Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ БИСТУМ



Баъди садҳо ҳилаву макраш, Ҳабиб
Хост бар Лола фиристад хостгор.
Лек амри модараш буд инчунин:
То шавад чанде дигар ӯ интизор.

Гуфта буд ӯ: "Орзу дорам, шавад
Тӯи ту – дар деҳа як тӯи калон.
Музди меҳнатро гирифта, ҷони ман,
Мо ба тӯят сар намоем он замон…"

Хола Зайнаб дар паси дар андаке
Рост истоду ба ҳамроҳаш бигуфт:
– Мо барои хостгорӣ омадем,
"Не" агар гӯянд, пас бояд чӣ гуфт?

– Боварӣ дорам, ки розӣ мешаванд,
Шубҳаю андеша, Зайнаб, баҳри чист?
Занги дарро зер бинмоед тез,
Аз Ҳабиб беҳтар ҷавони нағз кист?..

Модари Лола ба атрофи стол
Кардашон таклиф аз баҳри нишаст.
– Дӯстони меҳрубон, хуш омадед!
– Шод бошед.
– "Чӯб мебояд шикаст".

– Мо ба кори хайр ин ҷо омадем,
Кошкӣ иҷро шавад мақсуди мо.
Хоҳиши моро нагардонед агар,
Баъд аз он оем моён доимо.

– Хайр, агар бошад илоҷаш, марҳамат, –
Гуфта бар онҳо, магар пай бурд тез, –
Хостгорӣ гап набошад, дигараш
Саҳлу осон аст, меҳмони азиз.

– Матлаби ин кас – Ҳабибҷонро Шумо
Баҳри фарзандӣ намоедаш қабул.
– Ҳум-м... Ин бошад, каме душвортар,
"Не" бигӯям, мешавед аз ин малул?!

Норасида гуфтугӯ бар интиҳо,
Лола ҳам омад, парешонҳол буд.
Модараш гуфто ба меҳмонон – Ана,
Марҳамат, гӯед, кори хуб шуд.

Дасту рӯяшро бишусту пок кард,
Пас биёмад Лола бар гирди стол.
Чашму рӯи он гувоҳи ҳол буд,
Ки бувад имрӯз ӯ ошуфтаҳол.

Модараш гуфто ба ӯ: – Шав ошно,
Духтарам, ҳастанд инҳо хостгор.
– Хӯш?
– Дорам аз худо бахтат талаб,
Ҳар чӣ гӯӣ, хастӣ соҳибихтиёр.

Лола з-ин гап ногаҳон оташ гирифт,
Чунки ӯ пай бурд, ин – кори Ҳабиб.
– Меҳмонон хостгор? Хуш омаданд, –
Бо табассум гуфт, – Ин кори аҷиб!

Пай набурда аз пичинг, он ҷо қариб
Хостгорон аз фараҳ дилкаф шаванд.
Модари Лола зи ҳайрат лаб газид,
Он ду "Раҳмат!" гуфта, аз ҷо хестанд.

Лола гуфто: – Холаи Зайнаб, Шумо
Бар Ҳабибҷон рафта гӯед ин сухан:
Ҳар гаҳе иғвою ҷоду бас кунад,
Пас ба ӯ ёбам арӯси хуб ман.

Тарбузи Зайнаб бияфтод аз бағал
Чун шунид инро, бирафт андӯҳгин.
Берун аз дар шуд гиребон дошта,
Гуфт ӯ бо ҳамраҳи худ инчунин:

"Вой шӯрам хуш шавад, ин духтарон
Не адаб доранду не шарму ҳаё.

Ин пичинги тирмизакро фаҳмидӣ?
Тавба кардам ман ба даргоҳат, худо!"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »