Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ НУЗДАҲУМ



Дарди пинҳони дили ҳар одаме
Мешавад аз дидаи ӯ ошкор.
Ботини ҳар дардманди ишқро
Мекушояд чашми ӯ оинавор.

Лек макри одами айёрро
Мушкил аст аз дида пай бурдан басе.
Шодию хурсандии ҳар шахсро
Мебарад пай, чун бубинад, ҳар касе.

Шодии Анвар надорад интиҳо,
Равшан ин аз чашми пуридроки ӯст.
Сар бишуд як сохтмони нав, ки ин
"Қасри колхозӣ"-и шӯҳратноки ӯст.

Чун наболад хотираш? Ин фикрро
Солҳои сол дар сар дошт ӯ.
Орзу мекард созад қасри нав –
Гашт иҷро дар амал ин орзу…

Кай ризо шуд модари Лола ба он,
Ки зи байн он хонаву ҷояш равад?
Шуд касал ногоҳ, бурдандаш ба шаҳр,
То ки беҳтар зуд аҳволаш шавад.

Дар табобатхона чанде хоб кард,
К-ин хабарро Фотима ногаҳ шунид.

(Фотима омӯзгори Лола буд),
Пухт хӯрокеву ӯро рафта дид.

"Чун шифо ёбӣ ба дардат, – гуфт ӯ, –
Мешавӣ албатта меҳмонам, шунав.
Андаке, охир, тамошоят диҳам,
Ту маро нодида, аз ин ҷо нарав!"

Модари Лола сиҳат шуд. Бар театр
Бурд ӯро Фотима ҳамроҳи худ.
Дид дар раҳ ӯ биноҳои азим,
Гуфт дар дил: "Шаҳр зебо, хушнамуд!"

Чун театрро бидид ӯ, гуфт: Кош,
Бошад ин гуна бино дар деҳи мо.
Шаҳр – ин шаҳр асту деҳа – деҳа аст,
Ин тамошохона дар деҳ аз куҷо?

Фотима он гоҳ гуфташ дар ҷавоб:
"Мешавад оҳиста-оҳиста, яқин.
Ман шунидам, ки бино меёфтаст
Қасри колхозии хубу дилнишин.

Ин барои деҳа – як кори азим!
Умри Анварҷони мо бодо дароз,
Мекашад ӯ нақшаҳои нав кунун.
Ҳастам аз ин касби ӯ ман сарфароз!.."

Модари Лола ба фикр афтода монд,
Ки хаёли ӯ хатое будааст.
Мумкин аст, ӯ "хайр" мегуфту вале
Мераванд, охир, дарахтонаш зи даст…

Лаҳзае баргашта омад ӯ зи шаҳр,
Гашт огаҳ, ки дарахтонро ба он
Манзили нав ҷо ба ҷо кӯчонданӣ,
Ҳаст булдозер ба ин ёрирасон.

Бурда биншонданд дар ҳавлии нав
Он дарахтонро, ки буданд бебаҳо.
Дида инро, модари Лола дигар
"Не" нагуфту гашт бо хубӣ ризо…


Колхоз бар Лола ҷои манзили
Кӯҳна, манзилгоҳи нав бахшидааст.
Лола, шояд баъди кӯчидан ба он,
Айби худро андаке фаҳмидааст?

Лек Анвар аз касе бишнида буд:
Лола ҷои хонаро "бад" гуфтааст.
Баҳри исботи чунин даъвои худ,
Ӯ сабабҳо берун аз ҳад гуфтааст.

Боиси ин кори ӯ ҳамсояи
Дасти чап, девори чап будасту бас.
Ӯ намехоҳад, ки бо Анвар дигар
Наздику ҳамсоя бошад як нафас…

Рӯзи дигар боз бо майли худаш,
"Ҳар чӣ бодо бод" гӯён, кӯчидаст.
Беруни тиреза, дар болои ҷӯ,
Як дарахти навдадори себ ҳаст.

Навдаҳояш ду тараф моил бувад,
Муштарак дар байни ин ду хонадон.
Баҳравар, мумкин, шаванд аз ҳосилаш,
Бе дуо, ҳам Анвару ҳам Лолаҷон.

Байни ду ҳавлист як девори хурд,
Мумкин онро аз миён бардоштан.
Ин муроди муддаои Анвар аст, –
Ҷои он аз меҳр гулҳо коштан.

Анвар аз ин кор ҳоло бехабар,
Ҳеҷ кас ҳарфе дар ин бобат нагуфт.
Қосиде, ки оварад пайғоми хуш,
Бедарак ҳоло, дари ӯро накӯфт.

Мард бояд, ки ба ҳар як ҳолате
Тоб орад, баҳри ин ҳам ӯст мард!
Лола айбашро нафаҳмад, чора чист?
Анвар, охир, ҳеҷ кори бад накард.

Сохтмон…
Чун соя пайдо шуд Ҳабиб,
Як ҷавонмарде ба ӯ гуфт инчунин:

– Ҳӯй, ту ҳам фарзанди ин қишлоқ-ку,
Ёрдам деҳ, эй ҷавони нозанин!

– Кору бору роҳаташ ҳам аз шумо,
Чунки ман ин ҷо надорам ҳеҷ кор.
Ҳафтае як рӯз дамгирӣ марост,
Нест суде баҳри ман з-ин кору бор.

– Анвару духтур, охир, як даҳан
"Рӯзи дамгирӣ" намегӯянд-ку?!
Дар қатори дигарон бинмуда кор,
Халқ аз ин рафторашон хурсанд-ку!

– Ман намехоҳам, чӣ зӯрӣ мекунед?
Нағз медонам ҳама кори худам.
"Ҳар дилеро муддао дигар бувад",
Гар намемонед ин ҷо, меравам…

Рӯй гардонду аз он ҷо рафт тез,
Қаҳру хашми ҳозирон омад ба ин.
Ҷумла норозӣ аз ин рафтори ӯ,
Аз суханҳояш бигаштанд оташин.

– Ҷӯраҳо, бояд Ҳабибро мо диҳем
Сахтакак танбеҳ дар ҷамъомаде.
Варна, медонед, ӯ хоҳад бимонд
Бо чунин ахлоқу рафтори баде.

– Рост ин қавли ту!
– Ҳа, ҳа, фикри нағз.
То бигардонемаш аз ин роҳи бад!..
Чун Ҳабиб аз дидаