ПЕШПАРДА
Пеш-пеш Саломат ва аз паи вай Сарвар ба саҳна медароянд.
Сарвар
Саломатҷонакам!
Саломат
Лаббай!
Сарвар
Намо гӯш,
Ба ташвиш мондаам…
Саломат
Охир, чӣ ташвиш?!
Сарвар
Гаҳе оям ба ҳуш ман, гоҳ беҳуш…
Азизам, бар ту дорам як супориш.
Саломат
Бифармоед!.. Агар ояд зи дастам,
Ба иҷрояш миёни хеш бастам.
Агар иҷро намоям амратонро,
Ба чашми дигаре бинам ҷаҳонро.
Муаллима, на танҳо як супориш,
Агар бошад ду сад, иҷро намоям.
Сарвар
Аҷаб не, андаке душвор бошад…
Саломат
Канӣ?! Аз ӯҳдааш шояд бароям!
Сарвар
Ту, ҷонам, бо Малоҳат – хоҳаронед,
Яке тан, дигаре монанди ҷонед.
Ба қавли духтур – ӯ бояд наранҷад,
Агар вай зиқ шавад – ҳолаш шавад бад.
Барои ин, азизам, ту ба ҳар роҳ
Насимро бину шав аз қалбаш огоҳ.
Ба назди вай намерафтаст, охир,
Замони дуркашиаш нест ҳозир.
Муҳаббат кори ҳазлу шӯхие нест,
Сабаб бар инчунин дурии ӯ чист?!
Саломат
Муаллима, Шумо осуда бошед,
Паи санҷиданаш ман роҳ ҷӯям.
Сарвар
Ту, зинҳор, аз Малоҳат дор махфӣ.
Саломат
Худаш пурсад ҳам, ин сирро нагӯям.
Сарвар
(Бо табассум)
Туро ман дӯст медорам, ки гуфтам,
Саломат бош, ҷони ман Саломат.
Зи раҳ монондамат?
Саломат
Ин гап нагӯед.
Сарвар
Ба ҷое ман равонам, деҳ, иҷозат!
Саломат
Шумо бошед аз ин бехавотир!..
(Сарвар меравад. Саломат танҳо мемонад)
Паи ин кор ҷӯям ман чӣ тадбир?
Магар таъйин бинмоям мулоқот?
Чӣ мегӯяд ба ин он бефаросот?!
Агар Масрур бинад ҳамраҳи ӯ?..
Малоҳат, ин барои шодии ту!!!
(Меравад)