Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ БИСТУ ДУЮМ



Радио медод оҳангу суруд,
Буд он консерт баҳри ғолибон.
Хуш намеояд ба гӯши Лола ин,
Буд агарчи фораму роҳатрасон.

Радиоро омаду хомӯш кард,
Баъд, бигрифт ӯ китоберо зи раф.
Сафҳа гардонид андак, пас гузошт
Як варақ нохонда, онро як тараф.

Сонӣ, албомро тамошо кард ӯ
Як даме, ин ҳам нашуд бар ӯ писанд.

Назди стол омаду биншаст, пас
Рӯи коғаз сатрҳо бинвишт чанд.

Хат зад онҳорову андак фикр кард,
Ӯ намедонист аз чӣ сар кунад?
"Анвар… Анвар… Хостгор…"
Ин ҳам нашуд.
Ӯ суханро, хост, дигартар кунад.

Ҳеҷ нанвишту қаламро монд ӯ,
Пас манаҳ бар рӯи кафҳояш ниҳод.
"Бесабаб ӯро ту ранҷонидаӣ" –
Гуфтаи устоди худ овард ёд.

"Айби ман, мағрурӣ аз ман сар бизад,
Бар Ҳабиб, ҳатто ки бовар кардаам.
То кунун бар ҳеҷ кас накшода роз,
Тӯҳмати ноҳақ ба Анвар кардаам.

Мешавам иқрор бар айби худам,
Ҳақ бувад ӯ, гар набахшад ҳам маро.
Ҳар илоҷе карда, бояд, узр хост,
Бегунаҳ Анвар. Худам кардам хато."

Гӯшаки телефонро бигрифт зуд,
Муддаои узрхоҳӣ дошт ӯ.
Лек чун овози Анварро шунид,
Боз худдорӣ намуд аз гуфтугӯ.

Монда гӯшакро ба ҷояш, рост хест,
Як табассум бар рухаш омад падид.
З-он табассум менамуд пеши назар
Як ҷаҳони орзу, ишқу умед.

Баъди он рафт ӯ ба сӯи хонае,
Ки барояш ҷои хуфту хоб буд.
Расми Анварро гирифта аз шкаф,
Боз бар девор овезон намуд
***

Шаб, тамоми шаб нахуфт Анвар, саҳар
Ӯ баромад берун аз дар, назди ҷӯ.

Даст рӯи зону бинҳоду нишаст
Кӯчаи навро тамошо карда ӯ.

Дода шохи себро алвонҷ, бин,
Нармакак боди саҳаргаҳ мевазид.
Чашми худ Анвар ба оби ҷӯй дӯхт,
Фикри яквақтина дар ёдаш расид:

"Беруни тиреза, дар болои ҷӯ,
Ин дарахти себ хело дилписанд.
Байни ду ҳавлист як девори хурд,
Мумкин онро аз миён бардоштан".

Дар ҳамин дам канда тори фикрро,
Гулнисо аз паҳлуи Анвар гузашт.
Бо табассум ӯ саломе дода, рафт,
Анвар аз фикру хаёлаш даргузашт.

Хост пурсад Лоларо аз Гулнисо,
Гулнисо истода аз раҳ, гуфт зуд:
– Тӯятон кай мешавад, Анвар ако?
З-интизорӣ тоқатам ҳам тоқ шуд.

– Ман ҳаминро аз шумо пурсиданӣ,
Чунки ин вобаста бошад бо Шумо.
– Хонаи дилро на аз рӯи план
Мекунанд обод, эй Анвар ако!

Анвар аз ин гап ба завқ омад басе,
Гулнисо ҳам ханда карду рафт тез.
Гуфт Анвар: "Рафт… Назди Лола рафт.
Ин дару ин хона баҳри ман азиз…

Аз бари ман бе салому бе алек
Бигзарад имрӯз ҳам дилдори ман?
Фотима – модар ба ӯ фаҳмондааст,
Бо ҳамин ҳам ё нашуд ин кори ман?

Инак, ин ҷо мову ӯ ҳамсояем,
Байни мо танҳост як девори хурд.
Ин дарахти себ аз гуфтори мо,
То ҳанӯз, охир, ягон лаззат набурд."


Дар ҳамин дам Лола берун омада,
Зуд сӯи киштзораш рӯ ниҳод.
Гулнисо омад ба назди Анвару
Хатчаи хурде ба дасти ӯ бидод.

Хандае карду равон шуд пас худаш,
Лоларо ӯ дар даме дарёфт кард.
Анвар аз дунболи онҳо чашм дӯхт,
Пас яке аз дил баровард оҳи сард.

Лолааш, охир, назар нанмуда рафт,
Шуд парешонҳол аз одат зиёд.
Чун панаҳ шуд Лола аз пеши назар,
Бо хаёле хатчаро Анвар кушод.

Хонда сатри аввалинро, ҷаста хест.
Барқ зад якбора дар чашмаш зиё:
"Анвар, аз ту хоҳише дорам, шавӣ
Меҳмони бӯрёкӯбони мо!"

"Ин фақат оғози гуфтори дароз"
Гуфта, Анвар бӯса кард он номаро.
Гуфт: – Эй дил, шод шав! Шуд нурпош
Офтоби ишқ аз нав рӯи роҳ!..
***

Фош шуд дар деҳа кирдори Ҳабиб,
Гашт дигар, он чизеро чашм дошт.
Кори ӯ, рафтори ноҳинҷори ӯ
Ҳар касеро ҳам ба ҳайрат мегузошт.

Мақсади нопоку фикри зишти ӯ,
Чун бишуд овоза байни мардумон,
Аҳли деҳ он гуна дар хашм омаданд,
Оташи нафрат фурӯзон шуд аз он.

Дар ғазаб шуд Анвар аз кирдори ӯ,
Лаҳзае, ки ин суханҳоро шунид.
Нафраташ омад, вале коҳиш накард,
Гуфт бар ӯ, дина ҳангоме, ки дид:

"Хислататро, маслиҳат, дигар намо,
То ки маҳбуби диёри худ шавӣ.
Вақти он омад, ки назди дӯстон
Сарбаланд аз кору бори худ шавӣ.

Ту ба ҷои ҳилаву макру фиреб,
Хислати некӯ, бародар, гир ёд.
Соҳиби ҳурмат шудан хоҳӣ агар,
Кор кун, омӯз бо саъи зиёд…"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »