дарду ғам тоқат намояд.
Вале чун дид густохии фарзанд,
Зи ҳар як раг на хун, оташ барояд.
Бас аст акнун! Бас аст андеша кардан,
Бубинам охирин як чорае ман!
Дар даст сумкае Раҳмат меояд. Вай имрӯз аввалин дарсҳоро дар Дорулфунун хондааст. Модараш ғарқи хаёли худ вайро намебинад.
Раҳмат
Салом, эй модари маҳбубаки ман,
Парастори азизу хубаки ман!
Сарвар
(Раҳматро дар оғӯш кашида)
Писарҷонам, ба соли хониши нав
Туро аз ҷону дил табрик гӯям.
Ту акнун студентӣ, студентӣ,
Фақат аъло бихон, эй орзӯям.
Раҳмат
Имое аз шумою ғайрат аз ман,
Малоҳат дод ибрат баҳри хондан.
Сарвар
Малоҳат хуб хонд, оре, писарҷон,
Ту ҳам кӯшиш намо, монанди вай хон!..
Хабар дорӣ ту аз кори акоят?
Раҳмат
Шунидам… Зиқ шудам ман бениҳоят.
Сарвар
Ҳилолу шавҳарашро дида будам,
Ба ин ҷо ҳар дуро даъват намудам.
Ту ҳоло рафтаву Масрурро гӯй –
Биёяд зудтар, ман арз дорам.
Агар ҳозир ба назди ман наёяд,
Ба вай бегона худро мешуморам.
Раҳмат
Итоат мекунам. Рафтам…
Сарвар
Каме ист,
Самолётро телефон кардаву фаҳм.
Агар дар вақташ ояд, зуд хабар деҳ,
Шитобон рав, шитобон!
Раҳмат
Мешитобам.
(Меравад)
Сарвар
(Бо андӯҳ, худ ба худ)
Нишастам то саҳар бедор доим,
Ки фарзандони ман осуда хобанд.
Ба уммеде, калон гардида онҳо
Паи кори наҷиб аз ҷон шитобанд.
Паи кори Ватан кӯшида бо сидқ,
Нигаҳ доранд поси хотирамро.
Ба худ ман боварие доштам, ҳеҷ
Намехоҳанд озори диламро…
(Саломат меояд)
Саломат
Муаллима, салом!
Сарвар
Эй ҷони ширин,
Туро ман бениҳоят ёд кардам.
Биё… Хуш омадӣ! Бо дидани ту
Гумон кардам – сабуктар гашт дардам.
Саломат
Нафаҳмидам… Шумо нотоб ҳастед?
Сарвар
Чӣ сон фаҳмонамат, ҷонам Саломат!?
Хабар дорӣ-ку аз кирдори Масрур!
Саломат
(Бо алам)
Муаллима, дилаш аз санг будаст,
Тамоми ваъдааш найранг будаст…
Ба макру ҳила гардонд ӯ сарамро,
Ки ман розӣ намудам модарамро.
Варо дар саҳна дидам, мот гаштам,
Вале акнун ман аз баҳраш гузаштам.
Кунун донам: на дил дорад, на виҷдон,
Фақат дар ролҳо будаст инсон.
Сарвар
Дилатро хун накун!.. Ҳоло биёяд,
Ба назди мову ту сар хам намояд,
Намояд тавбаву қавле диҳад ӯ,
Ҳамон дам бинам ӯро лоиқи ту!..
Саломат
Муаллима, худо медонад инро,
Вай, охир, осмон асту заминро
Намедонад…
Сарвар
Чӣ? Роҳи дигараш не,
Наояд бар худаш, ман модараш не.
Саломат
(Гапро ба дигар сӯ гардонда)
Малоҳат ҳам ба рӯи шаҳр омад,
Ба истиқболи ӯ кай мебароем?
Сарвар
Самолёт дер мемондаст андак,
Ба Раҳмат интизорӣ менамоем.
Бигуфтам, ки телефон карда фаҳмад.
Ҳаёту одамонаш бас аҷоиб!..
Насимҷонро ту мебинӣ?
Саломат
Надидам.
Сарвар
Каси дурӯяи сустазм будаст…
Саломат
Чу некии Малоҳатро надонист,
Насимро аз аҷал ҳам бад бидидам!..
Занги дар. Сарвар баромаданӣ мешавад. Вале Саломат ӯро намонда худаш мебарояд. Вай бо Ҳилолу Дилшод бармегардад.
Ҳилол
Муаллима, салом!
Сарвар
Хуш омадетон!
Канӣ, аз ин тараф!
Ҳилол
Раҳмат!
Дилшод
Ташаккур!
Сарвар
Шуморо ман азийят додам андак,
Бубахшеду маро доред маъзур…
Дилшод
Муаллима, чунин ҳаргиз нагӯед,
Худи мо ҳам равон ин сӯй будем.
Сарвар
Ташаккур!
Дилшод
Бо Ҳилол андеша кардем,
Пас аз он маслиҳат ин сон намудем:
Шумо Масрурро акнун бубахшед,
Ба фикри мо, хатояшро бифаҳмид.
Ҳилол
Дар он шаб буд оё ғарқи ролаш,
Ки омад… Раҳми кас ояд ба ҳолаш.
Ману Дилшод махсус омадем, то
Бипурсем аз Шумо афви гуноҳаш.
Дилшод
Дар ин муддат муайян кард, шояд,
Тариқи зиндагиву кору роҳаш?!
Ҳилол
Саломатҷон, шумо ҳам қаҳр кардед?
Саломат
(Табассум карда)
Намедонам, дилам дар изтироб аст.
Дилшод
Муҳаббат қаҳр дорад, ҷаҳл дорад,
Вале рашкаш ба дилҳо беҳисоб аст.
Ханда. Раҳмат, Атобек ва Масрур меоянд.
Раҳмат
Модар, мана, омаданд!..
Атобек
Мана, охир, худи Масрур омад,
Каме овора шуд, маҷбур омад.
Нагуфтам ман, ки меояд ба хона?
Биёмад… Бо азоби зӯр омад.
Сарвар
Укояшро фиристодам ба вай, лек
Намеомад худаш, ҷонам Атобек!
Раҳмат
Равам ман, то ки фаҳмам аз самолёт,
Муайян карда меорам хабар зуд.
(Меравад)
Атобек
Қариб аз ҷӯрагӣ дил канда будам…
Пушаймон аст ин аз кардаи худ.
(Ба дигарон)
Салом, эй дӯстони меҳрубонам,
Яке пайғоми хушро мерасонам.
Рафиқи худситои ман налофад,
Ки монд аз ин хабар дар ҳолати бад.
Муборак, эй Ҳилоли саҳнаоро,
Муборак бар ту ҳам, Дилшод!
Дилшод
Атобек,
Либоси нав напӯшидем моён…
Барои чӣ муборакбоду табрик?
Атобек
Либос-а… Ин занат хизмат нишон дод,
Ки бар вай додаанд унвони олӣ.
Рафиқи мо… Рафиқи мо, надонам,
Аз ин унвони олӣ монд холӣ!
Дилшод
Нахонам то худи ман дар газета,
Ба ин гапҳои ту бовар надорам.
Атобек
Ба ТоҷикТА телефон кардаву пурс,
Дурӯғеро на аз одат шуморам.
Сарвар
Ҳилоли хоксори ман, муборак
Ба ту ин обрӯи неку унвон!
Ҳилол
Ташаккур!
Дилшод
Ин хабар гар рост бошад,
Ба манзилгоҳи мо гардед меҳмон!
Масрур
(Ноилоҷ)
Гуноҳамро Шумо бахшед, модар,
Дар ин як моҳ заҳри ғам чашидам.
Дар ин як моҳ медонед, модар,
Зи ҳар як раҳгузар ҳам гап шунидам.
Ба болои ҳама ноомади кор,
Чаро бошад, ки унвонам надоданд.
Магар ман лоиқи унвон набудам?
Магар иғвогарони ман зиёданд?..
Сарвар
(Бо тамасхур)
Писарҷон, аз фазо поён фароӣ,
Чу одам байни одамҳо дароӣ,
Ба унвон мешавӣ он гаҳ сазовор…
Ту гап зан аз гуноҳи худ!
Масрур
Чӣ даркор?!
Сарвар
Чӣ даркор?.. О, чӣ сон тоқат намоям
Ба ин рафтори бешармонаи ту?
Чӣ мегуфтӣ, агар Дилшод ин хел
Дарояд ними шаб бар хонаи ту?
Канӣ, ҳозир намо ту узрхоҳӣ,
Вагарна…
Масрур
Ҳар чӣ мегӯед – гӯед,
Чӣ фармоед – иҷро менамоям.
Вале ҳаргиз шумо, модар, напурсед,
Ки назди ин ду кас ман паст оям!
Атобек
Саратро кор фармо.
Сарвар
Ҳой, Масрур,
Намепурсам ман аз ту…
Амри ман ин!
Ту аз ман илтиҷо мехоҳӣ? Не, не…
Намонд акнун даруни сина тамкин.
Раҳмат
(Аз берун)
Канӣ, оғӯши худ, модар, кушоед,
Ба истиқболи ин "меҳмон" бароед!
Мубоҳиса дар ин ҷо қатъ мешавад… Диққати ҳама ба берун равона мегардад. Модар ҳолаташро дигар карда, ба тарафи овоз қадам мегузорад. Дигарон аз паи ӯ равон мешаванд. Фақат Масрур аз ҷояш намеҷунбад. Аз берун Малоҳат дар дасташ гулдаста, Нусрат Саидӣ дар даст чамадон, Раҳмат дар даст сеткаи пур аз китоб, медароянд. Сарвар духтарашро дар оғӯш мекашаду мебӯсад.
Сарвар
Азизам, ин сафар бодат муборак!
Саломат
Дугона, чеҳраи шодат муборак!
Атобек
Тани бедарду чашмони пур аз нур
Муборак!..
Масрур
Хоҳарам, шуд як ғамат дур,
Ҳилол
Ба ҳар дарде, Малоҳат ҳаст дармон,
Вале дигар набинӣ ҳеҷ дарде.
Раҳмат
Ман аз дидоракат гардам, Малоҳат,
Ғами ин хонадонро пеш кардӣ.
Дилшод
Ба духтурҳо ҳазорон офарин бод,
Наёбад дард аз онҳо амоне.
Насим даромада меояд. Ҳама бо ҳайрат ба вай менигаранд.
Насим
Азизи ман, надодӣ як хабар ҳам,
Ки мекардам ба роҳат гулфишонӣ.
Малоҳат
(Бо киноя)
Ман адреси туро гум карда будам,
Ба болояш, туро нотоб гуфтанд.
Сарвар
Чаро, Раҳмат, худат танҳо бирафтӣ?
Раҳмат
Телефон кардаму "Бошитоб!" гуфтанд.
Малоҳат
(Ба Насим)
Ба рӯзи мушкили худ кас шиносад
Рафиқу дӯстро, дилдорро ҳам.
Маро маъзур медорӣ, Насимҷон,
Мана, дард аз тани ман хӯрд барҳам.
Ман ишқи як ҷавонро рад намудам,
Вале чун одам омад боз дидан.
Аҷибаш ин, ки ҳатто, рафт он ҷо,
Канори баҳр – баҳри дидани ман.
Ба вақти бозгаштам ҳамсафар буд,
Насозам некиҳояшро фаромӯш…
Агарчи айб, мебахшед, модар,
Дилам бар ишқи ин бикшод оғӯш.
(Нусрат Саидиро нишон медиҳад)
Сарвар
Рафиқи хуб бошад – чун набахшам?!
Насим
Куҷо шуд аҳду паймонат, Малоҳат?
Малоҳат
Напурс аз ман ту ин хел… Аз худат пурс,
Манам сил, мекунад дардам сироят.
Атобек
Касе аз аҳду паймон гап кушояд,
Намехӯсад ба мисли мурғи даштӣ…
Саломат
Бигӯям он гапатро назди ёрон,
Бигӯ, чандин сари мӯро гузаштӣ?
Насим
Саломатҷон!!!
Масрур
Даҳони хешро пӯш!
Малоҳат
Маро аз ёди худ бинмо фаромӯш.
Раҳмат
(Ҳазломез)
Муаллим, рав ба назди ғӯламӯят,
Маро ҳам кун хабар дар рӯзи туят!
Насим
(Ба Нусрат Саидӣ)
Набар аз ёди худ, Нусрат Саидӣ,
Малоҳатро баровардӣ ту аз роҳ.
Дар ин шаҳри азим тангкӯча ҳам ҳаст,
Насимам ман, ту аз ин бош огоҳ.
Бо ҷаҳл баромада меравад. Ҳама механданд. Малоҳат дар паҳлуи Нусрат истода, бо ханда аз мактуби вай ба хотир меорад.
Малоҳат
"Фақат ин аст, охир, вай насим аст,
Насим аз ҳар гуле бӯе бигирад.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!"
Нусрату Малоҳат ба ҳамдигар бо муҳаббат менигаранд. Сарвар ин лаҳзаро мебинад.
Сарвар
Шумо аз ҳамдигар ғофил намонед,
Ки ин савдои умр асту на бозист.
Нусрат
Ба ҳар як имтиҳон тайёр ҳастам,
Бисанҷедам маро… Ин сарфарозист!
Масрур
Саломат, ҷонакам, бовар намо ту,
Ки ман аз кардаи худ бас ҳазинам.
Саломат
Дили ман санги хоро нест, Масрур,
Зи кирдори ту хело оташинам.
Агар рафту ба ту бовар намудам,
Бубахшидам… ба айбат қоилӣ ту.
Чӣ шуд?.. Доғе ниҳодӣ бар рухи ишқ,
Дили ман нест, охир, чун дили ту!
Масрур
Саломатҷонакам!!!
Сарвар
Масрур бишнав!
(Ҳилолу Дилшодро нишон дода)
Ту аввал узр мехоҳӣ аз инҳо!
Ба боди ғам мадеҳ уммеди манро…
Дар олам духтарон бисёр, бисёр,
Тавонад ҳар касе ҳам зан бигирад.
Якаш мақбул набошад, дигарашро
Муносиб донаду бар дил пазирад.
Валекин ҳеҷ як инсон дар олам
Наёбад модари дуюм, Масрур!
Ту фарзанди ману ман модари ту,
Талаб дорам, намо андешаи дур.
Масрур
(Мағрурона)
Ду-се гардан ман аз инҳо баландам,
Магар ман назди инҳо узр хоҳам?
Шумо бахшед, модар! Эй Саломат,
Гузар кун ту, гузар кун аз гуноҳам!
Дилшод
(Ба Масрур)
Намудам модаратро рӯихотир,
Напар дар осмони кибр, тақсир!..
Сарвар
(Бо ғазаб)
Саломат, ин каси ноустувор аст,
Намебахшӣ, каломи модар аст ин!
Ба роли ошиқон дар саҳна хуб аст,
Вале дар зиндагонӣ дигар аст ин!
Ту бахшӣ, ман намебахшам чу модар,
Магар ислоҳ шуд? Исбот созад!
Ба фикрам, дида хушрӯи дигарро,
Туро бигзораду он сӯй тозад.
Кӣ мегӯяд, ки ин мард аст, охир,
Фақат аз пушти шӯҳрат мешитобад,
Аҷаб не, баҳри як манфиати худ
Зи сад ёру рафиқаш рӯ битобад!..
(Ба Масрур)
Ватан, Партия, халқу модари ту
Сари фарзанди қобилро навозанд!
Масрур
Шумо, модар, намебахшед манро?
Чунин гапҳои талху тунд то чанд?
Тамоман шояд аз ин ҷо равам?!
Сарвар
(Оташинтар шуда)
Рав!
Ту аввал одами шоистае шав…
Манам модар, ту аз дар мебароӣ,
Валекин аз дари дил ҳеҷ гоҳе!
Манам модар, ту ҳоло дар дили ман
Ҷароҳат ҳастию доғею оҳе.
Ҷароҳат… Лек аз они ман… Ҳазинам.
Туро чун шодии дил гар бубинам,
Дар он сурат бубахшам, шод гардам,
Дар он сурат равад аз сина дардам…
Бирав, халқу Ватанро шод бинмой,
Фақат он дам ту назди модарат ой!
Масрур бо сари хам оҳиста-оҳиста баромада меравад.
Ҳама аз паи вай нигоҳ карда мемонанд. Сарвар беихтиёр як-ду қадам аз паи вай мегузораду нохост ақиб гашта, ҳозиронро аз пеши назар мегузаронад. Лаҳзае хомӯш меистаду оҳи сарде мекашад ва ба ҳама муроҷиат мекунад.
Азизонам, шумо ҳар ҷо, ки бошед,
Фақат кирдору номи нек ҷӯед.
Намоед ончунон коре, аз он пас
Хиҷолатманд "Мебахшӣ" нагӯед!
Тамоми қувватамро сарф карда,
Намудам тарбият шогирдҳоро.
Дили худро ҳазорон пора карда,
Аз он як ҳиссае додам шуморо.
Шумо хушбахту хушиқбол ҳастед,
Камар бандед баҳри кори кишвар!
Ягона орзӯям ин: Нагардед
Ба кори бад дучори ҳукми модар!
Парда