НАМОИШИ ЧОРУМ
Як гӯшаи ҳавлии табобатхона. Гулдони калон ва аз тарафи дигар фонтане мавҷуд аст. Дар атрофи фонтан ва ҷо-ҷо дар зери дарахтон курсиҳо гузоштаанд. Дар яке аз курсиҳои атрофи фонтан Малоҳат нишаста ба матоъ гул медӯзад. Пас аз фурсате Малоҳат аз кораш сар бардошта, ба фонтан менигарад.
Ба ҳар фаввораат дил месупорам,
Зи ҳар як ҷастанат сад шавқ дорам.
Туро бинам, ки боло мебароӣ,
Ғами дилро ба поён мефарорам.
Ту меойӣ зи байни кӯҳсорон,
Ғизои боғ ту, ҳусни баҳорон.
Ба замми корҳои беназират –
Бишӯӣ ғам зи дил чун ғамгусорон!
(Аз ҷо мехезад, қадам мезанад)
Табиат он чӣ зебо – офаридаст,
Баҳору кӯҳу дарё офаридаст…
Агар дар синаам ин дил намешуд,
Барои ман ғаме ҳосил намешуд.
Ғам аз бемеҳрии дилбар набошад,
Давои дарди ман мушкил намешуд.
Дили ман содаву гумроҳ будаст,
Ки шуд бар ишқи номарде гирифтор,
Расо як моҳ шуд, хобам дар ин ҷо,
Наомад баҳри дидан ӯ ягон бор.
Ҳамеша лофи аҳди хеш мезад,
Ки "дил бе ту набошад лаҳзае шод!"
Канӣ, охир, канӣ он аҳду паймон?
Накард аз ин дили нохуш даме ёд…
На танҳо вай, ҳазар карданд аз ман,
Ба фикрам, ошноёни дигар ҳам.
Ҳамин ки сар ниҳодам ман ба болин,
Ба наздам рафту омад ҳам бишуд кам.
Сиҳат бошӣ, зи дастат кор ояд,
Ҳама бо ту қарину меҳрубонанд.
Ба рӯзи мушкилат аксар гурезанд,
Раво як ҳолпурсиро надонанд.
Магар мехостам ман дарди силро?
Надонам, аз куҷо ман сил гирифтам.
Чӣ ҳол аст ин? Насими бемурувват,
Чаро меҳри туро дар дил гирифтам?
Чашмони ашколуди худро пок мекунад. Дар даст коғазпечи хурде, Нусрат Саидӣ медарояд.
Салом, эй дӯст! Дар чашмонатон ман
На ашке, ханда дидан мепазирам.
Салом! Ин ашк не… Мехостам ман
Ба мижгон гарди роҳи дӯст гирам.
Вале гарде ба чашмонам даромад,
Ки аз он қатраи ашкам баромад.
(Коғазпечро дароз карда)
Рафиқон орзӯ доранд – зудтар
Шифо ёбед!..
Раҳмат, эй бародар,
Худи бе даст-овез омадан ҳам
Ба назди одами нотоб – доруст!
Шумо бисёр меоед…
Ин кам.
Чаро кам? Ҳафтае ду бор, се бор…
Хиҷолат мекашам. Охир, чӣ даркор?!
Агар ояд дигар кас баҳри дидан,
Намегӯед ин гапро муайян.
Вале ман чун қадам монам ба ин ҷо,
Ба гӯшам мерасад ин тавр гапҳо.
Шумо, Нусрат Саидӣ, одами хуб,
Рафиқи нағз, аммо ман чӣ гӯям?
Шумо аз ман ҷавоби рад шунидед,
Ман одам дораму дар фикри ӯям.
Шумо бисёр меоед, мардум
Аҷаб не, гап кунанд. Охир, ба духтар
На душвор аст гап часпондан…
Афсӯс…
Намехоҳед оям бори дигар?
Шумо бояд маро фаҳмед чун дӯст,
Ба духтарбачча номи нек некӯст.
Бале!.. Мефаҳмам. Аммо рост гӯям,
Фақат бедард дидан орзӯям.
Шуморо чун дили пурсабри пок аст,
Бигӯед, аз гапи мардум чӣ бок аст?
Агар овоза гардад байни мардум,
Ки ман бадроҳу бадгашт, ин дили пок
Дар он сурат надорад чора ҷуз ғам…
На ҳар касро диҳанд ин ақлу идрок!
Чӣ метарсед аз гап?
Чун натарсам?..
Ятон кори баде, охир, накардед.
Табобатхона… Меоянд ёрон,
Ки бинанд дӯстро…
Хуб баччамардед.
Зи ёрон бениҳоят шод ҳастам.
Шумо, Нусрат Саидӣ, шахси ғамхор…
Вале пеши раҳи гапҳои бадро
Гирифтан шарт, бо ҳар роҳу рафтор.
Ба ин андешаю ташвишҳо ман
Намебинам сабаб…
Ҳоҷат надорад.
Агар ояд Насим, бинад шуморо,
Маро бадгашт ҳатман мешуморад.
Намехоҳам чунин гапро шунидан…
Маро маъзур медореду аммо
Равед акнун…
Шифо ёбед, ҷонам,
Тани бедард мехоҳам шуморо!
Саидӣ оҳиста-оҳиста баромада меравад. Малоҳат ғарқи хаёл танҳо мемонад. Саломат меояд.
Салом, эй, гулпарӣ, ҳоли ту хуб аст?
Салом, эй меҳрубонам, ғамгусорам,
Барои диданам боз омадӣ ту?
Туро бинам, фузун гардад мадорам.
Тамоман рангу рӯят тозаву соф,
Рухат хандону хандон гирду атроф.
Сиҳат мебинамат, меболад ин дил,
Ки аз чашмат намудам шавқ ҳосил.
Даме ки чун ту дилбардор ояд,
Тамоми дард аз тан мегурезад.
На танҳо дарди ман, вақте ту ойӣ,
Ғами олам ҳам аз ман мегурезад!
Хабар дорӣ ту аз ҳоли Насимам?
Чаро, охир, намеояд ягон бор?
Магар метарсад ӯ, ки дидан ояд,
Ба дарди ман шавад ногаҳ гирифтор?
Аҷаб не, дар сафар бошад, дугона,
Ту ин андешаҳоро мон, раво нест.
Худам ҳам ин гумонро карда будам,
Насими ман, ба фикрам, бевафо нест.
(Сарвар меояд)
Саломат ҳастӣ, эй ҷону ҷигарбанд?
Саломатҷонамон ҳам дар ҳамин ҷост…
Ба қавли духтури ман, ҳоли ман беҳ,
Пас аз як ҳафта рухсат медиҳандам.
Дар ин ҷо ман зи ҳар доруе, ки
Шифобахшанда бошад – баҳрамандам.
Ҳамин маҳ бар курортам мефиристанд.
Азизам, ман аз ин бисёр хурсанд!
Тамоми духтурон як фикр доранд,
Ки ҳар як дардро бахшанд дармон.
Ба ту, ҷонам, хӯрок оварда будам,
Ки бар ҳамшира додам, бурдаву монд.
Дилам ҳоло намеҷӯяд… Бигӯед,
Чаро Раҳмат наёмад?
Бо акоят
Ба бозор аз барои мева рафтанд.
Ман аз вай шодмонам бениҳоят.
Лабаш пурхандаву шӯхеш бисёр.
Чунон он дафъа хандонид манро…
Тамоми кору бораш хандаовар,
Либоси нав бипӯшонад суханро.
Ғами дунё надорад додари ту,
Китоби нав барои ӯ кифоя.
Худаш як шеър ҳам гуфтаст ин шаб,
Накарда банду басташро риоя…
Аҷаб не, шоири хубе шавад вай.
Кӣ медонад?..
Ҳавас пайдо намудаст,
Худаш бисёр мехонад…
Надонам,
Аён шуд – дар дили ӯ шавқ будаст.
Вале бо як ҳавас пайдо намудан
Нагардад шоирӣ бар кас муяссар.
На ҳар кас мешавад ноил ба ин касб,
Ҳавас дигар ва истеъдод дигар!
Канӣ, даҳсоларо охир намояд,
Ба донишгоҳ баъди он дарояд,
Ягон гап мешавад.
Омад худи ӯ.
Канӣ, охир, акоям нест бо ӯ?!
(Даромада)
Салом! Акнун кифоя хоб кардан,
Магар ин хонаи дамгирӣ?
Дам! Ту
Чаро танҳо? Канӣ Масрур-акоят?
Дучор омад Атобек – ошношон,
Ба ӯ гапхалтаи худро кушода,
Намедонам, чӣ мегуфтанд… бар ман,
Расида меравам ҳозир, бигуфтанд.
(Ба Малоҳат)
Шумо то кай дар ин ҷо монданиед?
Магар бас нест ин кайфу фароғат?
Касал шояд баҳона, гашта маъқул
Ҳавои тоза, ҷон истироҳат…
Ману дарсу шумою дам гирифтан,
Азоб аз мову роҳат аз шумо шуд.
Ба фикрам, хонарӯбӣ, дег шустан
Гурезонд-а?! Тамомаш кори мо шуд!
Ту кай он корҳоро карда будӣ?
Дурӯғ, охир, писарҷонам, чӣ даркор?
Шумо хоби маро, модар, надидед?
Ки дар хобам намудам кор бисёр…
(Хандида)
Укоҷон, хоби ту хоб асту… Ҳозир
Ба мо он шеъри худро гуфта фаҳмон.
Кӣ гуфт инро? Надорам шеър…
Охир,
Ба ман хондӣ-ку!?
Раҳматҷон, биё, хон?
Ба шарте хонам онро – "бад" нагӯед,
"Канӣ мантиқ ё мақсад?" нагӯед.
Ту ҳам акнун ба монанди акоят
Фақат таъриф мехоҳӣ шунидан?
Намехонам. Намонд илҳом аз ин гап,
Акоям дигару дигар касам ман…
Биё, хон, додарам…
Як бори дигар
Намоед илтимос, албатта, хонам.
Намегӯем онро бар ягон кас,
Барои ман бихон, дардат ба ҷонам!
Гапи ширин ба кас бахшад ҳаловат,
Нахонам – ин на аз рӯи адолат.
(Мехонад)
"Баҳорон, навбаҳорон, кӯҳсорон,
Ба мо бахшида садҳо ифтихорон.
Гулистон гашт боғи мактаби мо,
Ки гулҳояш беҳадду канорон…"
(Ҳама механданд)
Чӣ механдед? Гуфтам, ки нахонам…
Аҷаб шеъре навиштӣ, ҷони ширин!
Намо ғайрат. "Канорон", "ифтихорон"
Намегӯянд, инро як худат бин!
"Канорон", "ифтихорон" гар нафорад,
Ана, як шеъри дигарро бихонам.
Ба фикрам, маънии барҷаста дорад,
Хато бошад, шумо гӯед – донам.
(Мехонад)
"Акои ман – Масрур Иноят,
Худашро доимо таъриф намояд.
Агар модар маслиҳат диҳад,
Қаҳр карда, зуд аз дар мебарояд.
(Ханда)
Фақат мегӯяд, ки: "Ман, як худи ман!"
Аз кӯча гардад – мегӯяд ба замин:
"Ман як артисти номдор ҳастам,
Эй замин, гаштани мана бин!"
(Ханда)
Ако, ако – Масрур Иноят,
Ҳама хафа аз рафтори беҷоят.
Барои халқ хизмат кунӣ – ман-манӣ накун,
Ин шеърро ба ту мебахшад Раҳмат – укоят!"
(Ҳама механданд)
Намебинам дар ин ҷо вазнро ман,
Вале шеърат кирои шеър гуфтан.
Нафаҳмонед инро бар акоям,
Ҳаминро аз шумо хоҳиш намоям.
Масрур ва Атобек меоянд, Раҳмат мегурезад. Саломат саросема баромада меравад. Малоҳат дар ҳайрат.
Саломат!!!
Нағзӣ, хоҳар?
Нағз, акоҷон.
Тамоман рангу рӯят тоза, хоҳар.
(Ба Масрур)
Писарҷон, мекунам такрор аз нав,
Ту дар назди Малоҳат як сухан гӯй.
Маро модар шуморӣ, дар ҳамин сол
Ту бояд зан гирӣ, бояд шавад тӯй.
Чӣ мегӯӣ худат?
Бинем, модар.
Даруни синаам як ғам ниҳон аст,
Муаммои чигил, чун ҳал шавад он…
Чӣ ғам дорӣ?
Ғаме – аз ҳад калон аст.
Чӣ ғам бошад, ки он…
Эй хоҳари ҷон,
Хаёлам бастаи зулфи дигар кас…
(Бо киноя)
Чӣ шуд "ишқи Саломат дар дилам бас"?
Чӣ мегӯӣ? Каси дигар? Гапи нав…
Саломат дӯст медорад шуморо.
Маро фикри Саломат нест ҳозир.
Бигӯ ту мақсадатро ошкоро!
Чаро аз модарат пинҳон намоӣ?
Наям шахсан худи ман ҳеҷ розӣ.
Бигӯ, модар, Малоҳат ҳам бифаҳманд,
Гумон кардӣ, ки ин фикри ту бозӣ?
Канӣ, фаҳмон дилатро!
Дар дили ман…
Чӣ гӯям, ки Шумо фаҳмед, модар?
Шифо ёбад Малоҳат, дар ҳамон вақт
Кушоям наздатон дилро саросар…
(Малоҳатро мебӯсаду рафтанӣ мешавад)
Ту ҳозир гӯй, он чӣ дар дилат ҳаст,
Бигӯ, ки дар дилат ишқи кӣ пайваст?
Малоҳат шифо ёбад,
Сонӣ мегӯям, модар.
Ҳозир напурсед аз ман
Ҷою номи он дилбар…
Рухсат, хоҳари ғамхор,
Меравам ба ҷои кор…
Барои он ки дидан омадетон –
Ташаккур!
Ҳо, писарҷонам, ту фаҳмон!
Бахти ман ҳам дар саҳна,
Тахти ман ҳам дар саҳна,
Кори ман ҳам дар саҳна,
Ёри ман ҳам дар саҳна!
Зиндагониам – саҳна,
Ҷовидониам – саҳна!
Ба Атобек ишораи рафтан мекунаду равон мешавад.
Атобек чанд қадам монда, ба Сарвару Малоҳат рӯй мегардонад.
Оре, оре… Дар саҳна!
(Меравад. Сарвару Малоҳат ба ҳамдигар саволомез менигаранд).
Охири намоиши чорум
Малоҳат
Ба ҳар фаввораат дил месупорам,
Зи ҳар як ҷастанат сад шавқ дорам.
Туро бинам, ки боло мебароӣ,
Ғами дилро ба поён мефарорам.
Ту меойӣ зи байни кӯҳсорон,
Ғизои боғ ту, ҳусни баҳорон.
Ба замми корҳои беназират –
Бишӯӣ ғам зи дил чун ғамгусорон!
(Аз ҷо мехезад, қадам мезанад)
Табиат он чӣ зебо – офаридаст,
Баҳору кӯҳу дарё офаридаст…
Агар дар синаам ин дил намешуд,
Барои ман ғаме ҳосил намешуд.
Ғам аз бемеҳрии дилбар набошад,
Давои дарди ман мушкил намешуд.
Дили ман содаву гумроҳ будаст,
Ки шуд бар ишқи номарде гирифтор,
Расо як моҳ шуд, хобам дар ин ҷо,
Наомад баҳри дидан ӯ ягон бор.
Ҳамеша лофи аҳди хеш мезад,
Ки "дил бе ту набошад лаҳзае шод!"
Канӣ, охир, канӣ он аҳду паймон?
Накард аз ин дили нохуш даме ёд…
На танҳо вай, ҳазар карданд аз ман,
Ба фикрам, ошноёни дигар ҳам.
Ҳамин ки сар ниҳодам ман ба болин,
Ба наздам рафту омад ҳам бишуд кам.
Сиҳат бошӣ, зи дастат кор ояд,
Ҳама бо ту қарину меҳрубонанд.
Ба рӯзи мушкилат аксар гурезанд,
Раво як ҳолпурсиро надонанд.
Магар мехостам ман дарди силро?
Надонам, аз куҷо ман сил гирифтам.
Чӣ ҳол аст ин? Насими бемурувват,
Чаро меҳри туро дар дил гирифтам?
Чашмони ашколуди худро пок мекунад. Дар даст коғазпечи хурде, Нусрат Саидӣ медарояд.
Нусрат
Салом, эй дӯст! Дар чашмонатон ман
На ашке, ханда дидан мепазирам.
Малоҳат
Салом! Ин ашк не… Мехостам ман
Ба мижгон гарди роҳи дӯст гирам.
Вале гарде ба чашмонам даромад,
Ки аз он қатраи ашкам баромад.
Нусрат
(Коғазпечро дароз карда)
Рафиқон орзӯ доранд – зудтар
Шифо ёбед!..
Малоҳат
Раҳмат, эй бародар,
Худи бе даст-овез омадан ҳам
Ба назди одами нотоб – доруст!
Шумо бисёр меоед…
Нусрат
Ин кам.
Малоҳат
Чаро кам? Ҳафтае ду бор, се бор…
Хиҷолат мекашам. Охир, чӣ даркор?!
Нусрат
Агар ояд дигар кас баҳри дидан,
Намегӯед ин гапро муайян.
Вале ман чун қадам монам ба ин ҷо,
Ба гӯшам мерасад ин тавр гапҳо.
Малоҳат
Шумо, Нусрат Саидӣ, одами хуб,
Рафиқи нағз, аммо ман чӣ гӯям?
Шумо аз ман ҷавоби рад шунидед,
Ман одам дораму дар фикри ӯям.
Шумо бисёр меоед, мардум
Аҷаб не, гап кунанд. Охир, ба духтар
На душвор аст гап часпондан…
Нусрат
Афсӯс…
Намехоҳед оям бори дигар?
Малоҳат
Шумо бояд маро фаҳмед чун дӯст,
Ба духтарбачча номи нек некӯст.
Нусрат
Бале!.. Мефаҳмам. Аммо рост гӯям,
Фақат бедард дидан орзӯям.
Шуморо чун дили пурсабри пок аст,
Бигӯед, аз гапи мардум чӣ бок аст?
Малоҳат
Агар овоза гардад байни мардум,
Ки ман бадроҳу бадгашт, ин дили пок
Дар он сурат надорад чора ҷуз ғам…
На ҳар касро диҳанд ин ақлу идрок!
Нусрат
Чӣ метарсед аз гап?
Малоҳат
Чун натарсам?..
Нусрат
Ятон кори баде, охир, накардед.
Табобатхона… Меоянд ёрон,
Ки бинанд дӯстро…
Малоҳат
Хуб баччамардед.
Зи ёрон бениҳоят шод ҳастам.
Шумо, Нусрат Саидӣ, шахси ғамхор…
Вале пеши раҳи гапҳои бадро
Гирифтан шарт, бо ҳар роҳу рафтор.
Нусрат
Ба ин андешаю ташвишҳо ман
Намебинам сабаб…
Малоҳат
Ҳоҷат надорад.
Агар ояд Насим, бинад шуморо,
Маро бадгашт ҳатман мешуморад.
Намехоҳам чунин гапро шунидан…
Маро маъзур медореду аммо
Равед акнун…
Нусрат
Шифо ёбед, ҷонам,
Тани бедард мехоҳам шуморо!
Саидӣ оҳиста-оҳиста баромада меравад. Малоҳат ғарқи хаёл танҳо мемонад. Саломат меояд.
Саломат
Салом, эй, гулпарӣ, ҳоли ту хуб аст?
Малоҳат
Салом, эй меҳрубонам, ғамгусорам,
Барои диданам боз омадӣ ту?
Туро бинам, фузун гардад мадорам.
Саломат
Тамоман рангу рӯят тозаву соф,
Рухат хандону хандон гирду атроф.
Сиҳат мебинамат, меболад ин дил,
Ки аз чашмат намудам шавқ ҳосил.
Малоҳат
Даме ки чун ту дилбардор ояд,
Тамоми дард аз тан мегурезад.
На танҳо дарди ман, вақте ту ойӣ,
Ғами олам ҳам аз ман мегурезад!
Хабар дорӣ ту аз ҳоли Насимам?
Чаро, охир, намеояд ягон бор?
Магар метарсад ӯ, ки дидан ояд,
Ба дарди ман шавад ногаҳ гирифтор?
Саломат
Аҷаб не, дар сафар бошад, дугона,
Ту ин андешаҳоро мон, раво нест.
Малоҳат
Худам ҳам ин гумонро карда будам,
Насими ман, ба фикрам, бевафо нест.
(Сарвар меояд)
Сарвар
Саломат ҳастӣ, эй ҷону ҷигарбанд?
Саломатҷонамон ҳам дар ҳамин ҷост…
Малоҳат
Ба қавли духтури ман, ҳоли ман беҳ,
Пас аз як ҳафта рухсат медиҳандам.
Дар ин ҷо ман зи ҳар доруе, ки
Шифобахшанда бошад – баҳрамандам.
Ҳамин маҳ бар курортам мефиристанд.
Сарвар
Азизам, ман аз ин бисёр хурсанд!
Саломат
Тамоми духтурон як фикр доранд,
Ки ҳар як дардро бахшанд дармон.
Сарвар
Ба ту, ҷонам, хӯрок оварда будам,
Ки бар ҳамшира додам, бурдаву монд.
Малоҳат
Дилам ҳоло намеҷӯяд… Бигӯед,
Чаро Раҳмат наёмад?
Сарвар
Бо акоят
Ба бозор аз барои мева рафтанд.
Малоҳат
Ман аз вай шодмонам бениҳоят.
Саломат
Лабаш пурхандаву шӯхеш бисёр.
Малоҳат
Чунон он дафъа хандонид манро…
Саломат
Тамоми кору бораш хандаовар,
Либоси нав бипӯшонад суханро.
Сарвар
Ғами дунё надорад додари ту,
Китоби нав барои ӯ кифоя.
Худаш як шеър ҳам гуфтаст ин шаб,
Накарда банду басташро риоя…
Саломат
Аҷаб не, шоири хубе шавад вай.
Сарвар
Кӣ медонад?..
Малоҳат
Ҳавас пайдо намудаст,
Худаш бисёр мехонад…
Сарвар
Надонам,
Аён шуд – дар дили ӯ шавқ будаст.
Вале бо як ҳавас пайдо намудан
Нагардад шоирӣ бар кас муяссар.
На ҳар кас мешавад ноил ба ин касб,
Ҳавас дигар ва истеъдод дигар!
Канӣ, даҳсоларо охир намояд,
Ба донишгоҳ баъди он дарояд,
Ягон гап мешавад.
Саломат
Омад худи ӯ.
Малоҳат
Канӣ, охир, акоям нест бо ӯ?!
Раҳмат
(Даромада)
Салом! Акнун кифоя хоб кардан,
Магар ин хонаи дамгирӣ?
Сарвар
Дам! Ту
Чаро танҳо? Канӣ Масрур-акоят?
Раҳмат
Дучор омад Атобек – ошношон,
Ба ӯ гапхалтаи худро кушода,
Намедонам, чӣ мегуфтанд… бар ман,
Расида меравам ҳозир, бигуфтанд.
(Ба Малоҳат)
Шумо то кай дар ин ҷо монданиед?
Магар бас нест ин кайфу фароғат?
Касал шояд баҳона, гашта маъқул
Ҳавои тоза, ҷон истироҳат…
Ману дарсу шумою дам гирифтан,
Азоб аз мову роҳат аз шумо шуд.
Ба фикрам, хонарӯбӣ, дег шустан
Гурезонд-а?! Тамомаш кори мо шуд!
Сарвар
Ту кай он корҳоро карда будӣ?
Дурӯғ, охир, писарҷонам, чӣ даркор?
Раҳмат
Шумо хоби маро, модар, надидед?
Ки дар хобам намудам кор бисёр…
Малоҳат
(Хандида)
Укоҷон, хоби ту хоб асту… Ҳозир
Ба мо он шеъри худро гуфта фаҳмон.
Раҳмат
Кӣ гуфт инро? Надорам шеър…
Сарвар
Охир,
Ба ман хондӣ-ку!?
Саломат
Раҳматҷон, биё, хон?
Раҳмат
Ба шарте хонам онро – "бад" нагӯед,
"Канӣ мантиқ ё мақсад?" нагӯед.
Сарвар
Ту ҳам акнун ба монанди акоят
Фақат таъриф мехоҳӣ шунидан?
Раҳмат
Намехонам. Намонд илҳом аз ин гап,
Акоям дигару дигар касам ман…
Саломат
Биё, хон, додарам…
Раҳмат
Як бори дигар
Намоед илтимос, албатта, хонам.
Малоҳат
Намегӯем онро бар ягон кас,
Барои ман бихон, дардат ба ҷонам!
Раҳмат
Гапи ширин ба кас бахшад ҳаловат,
Нахонам – ин на аз рӯи адолат.
(Мехонад)
"Баҳорон, навбаҳорон, кӯҳсорон,
Ба мо бахшида садҳо ифтихорон.
Гулистон гашт боғи мактаби мо,
Ки гулҳояш беҳадду канорон…"
(Ҳама механданд)
Чӣ механдед? Гуфтам, ки нахонам…
Малоҳат
Аҷаб шеъре навиштӣ, ҷони ширин!
Намо ғайрат. "Канорон", "ифтихорон"
Намегӯянд, инро як худат бин!
Раҳмат
"Канорон", "ифтихорон" гар нафорад,
Ана, як шеъри дигарро бихонам.
Ба фикрам, маънии барҷаста дорад,
Хато бошад, шумо гӯед – донам.
(Мехонад)
"Акои ман – Масрур Иноят,
Худашро доимо таъриф намояд.
Агар модар маслиҳат диҳад,
Қаҳр карда, зуд аз дар мебарояд.
(Ханда)
Фақат мегӯяд, ки: "Ман, як худи ман!"
Аз кӯча гардад – мегӯяд ба замин:
"Ман як артисти номдор ҳастам,
Эй замин, гаштани мана бин!"
(Ханда)
Ако, ако – Масрур Иноят,
Ҳама хафа аз рафтори беҷоят.
Барои халқ хизмат кунӣ – ман-манӣ накун,
Ин шеърро ба ту мебахшад Раҳмат – укоят!"
(Ҳама механданд)
Сарвар
Намебинам дар ин ҷо вазнро ман,
Вале шеърат кирои шеър гуфтан.
Раҳмат
Нафаҳмонед инро бар акоям,
Ҳаминро аз шумо хоҳиш намоям.
Масрур ва Атобек меоянд, Раҳмат мегурезад. Саломат саросема баромада меравад. Малоҳат дар ҳайрат.
Малоҳат
Саломат!!!
Масрур
Нағзӣ, хоҳар?
Малоҳат
Нағз, акоҷон.
Атобек
Тамоман рангу рӯят тоза, хоҳар.
Сарвар
(Ба Масрур)
Писарҷон, мекунам такрор аз нав,
Ту дар назди Малоҳат як сухан гӯй.
Маро модар шуморӣ, дар ҳамин сол
Ту бояд зан гирӣ, бояд шавад тӯй.
Чӣ мегӯӣ худат?
Масрур
Бинем, модар.
Даруни синаам як ғам ниҳон аст,
Муаммои чигил, чун ҳал шавад он…
Сарвар
Чӣ ғам дорӣ?
Масрур
Ғаме – аз ҳад калон аст.
Малоҳат
Чӣ ғам бошад, ки он…
Масрур
Эй хоҳари ҷон,
Хаёлам бастаи зулфи дигар кас…
Малоҳат
(Бо киноя)
Чӣ шуд "ишқи Саломат дар дилам бас"?
Сарвар
Чӣ мегӯӣ? Каси дигар? Гапи нав…
Малоҳат
Саломат дӯст медорад шуморо.
Масрур
Маро фикри Саломат нест ҳозир.
Атобек
Бигӯ ту мақсадатро ошкоро!
Чаро аз модарат пинҳон намоӣ?
Наям шахсан худи ман ҳеҷ розӣ.
Бигӯ, модар, Малоҳат ҳам бифаҳманд,
Гумон кардӣ, ки ин фикри ту бозӣ?
Сарвар
Канӣ, фаҳмон дилатро!
Масрур
Дар дили ман…
Чӣ гӯям, ки Шумо фаҳмед, модар?
Шифо ёбад Малоҳат, дар ҳамон вақт
Кушоям наздатон дилро саросар…
(Малоҳатро мебӯсаду рафтанӣ мешавад)
Сарвар
Ту ҳозир гӯй, он чӣ дар дилат ҳаст,
Бигӯ, ки дар дилат ишқи кӣ пайваст?
Масрур
Малоҳат шифо ёбад,
Сонӣ мегӯям, модар.
Ҳозир напурсед аз ман
Ҷою номи он дилбар…
Рухсат, хоҳари ғамхор,
Меравам ба ҷои кор…
Малоҳат
Барои он ки дидан омадетон –
Ташаккур!
Сарвар
Ҳо, писарҷонам, ту фаҳмон!
Масрур
Бахти ман ҳам дар саҳна,
Тахти ман ҳам дар саҳна,
Кори ман ҳам дар саҳна,
Ёри ман ҳам дар саҳна!
Зиндагониам – саҳна,
Ҷовидониам – саҳна!
Ба Атобек ишораи рафтан мекунаду равон мешавад.
Атобек чанд қадам монда, ба Сарвару Малоҳат рӯй мегардонад.
Атобек
Оре, оре… Дар саҳна!
(Меравад. Сарвару Малоҳат ба ҳамдигар саволомез менигаранд).
Охири намоиши чорум