Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил -

НАМОИШИ ЯКУМ

Хонаи муаллима Сарвар. Аввали баҳор, тарафи бегоҳ. Малоҳат дар назди тиреза истода, берунро тамошо мекунад. Шамолаки нарм пардаи тиреза ва қисман мӯи Малоҳатро навозиш карда мегузарад.


Сарвар – Муаллимаи хизматнишондода.
Масрур Иноят – Писари калонии ӯ, артисти драма.
Малоҳат – Тамомкунандаи мактаби олӣ, духтари Сарвар.
Раҳмат – Писари хурдӣ, тамомкунандаи мактаби миёна.
Насим – Дӯстдорандаи Малоҳат, аспирант.
Саломат – Дугонаи Малоҳат, маҳбубаи Масрур.
Атобек – Рафиқи Масрур.
Нусрат Саидӣ – Студент.
Ҳилол – Актриса.
Дилшод – Шавҳари Ҳилол, санъатшинос.

Воқеаи рӯзҳои мо.


Малоҳат


Баҳор аст ин баҳори софу беғаш,
Чӣ сеҳрангезу ҷонбахш ин баҳорон!
Ҳама атроф – кӯҳу домани дашт
Шуда боби тамошо, дӯстдорон.
Саҳаргоҳон суруди тозаи ишқ
Шавад бо чаҳ-чаҳи мурғон ҳамоҳанг.
Чӣ фасли авҷи беандозаи ишқ,
Ки ҳатто об мегардад дили санг.
Насимам, дар ҳама зебоии он
Туро мебинаму меболам афзун.
Ба ёдат ҳаст он бемории ту,
Ки мешуд аз ғами дардат дилам хун?
Сарвар

(Аз хонаи дарун)

Малоҳат, духтарам!
Малоҳат


Лаббай!
Сарвар


Куҷоӣ?
Таоматро чаро, ҷонам, нахӯрдӣ?

(Пайдо шуда)

Дар ин ду рӯзаки камиштиҳоет
Хаёламро куҷоҳое набурдӣ…
Малоҳат


Худ аз худ иштиҳоям нест, модар.
Сарвар


Ту имшаб то саҳар, ҷонам, нахуфтӣ,
Тамоми рӯз ҳам ғарқи хаёлӣ.
Ягон ғам дорию бар ман нагуфтӣ.
Малоҳат


Чӣ ғам, модар… яке аз некбахтон
Манам, ки…
Сарвар


Духтарам, ман модари ту,
Набар гапро дигар сӯ, зуд фаҳмон!
Ҳилол


Муаллима, салом!
Сарвар


Эй ҷони ширин,
Салом! Аз омадат гардам, биё, шин.
Ҳилол


Ташаккур! Меравам, имшаб тамошост,
Тамошои нав аст, албатта, оед.
Хабар кардан шитобидам чу шогирд,
Агар оед, шодам менамоед.
Маро аз синфҳои ибтидоӣ
Равон кардед бо ин роҳ, охир.
Кунун бояд, ки дар ҳар бозии нав,
Муаллима, Шумо бошед ҳозир!
Сарвар


Ту ҳар боре, ки даъват менамоӣ,
Мадору қувватамро мефизоӣ.
Ташаккур, меравам, албатта, ҷонам,
Туро ман шод бинам, шодмонам.
Нишин як лаҳза, ҷонам, чояке нӯш!
Ҳилол


Надорам фурсате, бори дигар…
Сарвар


Хӯш.
(Ҳилол меравад)

Шитоби вақт аз андоза берун.
Ҳамин дирӯз, охир, майдаяк буд…
Ҷадал карду ҳунар омӯхт, акнун
Яке аз номдорони Ватан шуд.
Малоҳат


Шумо ҳам нағз медидед, модар?
Сарвар


Чиро?.. Э, духтарам, ин ҳам савол аст,
Набуд оё дар олам ҳарфи дигар?
Худат аз чӣ? Муҳаббат безавол аст!
Агар бехобию фикрат аз ин аст,
Наям ман садди роҳат, ҷони ширин.
Агар аз хавфи ман табъат ҳазин аст,
Машав дигар ҳазин, рав бахти худ бин!
Акоятро ҳамин ки тӯй кардем,
Пас аз он тӯи ту…
Малоҳат


