Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил -

НАМОИШИ СЕЮМ



Як канори боғи хушманзарае, ки сайргоҳи мардуми шаҳр аст. Гашти рӯз… Дар саҳна Ҳилол ва Дилшод.
Ҳилол маъюсона чашмонашро ба кӯҳҳо дӯхтааст…
Ҳилол


Туро фаҳмиданам душвор гардид…
Барои сайру гашт оварда будӣ?
Надонам, ин ҳақорат ё навозиш,
Ки аз нав ғурбатеро сар намудӣ.
Дилшод


Ҳилолам, мову ту бори нахустин
Дар ин ҷо аҳду паймон баста будем.
Ба ёдат ҳаст он шаб, он шаби хуш,
Дар ин ҷо то саҳар биншаста будем?
Пас аз он борҳо бо хандаи дил
Гузаштем аз ҳамин ҷо, шод будем.
Ба рӯи гул назар афканда шодон,
Гаҳе бо шавқи дил бӯ менамудем.

(Ҳилол гиря мекунад)

Вале имрӯз дар чашмони пурашк,
Дар он лабҳои холӣ аз табассум,
Нишон аз он шаби пуришқ ҷӯям,
Ки байни оташ онро кардаам гум.
Намеёбам ягон осор аз он шаб,
Ки равшантар буд аз моҳу ситора.
Куҷо шуд он муҳаббат, ки дар он шаб
Ба сӯи бахтамон мекард ишора?!
Ҳилол


Шаби паймони ишқи бебарорам
Дар ин ҷо буд, оре, ёд дорам.
Дилшод


Туро зан кардаму месӯзам акнун,
Дилам дар байни хокистар ниҳон аст.
Ҳилол


Ба ту ман зан шудам, аммо чӣ дидам?
Зи бастат боғи умри ман хазон аст…
Магар он шаб забони ҳарфбозат,
Забони рӯякӣ дилбарнавозат,
Ки ман он шаб намедонистам онро,
Накард арзи вафои ҷовидонро?
Кунун байни ду гап сад таъна дорӣ,
Чаро, охир, диҳӣ ин қадр хорӣ?
Дилшод


Нахоҳам назди он Масрур бошӣ,
Ту бояд, ки зи саҳна дур бошӣ!
Ҳилол


Агар ту дар чунин андеша будӣ,
Чаро дониста манро зан намудӣ?
Дилшод


Маро дар оташи рашкат насӯзон,
Биё, ин касби худро як тараф мон.
Ту аз дашному мушти ман ҳазар кун,
Агар хоҳӣ маро, касбат дигар кун!
Ҳилол


Ба дил зад таънаю таҳдид, Дилшод,
Агар монӣ, нафас гирем озод.
Ба ин аҳвол ман тоқат надорам.
Худоё, қисмати носозгорам…
Агар тарс аз гапи мардум набошад,
Дар оғӯши дил ишқи шум набошад,
Агар он риштаи пайванд – фарзанд
Набошад, ин азобу ғусса то чанд?
Зи ту як бор рафтам…
Дилшод


Омадӣ боз.
Ҳилол


Чӣ бешармӣ!.. Ҳамон гапро задӣ боз?
Маро бо ҳоли худ камтар намондӣ,
Магар дар пеши поям сар намондӣ?
Магар бо рафтуои ақрабоят
Накардӣ танг ҳолам бениҳоят?
Начаспидӣ ба фарзанди ягона?
Нагуфтӣ бо забони кӯдакона:
"Наёзолам дигал ман модалатло,
Набинам, ҷонакам, далди салатло"?
Дилшод


Агар гуфтам, дар он дам маст будам,
Ҳар он чӣ хоси мастон ҳаст, будам.
Худат андеша кун, хоҳӣ, ки дигар
Набинӣ чашми худ, чашми маро тар,
Баро аз баҳри санъат!
Ҳилол


Ҳой, Дилшод,
Чаро ҳар дам кунӣ як нағма эҷод?
Кӣ мегӯяд туро – санъатшиносӣ?
Ту мехоҳӣ зи санъат дур созӣ?..
Дилшод


Намехоҳам, ки бинам рӯи саҳна
Туро дар ишқбозию карашма.
Намехоҳам, агарчандест бозӣ,
Ту бо Масрур созию навозӣ.
Ба вақти бозиат ҳар вақт оям,
На саҳна, ростӣ бовар намоям.
Даруни оташи рашкат нишинам?
Намехоҳам туро бо ӯ бубинам…
Ҳамин гап!

Дилшод баромада меравад. Ҳилол ғарқи хаёл ба нуқтае чашм дӯхта, аз рафтани вай бехабар мемонад. Дар ҳамин фурсат Масрур ва Атобек хандон аз тарафи дигар ба саҳна дохил мешаванд.
Масрур

(Ба Ҳилол)

Офтобам, модари ту
Маро сарсону саргардон намудаст.
Ман аз ишқи ту месӯзам дар оташ,
Ки ин ҳам баҳри ошиқ бахт будаст.
Ҳилол

(Масрурро дида)

Шумо дар саҳна не!.. Дилшод! Дилшод!!!

(Тозон меравад)
Масрур


Худоё, умру ҷонат бобақо бод!
Атобек, ин ҳилоли саҳнаро бин,
Чунон хуб аст бо ӯ бозӣ кардан.
Барояд гар ба роли маъшуқ, аз ҷон
Даруни саҳна ошиқ мешавам ман.
Атобек


Агар бозии ту ин аст ҳозир,
Яқин, ки мешавӣ устоди моҳир.
Масрур


Биё, шин, ҷӯра. Ман як дӯст дорам,
Ки он ҳам ту, ба дониш бемисолӣ.
Ту доим бохабар аз санъати ман,
Ки мегӯӣ ба шаънам фикри олӣ.
Ту инро дар театр рафта фаҳмон,
Калонҳои театр то бидонанд.
Ҳама пиранду истеъдодашон нест,
Аз ин рӯ ҳам ба зидди ман равонанд.
Чунон ҳам нотавонбинон зиёданд,
Ҷавон ин, – гуфта, унвонам надоданд.
Ту дорӣ дар газета дӯстоне,
Маро таъриф кардан метавонӣ.
Магар ман носазоворам, бифаҳмон?
Навис, охир, ту бар қасди ҳасудон!
Атобек

(Бо киноя)

Агар шоир нависад достоне,
Шавӣ дар сад асар ҳам қаҳрамоне,
Барои ту кам аст инҳо…
Масрур


Бародар,
Маро коҳиш намуд он рӯз модар,
Ки гӯё худсито, мағрур бошам.
Шунидам ин сухан ҳатто зи хоҳар…
Атобек


Гапи онҳо ҳам, охир, рост, ҷӯра,
Ту истеъдод дорӣ… Ҳо! Дуруст аст,
Валекин сад грамм аз худситоӣ
Ба хунат ҳаст, инаш нодуруст аст.
Масрур

(Ранҷида)

Атобек, ин қадар дурӯя ҳастӣ,
Гаҳе боло барӣ, гоҳе ба пастӣ.
Атобек


Замин ҳоло макони одамон аст!
Агар боло равӣ ту – осмон аст.
Бигуфтам айби ту – ношод гаштӣ,
Даме таъриф кардам – шод гаштӣ.
Аз он пас дигар айбатро нагуфтам,
Шунидам аз дигарҳо ҳам, нуҳуфтам.
Валекин фикри ман, аслан, чунин аст,
Ки ҷои корубори ту замин аст.
Агар номат равад боло аз ахтар,
Худат ҳаргиз нарав боло, бародар!
Масрур


Тасаввур менамудам – хоксорӣ,
Ки дар дил кинае ҳаргиз надорӣ.
Ту ҳам хело-ку!..
Атобек

(Хандида)

Роли ошиқона
Ба ту зебидагӣ, ҳастӣ ягона.
Валекин дар ҳаёт андак дигар ту,
Ки аз ишқу муҳаббат бехабар ту.
Ба танҳоет месӯзам, бародар!
Масрур


Рафоқат ин бувад. Ин фикри дигар…
Худи ман ҳам дар ин фикру хаёлам,
Зи шарти модарам танг аст ҳолам.
Вале як ишқи пинҳонест дар дил,
Ки ҳайронам… Басе ин роҳ мушкил!

(Аз як тараф Раҳмат меояд)
Раҳмат


Акоҷон, ҳавлиашро рафта дидам,
Худи вайро дар он ҷо ман надидам.
Атобек


Куҷо рафтӣ?

Раҳмат


Ба ҳавлии Саломат.
Масрур


Куҷо мерафт рӯзи истироҳат?
Напурсидӣ?..
Раҳмат


Бипурсидам, нагуфтанд,
Магар ҷои варо аз ман нуҳуфтанд.
Атобек


Худат бояд, ки мерафтӣ барояш,
Муаммое дар ин кас мондани туст.
Масрур


Нарафтам, чунки ин даъват намудан
На баҳри гардишу хандондани ӯст.

(Ба Раҳмат)

Ту озод, аз паи кори худат шав.

Раҳмат, Масрур, Атобек мераванд. Саҳна даме холӣ мемонад. Саломат меояд. Вай ба ҳар тараф бо диққат назар меандозад.
Саломат


Ба вай ман гуфта будам бо телефон,
Барои омадан ҳам дод паймон.
Намудам ҷою соатро муайян,
Дар ин ҷо нест ӯ… Пеш омадам ман?

Аз дур суруди Насим ба гӯш мерасад. Саломат худро пинҳон мекунад.


Суруди Насим


Эй насим, аз ту даруни дилу ҷон дорам рашк,
Дилу ҷон кам, ба ҳама узв аён дорам рашк!
Ман ҳам, охир, ба ту ҳамному фақат дар раҳи туст
Бӯи хуш, хандаи гулҳои замон, дорам рашк.
Аз гуле бар гули дигар қадаме бинҳода
Боғро мегузарӣ бӯсакунон, дорам рашк.
Ба ту ҷоиз шуда, гӯӣ ки: "Зи ҳар гул бӯе",
Дасткӯтоҳии ман бин ту, аз он дорам рашк!

Ба саҳна медарояд. Ҳар тарафро мекобад. Аз як гӯша Саломат мебарояд.
Саломат


Салом! Аз ҳар гуле бӯе туро хуш?
Яке не, даҳ сари мӯе туро хуш?
Насим


Азизам, ассалом! Ин як суруд аст,
Кадом ошуфта вақте гуфта будаст.
Саломат


Шунидам аз дилат ман нолаву оҳ,
Ки дар ин соҳа будӣ дасткӯтоҳ…

(Кунҷковона)

Хабар дорӣ, ту аз ҳоли Малоҳат?
Маро аз ҳоли ӯ бинмой огоҳ.
Насим


Ту ҳазлу шӯхиатро мон, Саломат,
Нагӯ дар назди ман номи Малоҳат!
Басо шодам, ки ту даъват намудӣ,
Намебинӣ расидам ман ба зудӣ?
Гапатро гӯй, сар то пой гӯшам,
Бигӯ зудтар, ки мисли чашма ҷӯшам.

Саломат


Гумон кардам, ки аз ҳоли Малоҳат
Хабар дорию мегӯй бароям.
Набудам ман… Барои ҳолпурсӣ
Раво дидам туро даъват намоям.
Насим


Маро месанҷӣ? Майлаш санҷ, ҷонам,
Ки аз ту дилработар кас надидам.
Аз аввал ҳам дили ман буд бо ту,
Аз аввал ҳам ту будӣ, ту – умедам!
Туро доим Малоҳат ганда карда,
Маро гардонд аз меҳри нахустин.
Дилаш, ки пок не, шуд силкасал ӯ,
Ғами ӯро надорам, ёри ширин!
Саломат


Бале, санҷидамат…
Насим


Ман моили ту.
Саломат


Аён шуд пеши чашмонам дили ту!
Насим


Акои ӯ каси ноустувор аст,
Биё, акнун ту бо ман меҳрубон шав.

(Ба оғӯш кашиданӣ мешавад)

Аҷаб не, ки акояш ҳам касал – сил,
Намо парҳезу бо ман ёри ҷон шав!

(Саломат бо қаҳру ҷаҳл Насимро сахт тела медиҳад. Вай меафтад.)

Саломат


Ту ҳам, охир, касал будӣ, Малоҳат
Ягон дам ҳам намедонист роҳат…
Умеди вай магар аз ту чунин буд?
Чаро роҳи табобатхона паймуд?
Аҷаб не, боиси ин дарди вай ҳам
Ту бошӣ, беҳаё, номарди шайтон!
Касал шуд – мегурезӣ? Туф ба рӯят!
Ба даст овардани ман нест осон…

(Бо ҷаҳл баромада меравад)
Насим


Тамоми корро расво намудам,
Маро шарманда кардан метавонад.
Бало зад! Рафта гӯям: "Ҳазл кардам",
Вагарна бар Малоҳат мерасонад…

Тозон меравад. Аз тарафи Масрур ва Атобек ба саҳна медароянд. Чашми Масрур ба тарафи Насим рафтагӣ дӯхта шудааст.
Масрур


Атобек, он тараф боре назар кун,
Зи пушти Лайлӣ дар тоз аст Маҷнун!
Атобек


Саломат бо Насим?
Масрур


Оре, бародар,
Худат дидӣ, бигӯй инро ба модар…
Намо бовар, ки аз табъи дилам шуд,
Ҳар он чӣ хостам ман – ҳосилам шуд.
Атобек


Аҷоиб!.. Мумкин ин ҷо сеҳр бошад?
Масрур


Бимон ту "сеҳр" бошад, "меҳр" бошад!
Кунун фаҳмидӣ, аз чӣ дил гирифтам,
Пас аз он як раҳи мушкил гирифтам?
Атобек


Канӣ, фаҳмем, он дилбар куҷоист?
Масрур


Ҳилол!
Атобек


А? Рост? Ин роҳи хатоест.
Магар зад ақлу идроки туро занг?
Дилатро ё ки бинмуданд аз санг?
Вай, охир, шавҳару фарзанд дорад,
Ба шавҳар риштаи пайванд дорад…
Масрур


Тамоми ин барои ман аён аст,
Ки дар пеши раҳам садди калон аст.
Валекин фикру ёдам банд бо ӯ,
Дили бебоки ман пайванд бо ӯ.
Шудам дар саҳна ман дар роли ошиқ,
Намудам бозии аҳволи ошиқ.
Худамро ногаҳон кардам фаромӯш,
Ки бар ишқаш дилам бикшод оғӯш.
Атобек

(Ҷиддӣ)

Намо аз сар ту ин андешаро дур,
Ҳамин девонагӣ кам буд, Масрур!
Хабар ёбад зи фикрат шавҳари ӯ,
Расад як моҷарое бар сари ӯ.
Писар дорад, писар! Инсоф дорӣ?
Саломатро ба ҳолаш мегузорӣ?

Масрур


Ту ин фикри маро пинҳон нигаҳ дор,
Нагӯй ин розро зинҳор, зинҳор!
Дил, охир, нест дар фармони одам…
Атобек


Намесозад қабул виҷдони одам,
Ки ту як ғурбате барпо намоӣ
Ва худро бо ҳамин расво намоӣ.
Масрур


Худат гӯй, ин Ҳилоли осмонӣ
Наярзад, ки ба роҳаш ҷон фишонӣ?
Магар гулҳои боғ аз вай накӯтар,
Магар бошад кас аз вай дӯстрӯтар?
Магар ман камтарам аз шавҳари ӯ?
Атобек


Магар дар хоб будӣ пештар ту?
Масрур


Ҳилолу дар ғамаш дил пора кардан,
Ба ёдаш хешро овора кардан,
Ба сар бори хаёлашро кашидан,
Маи базми висолашро чашидан
Ягона орзуи ман, бародар,
Надорам ман ба ҷуз ин фикри дигар!
Атобек


Ба ин дарди ту дорам ман давое.
Масрур


Бигӯ зудтар!
Атобек


Бигӯям, гар ризоӣ…
Масрур


Ризо ман, гӯй.
Атобек


Доруи ягона,
Давои дарди ту – де-во-на-хона!
Масрур

(Бо қаҳр)

Чӣ гуфтӣ?
Атобек


Гуфтамат, ки, эй бародар,
Ба ин дардат давое нест дигар!

Атобек даст афшонда, меравад. Масрур бо ғазаб аз паи ӯ метозад.

Охири намоиши сеюм




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »