НАМОИШИ ПАНҶУМ
Ақиби саҳнаи театри драмавӣ. Ҳама дар либоси қаҳрамонони афсонавӣ. Аз як тараф зинапояест, ки ба панҷараи он Масрур такя карда, папирос мекашад. Ҳоло дар саҳна ғайр аз Масрур касе нест.
(Худ ба худ)
Худоё, ин чӣ ишқ асту чӣ роҳ аст?
Намекардам тасаввур ҳеҷ гоҳе.
Даруни саҳна варзад ишқ бо ман,
Бурун аз саҳна нанмояд нигоҳе…
Магар ин ишқу меҳри ногаҳонӣ
Маро шармандаи олам намояд?
Ту, эй дил, эй ғариби кӯтаҳандеш,
Гумон дорӣ, ки бахтат рух кушояд?
Зи як сӯ шарти сахти модари ман
Маро дар кӯраи оташ ниҳодаст.
Зи як сӯ гиряҳои хоҳари ман,
Ки бе ман ҳам ғамаш аз ҳад зиёд аст, –
Ҳама аз як ғамам сад ғам намуда!..
Ғами чун кӯҳ мебояд кашидан?
Ва ё аз ҷон гузаштан бо ҳамин ишқ
Ва ё бар қуллаи мақсад расидан!
Масрур бо гапи охиринаш баромада меравад. Дилшод медарояд. Вай касеро меҷӯяд. Хизматпешае дар даст варақҳои коғаз аз муқобил меояд.
Бубахшед… Илтимосе доштам ман,
Ҳилолро гуфта мемондед…
Ҳозир!
Бигӯедаш, ки омад шавҳари ту,
Намесозам варо монеъ ман дер.
Ҳамин коғазҳоро ман супорам…
Ба вай ман дар ҳамин ҷо интизорам.
Хизматпеша меравад. Номи Ҳилолро ба забон гирифта, Масрур мебарояд. Дилшод худашро ақиби парда мегирад.
(Ба тарафи дарун)
Ҳилол!!! Оҳ-ҳой!
Ҳилолро гуфта монед!
(Худ ба худ)
Аҷоиб!
(Қадам зада)
Андаке такрор шарт аст…
(Аз ролаш)
Самимият… Самимият надорад,
Ки ин дар қалби ман андӯҳу дард аст.
(Аз дарун)
Музаффар, ҳо, Музаффар!
Зудтар о,
Барои роли ман ту луқма парто!
Каме гардонда бинем аз сари нав…
(Пайдо шуда)
Дило, ҳомии ишқи ҷовидон шав!
Баҳори ман… Гули ман, ғунчаи ман,
Биё, ҷону дили ман хоки роҳат.
(Худ ба худ)
Тамошо кун…
Кашидам интизорӣ.
(Бепарво)
Тасаввур мекунам ман аз нигоҳат…
Баҳор ояд – ҳама гулҳо кушоянд.
"Вафодорӣ мадор аз булбулон чашм,
Ки ҳар дам бар гуле дигар сароянд".
Ту андак дер кардию хаёлам
Маро бар ким-кадомин роҳҳо бурд.
Бидеҳ дасти булӯринат, азизам,
Ки бе ту синаамро ғусса бифшурд…
Касе ин ҷост… андак сабр бинмо!
Нафаҳмад ҳеҷ кас гӯён, хавотир.
Дар ин ҷо ғайри мову ту касе нест,
Намо раҳме ба ин ошуфтахотир!
Ту мепиндорӣ ман бераҳм?
Не, не…
Санам, ҷонам Санам!
Лаббай, Музаффар!
Бигӯ, то кай азоби дурии мост?
Тамоман ошкоро...
Монд камтар.
Ба сабр аз ғӯра ҳалво метавон сохт.
Набинам дарду доғатро, азизам.
Агар рӯзе… Агар рӯзе наойӣ,
Ба ҷои ашк хун аз дида резам.
Бубинед ин разили беҳаёро…
(Хандида)
Музаффарҳо намегирянд…
Вақте
Санамҳо зулм зи ҳад бигзаронанд?!
Сабурӣ, бурдборӣ касби ошиқ,
Тамоми мардумон инро бидонанд.
Ту аз ман на ситам, на зулм дидӣ,
На боре қиссаи ҳолам шунидӣ.
Кунун мову ту бояд чора чӯем,
Ки бо ҳам ғунчаи мақсад бибӯем…
(Хаёл карда)
Бале!.. Як фикр меояд ба ёдам…
Вале ман фурсате аз даст додам!
Чӣ фурсатро? Аҷоиб! Ин чӣ ҳол аст?
Басо фаҳмиданам амри маҳол аст…
Ҳилол!
(Ҳилол баланд механдад. Дилшод дар паси парда бетоқат мешавад)
Ин хандаат дар роламон нест,
Сабаб бар инчунин хандиданат чист?
Чиҳо мегӯӣ, эй хотирфаромӯш,
Баровардӣ магар номи ман аз ҳуш?
Ҳилол – ин номи шахсии ман, охир,
Маро ҳамчун Санам бишнос ҳозир.
Ҳилолат гуфтам оё?
(Занг. Аз берун овоз меояд)
Вақтатон шуд…
Бароетон ба саҳна зудтар. Зуд!
Масрур саросема Ҳилолро рӯи даст мебардорад. Ҳилол дасташро ба гардани вай ҳалқа мекунад. Мераванд. Аз тарафи дигар чанд зану мард дар либоси афсонавӣ мебароянду саросема аз паи онҳо мераванд.
Дилшод аз ақиби парда мебарояд. Хело асабӣ.
Чӣ сон акнун намоям сабру тоқат?
Шумо дидед, ки фаҳмонед!.. Ҳайҳот!
Ба рӯи саҳна бозию… Худоё,
Ҳама осоиши ман рафт барбод.
Тамом! Акнун тамом! Аз хона рафтам.
Ҳилол акнун ба ман бегона!.. Рафтам!
(Меравад)
Парда
Масрур
(Худ ба худ)
Худоё, ин чӣ ишқ асту чӣ роҳ аст?
Намекардам тасаввур ҳеҷ гоҳе.
Даруни саҳна варзад ишқ бо ман,
Бурун аз саҳна нанмояд нигоҳе…
Магар ин ишқу меҳри ногаҳонӣ
Маро шармандаи олам намояд?
Ту, эй дил, эй ғариби кӯтаҳандеш,
Гумон дорӣ, ки бахтат рух кушояд?
Зи як сӯ шарти сахти модари ман
Маро дар кӯраи оташ ниҳодаст.
Зи як сӯ гиряҳои хоҳари ман,
Ки бе ман ҳам ғамаш аз ҳад зиёд аст, –
Ҳама аз як ғамам сад ғам намуда!..
Ғами чун кӯҳ мебояд кашидан?
Ва ё аз ҷон гузаштан бо ҳамин ишқ
Ва ё бар қуллаи мақсад расидан!
Масрур бо гапи охиринаш баромада меравад. Дилшод медарояд. Вай касеро меҷӯяд. Хизматпешае дар даст варақҳои коғаз аз муқобил меояд.
Дилшод
Бубахшед… Илтимосе доштам ман,
Ҳилолро гуфта мемондед…
Хизматпеша
Ҳозир!
Дилшод
Бигӯедаш, ки омад шавҳари ту,
Намесозам варо монеъ ман дер.
Хизматпеша
Ҳамин коғазҳоро ман супорам…
Дилшод
Ба вай ман дар ҳамин ҷо интизорам.
Хизматпеша меравад. Номи Ҳилолро ба забон гирифта, Масрур мебарояд. Дилшод худашро ақиби парда мегирад.
Масрур
(Ба тарафи дарун)
Ҳилол!!! Оҳ-ҳой!
Ҳилолро гуфта монед!
Дилшод
(Худ ба худ)
Аҷоиб!
Масрур
(Қадам зада)
Андаке такрор шарт аст…
(Аз ролаш)
Самимият… Самимият надорад,
Ки ин дар қалби ман андӯҳу дард аст.
Ҳилол
(Аз дарун)
Музаффар, ҳо, Музаффар!
Масрур
Зудтар о,
Барои роли ман ту луқма парто!
Каме гардонда бинем аз сари нав…
Ҳилол
(Пайдо шуда)
Дило, ҳомии ишқи ҷовидон шав!
Масрур
Баҳори ман… Гули ман, ғунчаи ман,
Биё, ҷону дили ман хоки роҳат.
Дилшод
(Худ ба худ)
Тамошо кун…
Масрур
Кашидам интизорӣ.
Ҳилол
(Бепарво)
Тасаввур мекунам ман аз нигоҳат…
Баҳор ояд – ҳама гулҳо кушоянд.
"Вафодорӣ мадор аз булбулон чашм,
Ки ҳар дам бар гуле дигар сароянд".
Масрур
Ту андак дер кардию хаёлам
Маро бар ким-кадомин роҳҳо бурд.
Бидеҳ дасти булӯринат, азизам,
Ки бе ту синаамро ғусса бифшурд…
Ҳилол
Касе ин ҷост… андак сабр бинмо!
Дилшод
Нафаҳмад ҳеҷ кас гӯён, хавотир.
Масрур
Дар ин ҷо ғайри мову ту касе нест,
Намо раҳме ба ин ошуфтахотир!
Ҳилол
Ту мепиндорӣ ман бераҳм?
Масрур
Не, не…
Санам, ҷонам Санам!
Ҳилол
Лаббай, Музаффар!
Масрур
Бигӯ, то кай азоби дурии мост?
Дилшод
Тамоман ошкоро...
Ҳилол
Монд камтар.
Ба сабр аз ғӯра ҳалво метавон сохт.
Масрур
Набинам дарду доғатро, азизам.
Агар рӯзе… Агар рӯзе наойӣ,
Ба ҷои ашк хун аз дида резам.
Дилшод
Бубинед ин разили беҳаёро…
Ҳилол
(Хандида)
Музаффарҳо намегирянд…
Масрур
Вақте
Санамҳо зулм зи ҳад бигзаронанд?!
Ҳилол
Сабурӣ, бурдборӣ касби ошиқ,
Тамоми мардумон инро бидонанд.
Ту аз ман на ситам, на зулм дидӣ,
На боре қиссаи ҳолам шунидӣ.
Кунун мову ту бояд чора чӯем,
Ки бо ҳам ғунчаи мақсад бибӯем…
Масрур
(Хаёл карда)
Бале!.. Як фикр меояд ба ёдам…
Вале ман фурсате аз даст додам!
Дилшод
Чӣ фурсатро? Аҷоиб! Ин чӣ ҳол аст?
Басо фаҳмиданам амри маҳол аст…
Масрур
Ҳилол!
(Ҳилол баланд механдад. Дилшод дар паси парда бетоқат мешавад)
Ин хандаат дар роламон нест,
Сабаб бар инчунин хандиданат чист?
Ҳилол
Чиҳо мегӯӣ, эй хотирфаромӯш,
Баровардӣ магар номи ман аз ҳуш?
Ҳилол – ин номи шахсии ман, охир,
Маро ҳамчун Санам бишнос ҳозир.
Масрур
Ҳилолат гуфтам оё?
(Занг. Аз берун овоз меояд)
Овоз
Вақтатон шуд…
Бароетон ба саҳна зудтар. Зуд!
Масрур саросема Ҳилолро рӯи даст мебардорад. Ҳилол дасташро ба гардани вай ҳалқа мекунад. Мераванд. Аз тарафи дигар чанд зану мард дар либоси афсонавӣ мебароянду саросема аз паи онҳо мераванд.
Дилшод аз ақиби парда мебарояд. Хело асабӣ.
Дилшод
Чӣ сон акнун намоям сабру тоқат?
Шумо дидед, ки фаҳмонед!.. Ҳайҳот!
Ба рӯи саҳна бозию… Худоё,
Ҳама осоиши ман рафт барбод.
Тамом! Акнун тамом! Аз хона рафтам.
Ҳилол акнун ба ман бегона!.. Рафтам!
(Меравад)
Парда