Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ БИСТУ ЯКУМ



Лола танҳо… Хона меғундошт ӯ,
Бишнид аз берун садои телефон.
Тез омад, гӯшаки онро гирифт:
– Кист ин? Ҳа, ҳа. Худи ман Лолаҷон!

А? Салом! Ориф! Ҳа ман. Марҳамат!
Кӣ? Кӣ омад? Фотима омад? Наход?!
Ҳамраҳи ту? Дар куҷо, ҷои раис?
Меҳмонхона?.. Шудам бисёр шод!

…Фотима аз ҷон ба аҳли деҳи мо
Ошнову дӯсти дерина буд.
Солҳо дар деҳи моён кор кард,
Бо калону хурд мағзу пӯст шуд.

Дар ҳаёти мактаби қишлоқи мо
Ҳиссаи шоистае бигзоштаст.
"Рӯзу шаб" ногуфта, меҳнат карда ӯ,
Байни мардум обрӯ бардоштаст.

Вай кунун омӯзгори институт,
Доктори соҳаи илми забон.
Бори дигар омад ӯ бар деҳи мо,
Лек ин дафъа ба мисли меҳмон.

Рӯ ба рӯи Лола ҳоло менишаст
Ин зани дилсофу доно, хайрхоҳ.
Баъди даҳ соли ҷудоист ин, гузашт
Дар ҳамин даҳ сол чандин рӯзу моҳ.

Лола он вақте, ки мехонд синфи шаш,
Фотима аз деҳаи мо рафта буд.
З-ин сабаб холо ба рӯи Лолаҷон
Ӯ нигоҳи гарм-гарме менамуд.

– Офарин, эй нури чашмам, – гуфт ӯ, –
Обрӯ бигрифтаӣ бо кори хеш.

Орзуву мақсади ман ҳам ҳамин,
Мардумони деҳа фахранд аз ту беш.

Лола чизе хост гӯяд дар ҷавоб,
Лек донист ӯ хамӯширо накӯ.
Бар муаллима нигоҳе карда монд,
Дер чашмашро наканд аз рӯи ӯ.

Буд мӯи Фотима хело сафед,
Дар ҷабинаш низ чин афтода буд.
Гар бихандад, чаккаву рухсорааш
Ҳамчу мавҷи обн дарё менамуд.

Лола шояд, ки ба ҳар мӯи сафед,
Ё ки дар оҷингу рахҳои қатор,
Дид ҳоло пеши чашмонаш аён,
Роҳи чандин шахси шоёни диёр.

Мумкин аст, овард ин дам Лола боз
Синфи шашум, таълими ӯро ба ёд.
Аз барои шӯхиаш боре чӣ сон
Фотима ӯро басе танбеҳ дод.

Пас муаллима сухан оғоз кард
Монда дасташро ба китфи Лолаҷон:
– Ончунон шодам, ки мебинам кунун
Насли нав, қишлоқи нав, нав одамон.

Сарфарозам ин ки шогирдони ман
Шаъну шӯҳрат карда пайдо инчунин.
Чист олитар ба кас аз ин шараф?
Ҳеҷ чизе нест олитар аз ин.

Дар яке аз номаҳои охирин,
Анвар аз Маскав ба ман бинвишта буд:
"Модар-устодам, барои кор ман
Меравам бар деҳаи зебои худ.

Бар ҳамон деҳе, ки дар он ҷо Шумо
Солҳо омӯзгорӣ кардаед.
Аз барои боз зебо гаштанаш,
Доимо имдоду ёрӣ кардаед.


Бо тамоми маънии барҷастааш
Деҳи мо, бояд, ки деҳи нав шавад.
Лек дар он хонаҳои кӯҳнаест,
Ҳамчу доғи рӯи маҳ чандин адад.

Бояд онҳоро барем аз байн тез,
Ҷои онҳо хонаҳои нав шаванд.
Деҳи мо он деҳаи дерина не,
Мардумони он ҳам акнун дигаранд!.."

Дидӣ Анварро, чиҳо бинвишта буд?
Дар ҳақиқат ӯ ҷавонмарди ҷасур.
Ман шунидам аз забони дӯстон –
Дорад ӯ дар корҳояш азми зӯр.

Хайр, акнун тӯй кай, ҷонам, бигӯ,
Ин қадар фикру хаёл аз баҳри чист?
Як-ду ҳарфи нав бигӯ, ман меҳмон,
Меравам фардо, азизам, дам наист.

Тӯй бошад, ман таваққуф мекунам;
Тӯятонро дида, сонӣ меравам.
Баҳри ту Анвар муносиб, Лолаҷон,
Як шаветон, – шоду мамнун мешавам.

Лола аз шарму ҳаё сар хам намуд,
Бар муаллима ягон чизе нагуфт.
Фотима аз ин табассум карда монд,
Чун бидид ӯ, Лола розашро нуҳуфт.

Ин муаллима вале, дониста буд –
Як муаммоест байни ҳардушон.
Гуфт "бикшоям гиреҳ аз ин чигил,
То ки иғво буданаш гардад аён."

Фотима бошад, ба Анвар дер боз
Ҳамчу модар меҳрубон, ғамхор буд.
Мешуд огаҳ аз тамоми ҳолаташ,
Дар ғаму дар шодии ӯ ёр буд.

Баъди фавти модараш, Анвар аз ӯ
Дастгириву навозиш дидааст.


Кори бад содир намояд, музди он
Ҳарфи талхи модарӣ бишнидааст.

Аз ҳамин рӯ баҳри Анвар ҳеҷ кас
Мӯҳтарамтар з-ин муаллима набуд.
Рӯй орад мушкиле дар кори ӯ,
Хат навишта, ҳатман огаҳ менамуд.

Дар ҳамин навбат ҳам Анвар хат навишт,
Хат, ки дар ҳар сатри он печонд дард.
Хонд он хатро ба чашми модарӣ,
Фотима як дам дигар тоқат накард.

Ин буд, ӯ шуд меҳмони деҳи мо,
Ин буд, ӯ бо Лола ҳоло рӯ ба рӯст.
Қиссаи модар надорад интиҳо,
Қиссаи модар чу меҳри поки ӯст…

– Лолаҷон, ман дидам Аиварро саҳар,
Бесабаб ӯро ту ранҷонидаӣ.
Дӯст медорад туро аз ҳад фузун,
З-ӯ магар кори бадеро дидаӣ?

Лола бетоқат бишуд аз ин сухан,
Ғарқ дар обу арақ ӯ менишаст.
Ҳамчу уммеди наве, шояд, кунун
Дар дили ӯ ин суханҳо нақш баст?



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »