Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ БИСТУ СЕЮМ



Бегаҳии кӯчаи нав файзбахш,
Мевазад форам насими атрбӯ.
Мезанад з-он баргҳои себ мавҷ,
Беруни тиреза, дар болои ҷӯ…

Стулу столҳоро ҷо ба ҷо
Мегузорад Гулнисо бо духтаре.
Чизҳои барзиёди хонаро
Бар коридор мебарорад дигаре.

Пешвози меҳмонон хонаро
Маслиҳат бинмуда, хуб оростанд.
Низ ҷои лампаи хурде, ки буд,
Лампаи хеле калон бигзоштанд.

Дар яке девори хона сӯзанист,
Дар дигар сӯ қолини хушрангубор.
Ҳаст дар ду гӯша рафҳои китоб,
Хона гулгун гашта чун фасли баҳор.

Инчунин дар ошхона кор беш,
Ҳар тараф дегу табақҳоро бубин.
Ду зани кайвонӣ он ҷо мепазанд
Кулчаву самбӯсаҳои равғанин.

Корҳои хона чун анҷом ёфт,
Духтарон рафтанд баҳри шустушӯ.
Гулнисо оҳистаяк бар Лола гуфт:
– Беҳтарини куртаатро пӯш ту!

– Гулнисоҷон, ин-ку, охир тӯй не,
Ҳар либосеро, ки пӯшам, – фарқ чист?

– Ояд ин бегоҳ Анварҷони ту,
Ин барои ту магар чун тӯй нест?

Лола бо шарму ҳаё омехта
Як табассум карду хам бинмуд сар.
– Гулнисоҷон, ман хавотир андаке,
Росташро гӯй, меояд магар?

– Хайр, мебинем, як гап мешавад,
Гуфтамат-ку, рав либосатро бипӯш.
Лола рафту Гулнисо аз пушти ӯ
Ким-чӣ гуфтан хост, аммо шуд хамӯш.

Дар ҳамин дам шуд садои занги дар,
Гулнисо овози Исматро шунид:
"Меҳмонро, Лола, истиқбол кун!"
Гулнисо дарҳол назди дар расид.

Дид ки Оқил амак бо кампираш,
Фотима-устод ҳам дар пушти дар.
– Марҳамат, хуш омадед, эй дӯстон,
Гуфт шодон, – нури дида, тоҷи сар!

Фотима он гаҳ табассум карду гуфт:
– Лола ку? Ё ин ки ӯ дар хона нест?
Дар ҷавоби ин бигуфт Оқил амак:
Хонааш ҳаст, ӯ набошад, фарқ чист?

З-ин сухан шуд хандаи ёрон баланд,
Лола чун бишнид, берун тохт тез.
Бӯса кард аз рӯи устодаш, бигуфт:
– Марҳамат, эй меҳмонони азиз!

Рафта биншастанд дар гирди стол,
Лола баъди фурсате аз ҷой хест.
Буд бетоқат, ба дар медӯхт чашм…
"Аз чӣ ин ҳамсоя то алҳол нест?"

… Берун омад Анвар аз ҳавлии худ,
Дар лаби ҷӯ андаке истод ӯ.
Кӯчаи навро тамошо менамуд,
Гулнисо омад дар ин дам рӯ ба рӯ.


– Ассалом, Анвар-ако, дер омадед,
Лола бетоқат, Шуморо интизор.
Фотима-модар ба ман гуфто: – Бирав,
Инженери хонаро ин ҷо биёр.

Шавқи Анвар берун аз андоза буд,
Сахт мезад, сахтакак мезад дилаш.
Лола истиқбол бинмояд варо,
Гашта аст ҳоло кушода мушкилаш.

Хандаи гарму нигоҳи дилфиреб,
Дар бари абрӯи чап холи сиёҳ.
Мӯи ғула чанбарак гирди сараш,
Чеҳрааш пурнур аз шарму ҳаё.

Дар либоси тозаи ҳамчун баҳор,
Лолаи мо ин қадар ҳам гармрӯст.
Вақти кор ин сон намепӯшад, вале
Ин ҳама аз ҳосилоти ранҷи ӯст.

Гулнисо бо завқ гуфто: – Лолаҷон,
Инак, Анвар омад, истиқбол кун.
Ҳалқа бинмо дастро бар гарданаш,
Бӯс аз рӯяш, варо хушҳол кун!

Лола ҳам шояд дар ин андеша буд,
Лек садди роҳ шуд – шарму ҳаё.
Дасти Анвар шуд ба сӯи ӯ дароз,
Лола ҳам бифшурд бо меҳру вафо.

Гулнисо ин саҳнаро бо чашм дид: –
Ду дили ранҷида аз нав шуд ба ҳам.
Аз нигоҳи Анвар ин мешуд аён,
Буд равшан ин зи чашми Лола ҳам.

Он диле, ки ишқбозӣ кардааст,
Метавонист ин садоро пай барад.
Шояд овозе, ки барҷаст аз ду дил,
Рӯи дунёро ба як дам бигзарад…
***

Лолаву Анвар нишаста рӯ ба рӯ,
Сер гарданд то зи рӯи ҳамдигар.
Пур зи неъматҳост болои стол,
Ин ҳама аз ҳосили дасти ҳунар.

Хандаи парторгамон – Оқил амак,
Сақфро, гӯё ки бинмояд шикоф.
Фотима бошад назар меафканад
Сӯи Анвар, Лола бо як меҳри соф.

Исмат аз паҳлуи Лола менишаст,
Дар бари Анвар нишаста Гулнисо.
Ҳар яке шояд чунин фикре кунанд –
Кош иваз меёфт ин ҷоҳои мо…

Фотима-модар зи ҷо бархост, гуфт:
– Дӯстон, шодии ман беинтиҳост.
Анвари меъмор – ин шогирди ман,
Бо плони ӯ бишуд ин хона рост.

Соҳиби ин хонаи нав – Лола ҳам,
Пеши ман, охир, замоне хонда буд.
Хурд буд он вақт, акнун бингаред,
Шӯҳраташро кори ӯ афзун намуд.

Манзили нав… Бо шумо хурсанду шод,
Бӯрёкӯбон, рафиқон, мекунем.
Шуд шарик Оқил амак: – Бӯрё канӣ?
Фотима, мо полкӯбон мекунем.

Боиси хушҳолие шуд ин калом…
Дод муаллима ба гуфтораш давом:
– Бар сари мақсад биёям, дӯстон,
Мақсади ман бар шумо бошад аён.

Лолаву Анвар ба ҳам дерина дӯст,
Байни ҳам доранд паймону вафо.
З-ин сабаб ҳам таклифе дорам чунин:
Баҳри инҳо як қадаҳ нӯшем мо!

Мавҷи қарсак шуд баланд аз ин сухан,
Навҷавонон полро мекӯфтанд.
Рӯи Лола мисли лола сурх шуд,
"Нағз, нағз!" – гӯён, садоҳо шуд баланд.


– Исмат аз ҷо хез, – гуфт Оқил амак, –
Биншинад Анвар кунун дар ҷои худ.
Рафтаву биншин ту назди Гулнисо…
Фикри ман ҳам, дӯстон, ин гуна буд.

Бӯрёкӯбон гирифт оҳанги нав,
Рӯи ҳавлӣ чор машъал даргирифт.
Ҳазлу шӯхиву суруди дилписанд,
Хонаро сар то ба по дар бар гирифт.

Хона шуд пур аз садои чангу тор,
Гулнисо аз таҳти дил рақсе намуд.
Омад аз берун садои даф ба гӯш,
Гирди машъалҳо ҳам ин сон рақс буд.

Назди Лола менишаст Анвар кунун,
Ҳар ду фориғ аз ғаманду шодмон.
Лола ҳоло ончунон хушрӯй буд,
Нур меборид аз рухсори он.

Фотима аз нав зи ҷояш хеста,
Бӯсид аз рухсори шогирдони худ –
Дӯстӣ хуб аст, оре, – гуфт ӯ, –
Дӯстӣ буд, – давлати мо зӯр шуд.

Меҳрубон фарзандҳоям, бе ҳисоб
Шодмонам ман аз истиқболатон.
Аз самими дил, чу модар, мекунам
Орзуи бахтатон, иқболатон!

Модари Лола намоён шуд зи дар,
Анвару Лола зи ҷо бархостанд.
Омаду аз рӯи онҳо бӯса кард,
Шуд садои қарсак аз ҳар сӯ баланд.

Ҳалқа дар гирди муаллима шуданд
Лолаву Анвар, Модар, дигарон.
Ҳалқаи меҳру вафову дӯстӣ






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »