НАМОИШИ ДУЮМ
Манзараи аввала. Ҳамон хона, вале каме тағйир ёфтааст. Дар як тараф столи хурди кор, ки дар паси он Сарвар нишаста, дар нури лампаи рӯи столӣ дафтарҳои шогирдонашро тафтиш мекунад. Дар чашмонаш айнак дорад. Дар гӯшаи дигар кати хурдест, ки дар он Малоҳат бо чашми кушода хобидааст. Саҳари барвақт. Аз паси тиреза чаҳ-чаҳи мурғони саҳар ба гӯш мерасад. Сарвар баъди дида баромадани дафтари охирин қаламро болои стол гузошта, аз ҷо мехезаду нӯги по ба Малоҳат наздик мешавад ва болои вайро мепӯшад. Малоҳат аз наздик омадани модараш пай бурда, чашмонашро маҳкам мекунад.
Оҳиста-оҳиста саҳар мешавад.
(Ғарқи хаёл)
Дили модар! Дили пурсабри модар
Тамоми умр нарму софу беғаш.
Вале бо фикри фарзандон ҳамеша
Чунин дил монда байни обу оташ.
Ба фикри он, ки меояд калонӣ,
Тамоми шаб нишастам, дар набастам.
Муҷаррад, касбу кораш кӯчагардӣ,
Нафаҳмад ӯ, чӣ меояд зи дастам?
Надонам, боз имшаб дар куҷо монд,
Чӣ шуд бо вай… Дилам доим хавотир.
Ақаллан як хабар медод… Ҳайҳот!
Чӣ медонад азоби модари пир…
Агар зан мегирифт, андак дили ман
Зи ташвишоти ӯ озод мешуд.
Фақат хурдӣ ғами дунё надорад,
Фақат хурдӣ… Агар бошад камаш буд.
Ғами духтар зи як сӯ дар дили ман…
Ба ҷуз андеша набвад ҳосили ман?!
(Сарашро бардошта)
Шуморо ман магар озор додам?
Қадам аз амратон берун ниҳодам?
Чаро ин тавр мегӯед, модар?
Ту бедорӣ магар?
Ин дард дигар
Намонад хобро бар дида наздик.
Азизам, ҳаст дар ин давраи нек
Ҳазорон дардро дармону дору.
Чаро маъюс бошӣ ин қадар ту?
Магар осон барои ман, ки духтур
Маро имсол аз хондан кунад дур?
Чи дард ин? Кори дипломем тайёр…
Шумо, модар, шумо…
(Гиря мекунад)
Худро нигаҳ дор!
Агар як сол корат дер монад,
Чӣ мешуд?
Оҳ, модар, метавонад,
Ки акнун рӯй гардонад Насимам.
"Насимам"… Ин магар шуд боиси ғам?
Баҳору нағмаҳои булбулон ҳам
Намефорад, намефорад ба гӯшам.
Гули сурху ҳавои дилситон ҳам
Намефорад… Нафорад – чун хурӯшам?
Наход, эй ишқи ман, ту бебарорӣ?
Макун, эй дил, ту ҳам уммедворӣ!
Хаёли васли ёр, аз сар ту бигрез,
Ки аз сил мекунад дилдор парҳез.
(Маслиҳатомез)
Чунин андешаро аз сар бадар кун,
Сиҳат шав, баъди он фикри дигар кун.
Ба ман ҳам фикри ин дардат гарон аст,
Вале аз духтур уммедам калон аст.
Табобатхона, духтурҳои ғамхор
Барои ту ҳама, ҷонам, мададгор!
Зи ғам хӯрдан ятон фоидае нест.
Ғами ёрат? Замони ёрсанҷист!
Наход аз дӯстонам дер монам?
Баробар ин қадар хондем…
Ҷонам,
Ту, охир, хурдакак не, ақл дорӣ,
Бароят карда духтур ғамгусорӣ.
Туро додаст аз хондан танаффус.
Чаро, охир, чаро ин оҳу афсӯс?
Фақат ханд, эй умеди ин дили ман,
Намебинӣ, ҳама атроф хандон?!
Чаро хандам? Чаро беғам нишинам?
Ман, охир, силкасал, эй модари ҷон…
Малоҳат, духтари нохонда бошӣ,
Надонӣ, ки ба ин дардат даво ҳаст,
Аҷаб не, ман намеранҷидам аз ту…
Намефаҳмӣ, ба ҳар ғам интиҳо ҳаст?
Замоне, ки табобат буд мушкил,
Замоне буд – мемурданд аз сил,
Гузашту рафт.. Онро ту надидӣ,
Ба воя дар замони нав расидӣ,
Тасаввур кун яке… Осуда монам,
Дили ман-ку дили садпора, ҷонам.
Зи як сӯ якравии ин акоят
Дили садпораамро хун намояд,
Зи дигар сӯ, бубин, ин оҳу додат
Ҳамин дилро дар оташ мегудозад!
(Ноилоҷ табассум карда)
Дили поку мусаффои шуморо,
Ки ҷо кардед дар он меҳри моро,
Ҳазорон офарин!
(Ба сӯи хонаи дарун)
Раҳмат! Раҳмат!..
(Аз дарун)
Чӣ мегӯед? Хобам бурдагӣ.
Хез,
Раву аз нонвои назди бозор
Фатири гармакак гиру биё тез.
(Аз ҳамон ҷо)
Пулаш аз кисаи кӣ?
(Ҳамон тараф равон шуда)
Ҳой, шайтон!
(Меравад. Раҳмат мебарояд)
Хоҳаракам, додаракам,
Додаракам,хоҳаракам,
Дӯст, нонвой!
(Меравад)
(Худ ба худ)
Аҷаб бахте!.. Барои ман чиҳо кард?..
Маро аз дӯстони ман ҷудо кард.
(Назди тиреза меравад)
Саҳар, ҳай дилкашиву беғуборӣ,
Диламро мебариву мефишорӣ.
Насими боғ, бӯи атр аз туст,
Гуло, хандиданат аз бӯсаи ӯст.
Ту меболию ман мегирям акнун,
Ту хандию зи чашми ман равад хун.
Дили ман ҳам лаби пурхандае дошт,
Табассум, чеҳраи рахшандае дошт.
Ба мӯи ман Насимам даст мезад,
Ба рӯям тири чашми маст мезад.
"Нашав бо силкасал ҳамкоса ҳаргиз,
Агар донӣ, ту ҳам бинмой парҳез!"
Чунин гуфт ӯ ба ман, оре, чунин гуфт,
Зи дардам бехабар боре чунин гуфт.
Кунун вақте, ки мегардад хабардор,
Чӣ мегӯяд?! Дило, як дам маёзор!
(Бо оҳанги маҳзун месарояд)
Даме чун ғамгусорам, кош, оӣ,
Умеду ифтихорам, кош, оӣ.
Зи дардам гар напарҳезӣ, ҳама умр
Ба роҳат ҷон супорам, кош, оӣ!
Бубин, аз чашми ман хуноба резад,
Зи мағзи устухонам нола хезад.
Наоӣ, аз ғамат сӯзад тани ман,
Фалак хокистарам чун бод безад!
Раҳмат дар як даст нон бо дасти дигар Масрурро дошта медарояд. Масрур каме сархуш. Вай аз роли худ замзама мекунад.
Музаффар ном дорам, ошиқам ман,
Зи бахти тира менолам хамеша.
Санам, боре биё, дастат ба ман деҳ,
Бидеҳ дастат, ки то болам ҳамеша.
(Сарвар аз хонаи дарун мебарояд)
Биё, эй кӯчагарди холабеғам!
Худат акнун намо андеша кам-кам.
Хабар нодода мегардӣ, чӣ гап ин!
Манам аз инчунин кори ту ғамгин.
Саёҳат, кӯчагардӣ аз акоям,
Тамоми корро ман менамоям!
Масрур ба Раҳмат даст мепартояд. Вай тозон ба хонаи дигар мегузарад.
Маро маъзур медоред, модар,
Равам огоҳ карда бори дигар.
(Бо киноя)
Бале!..
Ҳа, воқеан, сар то сари шаҳр
Ҳама дар мадҳи бозии нави ман.
Магар Масрур истеъдоди кулл нест?
Ҳама, модар, ҳама гӯянд: Аҳсант!
(Бо киноя)
Ҳама, бигзор, аз бозет боланд,
Ҳама, бигзор, хонанд офаринҳо!
(Бехабар аз кинояи модар)
Малоҳат, гӯш кун: Модар, бубинед!
(Ба ҳолати қаҳрамон медарояд)
"Надорам ҷуз висоли ту таманно:
Ту обу офтобу оташи ман,
Ки бе ту боғи умри ман хароб аст.
Магар дар синаи ту шафқате нест,
Магар васлат барои ман сароб аст?
Бифармо, ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо,
Ки дар роҳи вафоят ҷон супорам!..
Раҳмат мебарояд. Масрур дасги худро ба китфи ӯ гузошта давом мекунад.
Зи ёрон ту – зи хешу ақрабоён –
Ба ҷуз модар каси дигар надорам.
...Ҷаҳон бо ишқи модар офариданд,
Сафои зиндагӣ аз модарон аст.
Дили модар!.. Бубин, ҳӯ офтоб – ин
Фақат як заррае аз меҳри он аст!..
(Миёни гапро бурида)
Писарҷон, дар амал, охир, нишон деҳ,
Ки модарро ту ҳурмат менамоӣ.
Дили модар, ки мегӯӣ зи саҳна,
Амал кун, то намонад он ҳавоӣ.
Ту ғофил аз дили ин модари худ,
Намепурсӣ зи ҳоли хоҳари худ…
Малоҳат тансиҳат, хандону дилшод,
Ғами хондан, ки се моҳи дигар монд.
Чиро пурсам, ғамаш вақте набошад?
(Бо алам)
Ҳамин се моҳи дигар, кош, мехонд…
(Бо ҳайрат)
Чӣ? Оё ту…
Намедонӣ ғамашро,
Фақат бо фикри худ осудаӣ ту.
Ту бошӣ бехабар аз ҳоли хона,
Чӣ суд аз ман-мани беҳудаи ту?
Занги дар. Малоҳат мебарояд. Сарвар ва Масрур ба хонаи дигар мегузаранд. Малоҳат газетаҳои нав ва як мактубро гирифта медарояд.
Ба номам аз ҳамин ҷо нома, аз кист?
Чаро болои хат имзои ӯ нест?
Насим аз дарди ман огоҳ гаштаст,
Магар аз дур акнун хат навиштаст?
(Саросема хатро кушода охирашро мебинад ва табассум мекунад)
Аз ӯ не ин. Умеди ман калон аст,
Ки меояд Насимам, ақлу ҳушам.
Барои ӯ табобат карданам шарт,
Ки то аз васли вай бо ҷон хурӯшам!
(Хатро мехонад)
"Ба дидори шумо роҳи дигар нест,
Ба дарс, охир, намеоед чандест.
Фақат бо ёдатон хезам, нишинам,
На аз наздик, кош, аз дур бинам.
Гумон кардам: ба ман ёрӣ надоред,
Шумо бо ман сарукоре надоред.
Вале ман дар дили худ ишқ дорам,
Ки сарро дар ҳамин раҳ мегузорам.
Шумо бо дигаре ёри қадимед,
Шумо дар панҷаи ишқи Насимед.
Намехоҳам, ки ӯро бад бигӯям,
Намехоҳам, ки дар ӯ айб ҷӯям.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Насим аз ҳар гуле бӯе бигирад.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!
Навишт ин номаро дар ноумедӣ
Гирифтори шумо – Нусрат Саидӣ!"
(Хатро байни каф мефишорад ва боз кушода охирашро мебинаду аз сари нав ғиҷим мекунад)
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!
(Малоҳат ғарқи хаёл мешавад)
Парда
Оҳиста-оҳиста саҳар мешавад.
Сарвар
(Ғарқи хаёл)
Дили модар! Дили пурсабри модар
Тамоми умр нарму софу беғаш.
Вале бо фикри фарзандон ҳамеша
Чунин дил монда байни обу оташ.
Ба фикри он, ки меояд калонӣ,
Тамоми шаб нишастам, дар набастам.
Муҷаррад, касбу кораш кӯчагардӣ,
Нафаҳмад ӯ, чӣ меояд зи дастам?
Надонам, боз имшаб дар куҷо монд,
Чӣ шуд бо вай… Дилам доим хавотир.
Ақаллан як хабар медод… Ҳайҳот!
Чӣ медонад азоби модари пир…
Агар зан мегирифт, андак дили ман
Зи ташвишоти ӯ озод мешуд.
Фақат хурдӣ ғами дунё надорад,
Фақат хурдӣ… Агар бошад камаш буд.
Ғами духтар зи як сӯ дар дили ман…
Ба ҷуз андеша набвад ҳосили ман?!
Малоҳат
(Сарашро бардошта)
Шуморо ман магар озор додам?
Қадам аз амратон берун ниҳодам?
Чаро ин тавр мегӯед, модар?
Сарвар
Ту бедорӣ магар?
Малоҳат
Ин дард дигар
Намонад хобро бар дида наздик.
Сарвар
Азизам, ҳаст дар ин давраи нек
Ҳазорон дардро дармону дору.
Чаро маъюс бошӣ ин қадар ту?
Малоҳат
Магар осон барои ман, ки духтур
Маро имсол аз хондан кунад дур?
Чи дард ин? Кори дипломем тайёр…
Шумо, модар, шумо…
(Гиря мекунад)
Сарвар
Худро нигаҳ дор!
Агар як сол корат дер монад,
Чӣ мешуд?
Малоҳат
Оҳ, модар, метавонад,
Ки акнун рӯй гардонад Насимам.
Сарвар
"Насимам"… Ин магар шуд боиси ғам?
Малоҳат
Баҳору нағмаҳои булбулон ҳам
Намефорад, намефорад ба гӯшам.
Гули сурху ҳавои дилситон ҳам
Намефорад… Нафорад – чун хурӯшам?
Наход, эй ишқи ман, ту бебарорӣ?
Макун, эй дил, ту ҳам уммедворӣ!
Хаёли васли ёр, аз сар ту бигрез,
Ки аз сил мекунад дилдор парҳез.
Сарвар
(Маслиҳатомез)
Чунин андешаро аз сар бадар кун,
Сиҳат шав, баъди он фикри дигар кун.
Ба ман ҳам фикри ин дардат гарон аст,
Вале аз духтур уммедам калон аст.
Табобатхона, духтурҳои ғамхор
Барои ту ҳама, ҷонам, мададгор!
Зи ғам хӯрдан ятон фоидае нест.
Ғами ёрат? Замони ёрсанҷист!
Малоҳат
Наход аз дӯстонам дер монам?
Баробар ин қадар хондем…
Сарвар
Ҷонам,
Ту, охир, хурдакак не, ақл дорӣ,
Бароят карда духтур ғамгусорӣ.
Туро додаст аз хондан танаффус.
Чаро, охир, чаро ин оҳу афсӯс?
Фақат ханд, эй умеди ин дили ман,
Намебинӣ, ҳама атроф хандон?!
Малоҳат
Чаро хандам? Чаро беғам нишинам?
Ман, охир, силкасал, эй модари ҷон…
Сарвар
Малоҳат, духтари нохонда бошӣ,
Надонӣ, ки ба ин дардат даво ҳаст,
Аҷаб не, ман намеранҷидам аз ту…
Намефаҳмӣ, ба ҳар ғам интиҳо ҳаст?
Замоне, ки табобат буд мушкил,
Замоне буд – мемурданд аз сил,
Гузашту рафт.. Онро ту надидӣ,
Ба воя дар замони нав расидӣ,
Тасаввур кун яке… Осуда монам,
Дили ман-ку дили садпора, ҷонам.
Зи як сӯ якравии ин акоят
Дили садпораамро хун намояд,
Зи дигар сӯ, бубин, ин оҳу додат
Ҳамин дилро дар оташ мегудозад!
Малоҳат
(Ноилоҷ табассум карда)
Дили поку мусаффои шуморо,
Ки ҷо кардед дар он меҳри моро,
Ҳазорон офарин!
Сарвар
(Ба сӯи хонаи дарун)
Раҳмат! Раҳмат!..
Раҳмат
(Аз дарун)
Чӣ мегӯед? Хобам бурдагӣ.
Сарвар
Хез,
Раву аз нонвои назди бозор
Фатири гармакак гиру биё тез.
Раҳмат
(Аз ҳамон ҷо)
Пулаш аз кисаи кӣ?
Сарвар
(Ҳамон тараф равон шуда)
Ҳой, шайтон!
(Меравад. Раҳмат мебарояд)
Раҳмат
Хоҳаракам, додаракам,
Додаракам,хоҳаракам,
Дӯст, нонвой!
(Меравад)
Малоҳат
(Худ ба худ)
Аҷаб бахте!.. Барои ман чиҳо кард?..
Маро аз дӯстони ман ҷудо кард.
(Назди тиреза меравад)
Саҳар, ҳай дилкашиву беғуборӣ,
Диламро мебариву мефишорӣ.
Насими боғ, бӯи атр аз туст,
Гуло, хандиданат аз бӯсаи ӯст.
Ту меболию ман мегирям акнун,
Ту хандию зи чашми ман равад хун.
Дили ман ҳам лаби пурхандае дошт,
Табассум, чеҳраи рахшандае дошт.
Ба мӯи ман Насимам даст мезад,
Ба рӯям тири чашми маст мезад.
"Нашав бо силкасал ҳамкоса ҳаргиз,
Агар донӣ, ту ҳам бинмой парҳез!"
Чунин гуфт ӯ ба ман, оре, чунин гуфт,
Зи дардам бехабар боре чунин гуфт.
Кунун вақте, ки мегардад хабардор,
Чӣ мегӯяд?! Дило, як дам маёзор!
(Бо оҳанги маҳзун месарояд)
Даме чун ғамгусорам, кош, оӣ,
Умеду ифтихорам, кош, оӣ.
Зи дардам гар напарҳезӣ, ҳама умр
Ба роҳат ҷон супорам, кош, оӣ!
Бубин, аз чашми ман хуноба резад,
Зи мағзи устухонам нола хезад.
Наоӣ, аз ғамат сӯзад тани ман,
Фалак хокистарам чун бод безад!
Раҳмат дар як даст нон бо дасти дигар Масрурро дошта медарояд. Масрур каме сархуш. Вай аз роли худ замзама мекунад.
Масрур
Музаффар ном дорам, ошиқам ман,
Зи бахти тира менолам хамеша.
Санам, боре биё, дастат ба ман деҳ,
Бидеҳ дастат, ки то болам ҳамеша.
(Сарвар аз хонаи дарун мебарояд)
Сарвар
Биё, эй кӯчагарди холабеғам!
Худат акнун намо андеша кам-кам.
Хабар нодода мегардӣ, чӣ гап ин!
Манам аз инчунин кори ту ғамгин.
Раҳмат
Саёҳат, кӯчагардӣ аз акоям,
Тамоми корро ман менамоям!
Масрур ба Раҳмат даст мепартояд. Вай тозон ба хонаи дигар мегузарад.
Масрур
Маро маъзур медоред, модар,
Равам огоҳ карда бори дигар.
Сарвар
(Бо киноя)
Бале!..
Масрур
Ҳа, воқеан, сар то сари шаҳр
Ҳама дар мадҳи бозии нави ман.
Магар Масрур истеъдоди кулл нест?
Ҳама, модар, ҳама гӯянд: Аҳсант!
Сарвар
(Бо киноя)
Ҳама, бигзор, аз бозет боланд,
Ҳама, бигзор, хонанд офаринҳо!
Масрур
(Бехабар аз кинояи модар)
Малоҳат, гӯш кун: Модар, бубинед!
(Ба ҳолати қаҳрамон медарояд)
"Надорам ҷуз висоли ту таманно:
Ту обу офтобу оташи ман,
Ки бе ту боғи умри ман хароб аст.
Магар дар синаи ту шафқате нест,
Магар васлат барои ман сароб аст?
Бифармо, ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо,
Ки дар роҳи вафоят ҷон супорам!..
Раҳмат мебарояд. Масрур дасги худро ба китфи ӯ гузошта давом мекунад.
Зи ёрон ту – зи хешу ақрабоён –
Ба ҷуз модар каси дигар надорам.
...Ҷаҳон бо ишқи модар офариданд,
Сафои зиндагӣ аз модарон аст.
Дили модар!.. Бубин, ҳӯ офтоб – ин
Фақат як заррае аз меҳри он аст!..
Сарвар
(Миёни гапро бурида)
Писарҷон, дар амал, охир, нишон деҳ,
Ки модарро ту ҳурмат менамоӣ.
Дили модар, ки мегӯӣ зи саҳна,
Амал кун, то намонад он ҳавоӣ.
Ту ғофил аз дили ин модари худ,
Намепурсӣ зи ҳоли хоҳари худ…
Масрур
Малоҳат тансиҳат, хандону дилшод,
Ғами хондан, ки се моҳи дигар монд.
Чиро пурсам, ғамаш вақте набошад?
Малоҳат
(Бо алам)
Ҳамин се моҳи дигар, кош, мехонд…
Масрур
(Бо ҳайрат)
Чӣ? Оё ту…
Сарвар
Намедонӣ ғамашро,
Фақат бо фикри худ осудаӣ ту.
Ту бошӣ бехабар аз ҳоли хона,
Чӣ суд аз ман-мани беҳудаи ту?
Занги дар. Малоҳат мебарояд. Сарвар ва Масрур ба хонаи дигар мегузаранд. Малоҳат газетаҳои нав ва як мактубро гирифта медарояд.
Малоҳат
Ба номам аз ҳамин ҷо нома, аз кист?
Чаро болои хат имзои ӯ нест?
Насим аз дарди ман огоҳ гаштаст,
Магар аз дур акнун хат навиштаст?
(Саросема хатро кушода охирашро мебинад ва табассум мекунад)
Аз ӯ не ин. Умеди ман калон аст,
Ки меояд Насимам, ақлу ҳушам.
Барои ӯ табобат карданам шарт,
Ки то аз васли вай бо ҷон хурӯшам!
(Хатро мехонад)
"Ба дидори шумо роҳи дигар нест,
Ба дарс, охир, намеоед чандест.
Фақат бо ёдатон хезам, нишинам,
На аз наздик, кош, аз дур бинам.
Гумон кардам: ба ман ёрӣ надоред,
Шумо бо ман сарукоре надоред.
Вале ман дар дили худ ишқ дорам,
Ки сарро дар ҳамин раҳ мегузорам.
Шумо бо дигаре ёри қадимед,
Шумо дар панҷаи ишқи Насимед.
Намехоҳам, ки ӯро бад бигӯям,
Намехоҳам, ки дар ӯ айб ҷӯям.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Насим аз ҳар гуле бӯе бигирад.
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!
Навишт ин номаро дар ноумедӣ
Гирифтори шумо – Нусрат Саидӣ!"
(Хатро байни каф мефишорад ва боз кушода охирашро мебинаду аз сари нав ғиҷим мекунад)
Фақат ин аст, охир, ӯ насим аст,
Ки ҳар дам раҳ дигар сӯе бигирад!
(Малоҳат ғарқи хаёл мешавад)
Парда