Эй модари ҷон,
Хаёли тӯй ҳоло дар сарам нест,
Хаёлам аз дигар бобат парешон.
Сарвар


Намегӯӣ магар? Оё зи модар
Ту пинҳон мекунӣ дарди дилатро?
Ғаматро гӯй равшантар, тавонам
Худам осон намоям мушкилатро.
Малоҳат


Фақат як дард, аммо то пагоҳӣ
Забонам ҳам ба гуфтан нест қодир.
Агар бори дигар рентген аён кард…
Намедонам, чӣ меояд зи тақдир?!
Сарвар


"Тани гармеву дарде", ҳай дилат танг,
Чунин фикри ту – пеш аз подае чанг.
Масрур

(Аз хонаи дигар баромада)

Ба қадри ҳол, андак дам гирифтам,
Ки бояд ман намоям хуб бозӣ.
Малоҳатҷон, агар аз бозии ман
Худат ҳам модарам – гардед розӣ…
Сарвар


Баҳои бозиатро дида гӯем,
Накун худро сифат пайваста, ҷонам.
Масрур


Чаро, охир, надонам қимати худ?
Ба роли қаҳрамон ман қаҳрамонам.
Маро дар роли иғвогар касе дид,
Зи ҷон нафрат намуду лаънатам хонд.
Ба роли камбағал он бозии ман
Магар аҳли тамошоро нагирёнд?
Агар ман мастро бозӣ намоям,
Тамоми мастҳо ҳайрон бимонанд.
Намоям бозии роли афандӣ,
Ҳама як умрашон хандон бимонанд.
Ба рӯи саҳна – ман масту дурӯя,
Ба рӯи саҳна ман – шоҳу вазирам.
Тамошобин ба шавқ ояд, агар ман
Худамро дар миёни саҳна гирам.
Сарвар


Худи ман ҳам тамошобин, писарҷон,
Ба фикрам, айби ту дар бозиат кам.
Вале ман орзу дорам, ки бинам
Бурун аз саҳнаат дар роли одам!
Масрур


Шумо модар-дия…
Сарвар


Ман – модар, оре,
Чӣ мехоҳӣ бигӯӣ? Марҳамат, гӯй!
Масрур

(Гапро дигар тараф бурда)

Чунон ин бозии душвор, модар…
Бидод он мардро ин ҳолате рӯй:

Мусиқӣ. Масрур ба ҳолати қаҳрамонаш даромада, порчаеро аз ролаш бозӣ мекунад.

Раҳму шафқат намо ба аҳволам,
Дили ман ҳеҷ санги хоро нест.
Ҳеҷ як дил, азизакам, ба ҷаҳон
Чун дили ман қавию якто нест.
Омадам боз бо умеди висол
Хавфи як марг пушти сар карда.
Аз раҳи дур омадам, ҷонам,
Шаби ҳаҷри туро саҳар карда.
Ҷони худро гирифта рӯи каф,
Аз барои ту ман ба роҳ шудам.
Карда дилро ба тири марг ҳадаф,
Паи иҷрои ҳукми шоҳ шудам.
Оҳ, ин даштҳои дуродур!
Оҳ, ин кӯҳҳои сар ба фалак!
Набуд осори кӯҳ чун гаштам,
Ҳама ҳамвор шуд магар як-як?!
Охир, аз он тараф ба ҷониби ту
Дили ман ёфт болу пар, ҷонам.
Аз аҷал ишқи ту наҷотам дод,
Ки намурдам… дигар намедонам.

Атобек даромада меояд ва мехоҳад, ки салом диҳад. Аммо Малоҳат ӯро бо ишорае бозмедорад.

Ана, ман зинда омадам, дидӣ?
Раҳму шафқат намо, навозиш кун!
Гар ба дасти ту ҷон диҳам, ҳасрат
Меравад аз вуҷуди ман берун.
Оҳ, бахтам! Дигар намемирам,
Боз дидори ту муяссар шуд!
Ҳамаи кулфату уқубати роҳ
Рафт аз ман… Ҳаёти нав сар шуд.
Ҷонакам, меҳрубонакам, гулакам,
Ҳамаи ҳастиам аз они туст.
Давлатам несту дилам бой аст,
Ганҷҳои дилам ҷаҳони туст.
Сухане гӯй, хотирам болад,
Бахти хобидаам шавад бедор.
Лаб кушо, лаб, ки тоқатам шуд тоқ,
Аз чӣ хомӯшӣ, эй сафои баҳор?..
А? Чӣ гуфтӣ?.. Дар ақди шоҳ шудӣ?
Шудӣ мафтуни тоҷи шоҳу тахт?!
Оҳ, падруд, бахти хоболуд,
Алвидоъ, эй ту, рӯзгори сахт!!!

Гулӯяшро буғӣ мекунаду калавида ба замин меафтад. Малоҳат якбора дод гуфта мефиристад. Масрур қаноатманд аз маҳорати худ хандакунон мехезад.
Атобек


Чунин санъат! Нашав кам, эй бародар!
Масрур


Ҳамин аз роли ошиқ буд, модар.
Пас аз иҷрои ин сон роли вазнин,
Гулу гулдастаи бисёр таъмин!
Малоҳат


Худамро ногаҳон аз даст додам.
Гумон кардам, ки бозӣ нею ҷиддист.
Сарвар


Асар афсонаю бозет ҳам хуб,
Вале дон, ки ҳаёт афсонае нест!
Масрур


Гуноҳам чист, охир?
Сарвар


Ҳой, Масрур,
Гуноҳат ин, ки ту шӯҳратпарастӣ.
Туро пеш аз ҳама гулдаставу ном
Шудаст, охир, асоси ишқу ҳастӣ!..
Намехоҳам фақат дар саҳна бинам
Туро ҳам ошиқу ҳам одами нек.
Муқаддам дар ҳаётат шав намуна,
Ки бошӣ лоиқи таҳсину табрик!
Масрур


Надонам ман, чи мехоҳед… Модар,
Магар ҳоло бадам, ноодамам ман?

Аҷоиб! Модарам ҳам наҳ зананд… Ин
Зи номи ман ба ҷои фахр кардан.
Сарвар


Расид, охир, ба ҷое синну солат,
Ҳанӯз он кӯдаки деринаӣ ту!..
Надидам хоксории туро ҳеҷ,
Дили пуркибр андар синаи ту.
Ту аввал зан бигиру мустақил шав,
Бубин фарзанду онҳоро калон кун,
Даро бо хоксорӣ байни мардум.
Худатро одами хуби замон кун…
Масрур


Шумо, модар... Намедонам чӣ гӯям...
Атобек


Гапи модар дуруст. Охир, шудӣ пир,
Ту акнун каллаатро кор фармо.
Саломат – дилбаратро тӯй кун, гир!
Масрур


Атобек, ин қадар ҳардамхаёлӣ?
Гаҳе мегӯӣ: "Ақлат бошад, асло
Намегирӣ зане... Роҳат дар он аст!"
Гаҳе мегӯӣ: "Бе зан – кор расво".
Кадоми ин гапи бесар дуруст аст?
Атобек


Гапи модар, гапи модар дуруст аст!
Масрур


Биё, эй масхара, рафтем. Модар,
Шумоён баъди як соат биёед.

Атобеку Масрур баромада мераванд. Модар аз паи онҳо
маънидор нигоҳ карда мемонад.
Малоҳат


Чаро шуд кайфатон ноҷӯр, модар?
Сарвар


Сабабгораш шумоён – баччаҳоед…
Малоҳат


Чаро моён?
Сарвар


Даме модар шавӣ ту,
Ба сарфаҳми ғами модар равӣ ту!

Сарвар оҳе мекашаду ба хонаи дигар мегузарад. Малоҳат
чашми ҳайрат аз паи модараш медӯзад. Аз дур суруди Насим шунида мешавад.
Суруди Насим


Ин боғ, ки гулҳош фаровон бошад,
Сад нашъаи тоза бар дил аз он бошад,
Ман фасли баҳорро ҷаҳон мебахшам,
Чун хандаи боғ аз баҳорон бошад.
Бӯи хуши навбаҳор дар рӯи ҷаҳон,
Бешубҳа, писанди ҳар як инсон бошад.
Аммо дили ошуфтаи ман мехоҳад
Бӯи дигаре, баҳои он ҷон бошад.
Он бӯй чӣ гуна бӯй, ҳайрон нашавед,
Он накҳати мӯю зулфи ҷонон бошад!
Малоҳат


Сурудашро зи нав такрор карда,
Дилашро бо ҳамин изҳор карда,
Биёмад…
Насим

(Даромада)

Ассалом, эй моҳи хубон,
Фурӯғи ишқи ман, файзи баҳорам.
Барои дидани чашмони рахшон
Дилам ин сӯ кашад бе ихтиёрам.
Яке гулдаста овардам…
Малоҳат


Ташаккур,
Насиму боғу гул бо ҳам қаринанд.
Насим


Валекин ин Насим – аз боғи гул дур.
Малоҳат


Чаро? Дар боғ гулҳо нозанинанд…
Насим


Бале! Аммо на баҳри ман гули боғ,
Ки дар он бӯи мӯи ёри ман нест.
Насимам ман, Насим, эй ғунчаи гул,
Ба ҷуз дидори ёрам кори ман нест.
Гули рӯи туро дониста, шояд,
Азизи ман, Насимам ном карданд.
Ба роҳи ман ҳазорон гул кушояд,
Вале онҳо ба як мӯят наярзанд.
Малоҳат


Сифат кун, ҳар кадар хоҳӣ – сифат кун,
Зи ту ҳарфи дигар нашнид гӯшам.
Фақат мадҳу сано!.. Охир, чӣ лозим?
Ба дил ҳам мезанад…
Насим


Эй ақлу ҳушам,
Чӣ мегӯям, набинам дар ту нуқсон?
Малоҳат


Биё, мон ин суханҳоро, Насимҷон!
Бигӯ, ки корҳои ту чӣ тавранд?
Шуда бо дарсу бо кори худам банд,
Напурсидам туро кай боз…
Насим


Эй, ҷон,
Фақат як имтиҳони дигарам монд.
Малоҳат


Намояд равнақи кори туам шод!
Шавӣ аз минимуми дигар озод…
Насим


Азизам, кори дипломет чун аст?
Малоҳат


Ба охир мерасонам… Андаке ҳаст.
Намехоҳам, ки дар ин рӯзҳо ман
Касал бошам… Чӣ мегӯӣ ба ин гап?
Насим


Чӣ мегӯям?.. Набинӣ дард ҳаргиз,
Саломат будани туст айни матлаб.
Ту хонданро ба поён мерасонӣ,
Қариб омад, азизам, имтиҳонат.
Ба он рӯзи муборак интизорам,
Ки дурие миёни мо намонад!
Фақат ин хондани ту садди роҳ аст
Ба тӯи мо…
Малоҳат


Тую – андешаи тӯй.
Насим


Барои хонадон фарзанд лозим.

Малоҳат


Намо шарме. Сухан бо парда мегӯй.
Бигӯ, гар ҷӯраат нотоб бошад,
Ба бистар ноилоҷан хоб бошад,
Чӣ мекардӣ?
Насим


Рафиқ, охир, чӣ мекард?
Дар аввал мешудам, албатта, ҳамдард.
Мадад мекардамаш то ҳадди имкон,
Табобатхона ҳаст, олам гулистон!
Магар ин ҳам саволе буд?
Малоҳат


Оре!
Касал бошию бинӣ ғамгусорӣ,
Зи ёрону рафиқон шод гардӣ,
Зи беморит зуд озод гардӣ…
Вале ман як ҷавонро мешиносам,
Ки ногаҳ шуд ба дарди сил гирифтор.
Рафиқи беҳтарину ҷониаш ҳам
Аз ӯ парҳез бинмуд…
Насим


Ин дигар кор.
Сироят мекунад сил, ҷони ширин,
Ту ҳам силро бубинӣ, дур биншин.
Нашав бо силкасал ҳамкоса ҳаргиз,
Агар донӣ, ту ҳам бинмой парҳез.
Шифо меёбад. Аммо дард – дард аст,
Ба ҳар ҳол, эҳтиёт – ин кори шарт аст.
Малоҳат


Гапат ҳақ… эҳтиёт, албатта, лозим,
Вале медонӣ…
Насим


Медонам. Ту доим
Зи дарди дӯстонат бохабар шав,
Касе сил бошад, аз вай дуртар рав!
Малоҳат


Ба фикри ман, рафиқи хуб бояд
Каси силро навозишҳо намояд…
Раҳмат

(Даромада)

Ду тан дилдода дар назди тиреза,
Яке бар дигаре дорад ситеза.
Насим

(Бо ҳайрат)

Чиҳо мегӯӣ?
Раҳмат

(Бепарвоёна)

Ин гап аз китоб аст.
Чунон ҳам шодии ман беҳисоб аст,
Гирифтам ман баҳои панч, охир!
Тамошо рафтанам шарт аст ҳозир.
Малоҳат


Баҳоят панҷ бошад, додари ҷон,
Либосатро дигар кун, рафта чаққон.
Раҳмат


Шумо ҳам ҳамраҳи мо меравед-а?
Ва ё бо ин муаллим?
Малоҳат


Бо шумоён.
Раҳмат


Дигар гап ин!

(Ба хонаи дигар мегузарад)
Насим


Ба паҳлӯям набошӣ,
Намак болои захми сина пошӣ.
Ман, охир, ду билет оварда будам,
Тамоман фикри дигар карда будам.
Малоҳат


Укою модарам ҳастанд ҳамроҳ…
Насим


Насибам аз ту доим нолаву оҳ!

(Баромада меравад)
Малоҳат

(Аз паи вай оҳ кашида)

На ин ки ростӣ ҳам сил гирифтам?
Чаро меҳраш даруни дил гирифтам!?
Ман аз модар надорам рози пинҳон,
Вале ин дарди худро чун бигӯям?
Намехоҳам, ки вай бо чашми гирён
Нигоҳӣ ҳайраташ дӯзад ба сӯям!..

(Саломат медарояд)
Саломат


Қабул бинмо саломамро, дугона,
Диламро, эҳтиромамро, дугона.
Малоҳат


Салом, эй дӯсти бекина, ҳамроз,
Зи дидорат манам беҳад сарафроз.
Нишин!

Саломат


Рафтем, бодо ғуссаат дур,
Шавем аз бозии Масрур масрур.
Канӣ Раҳмат? Муаллима куҷоянд?
Малоҳат


Ба рафтан ҳар ду тайёрӣ намоянд.
Саломат


Дугона, воқеан, Нусрат Саидӣ
Туро мепурсад…
Малоҳат


Ӯро кай ту дидӣ?
Саломат


Ҳамин ҳоло… Худаш берун ситода.
Малоҳат


Чӣ гап дорад?
Саломат


Бубин, дарро кушода.
Малоҳат


Надорам бо вай, охир, ман сару кор,
Чаро ояд, намедонам, чӣ даркор…
Саломат


Ягон гап ҳаст… Бинаш!
Малоҳат

(Аз дар нигариста)

Ҳа… Дароед!
Нусрат

(Даромада)

Малоҳатҷон, Шумо афвам намоед,
Фақат як арз дорам…
Малоҳат


Хӯш, гӯед!
Нусрат


Мабодо ин ки густохам нагӯед,
Нагӯед ин, ки "Беандешаро бин"…
Малоҳат


Намедонам, чӣ бошад мақсад аз ин?!
Нусрат


Надорам шубҳае, имшаб шумо ҳам
Тамошо меравед.
Малоҳат


Албатта. Хизмат?
Нусрат


Нахустин шаб тамошо хуб, аммо…
Малоҳат


Шумо равшан бифаҳмонед, мақсад?
Нусрат


Акотон дар театр ном доранд,
Билете ёфтан гардид душвор.
Агар бошад илоҷаш…

Малоҳат


Э, бародар,
Маро ҳам дасти кӯтоҳе дар ин кор.
Нусрат


Дилам мехост бинам имшаб… Афсӯс!
Надорам чора… Мебинам дигар рӯз.

(Рафтанӣ мешавад)
Малоҳат


Насимро як шумо пурсед, Нусрат,
Ба фикрам, як билети ӯ зиёдист.
Нусрат


Ташаккур! Дафъаи дигар… Бубахшед!

(Меравад)
Саломат


Каме ранҷид.
Малоҳат


Охир, кори ман чист?
Аҷаб одам… Равад вай назди кассир.
Саломат


Биё, тайёр шав, шуд вақт ҳам дер.
Малоҳат, чашми ӯро ту надидӣ?
Туӣ он – мақсади Нусрат Саидӣ!

(Малоҳат дар ҳайрат, Саломат бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонад).


Охири намоиши якум



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »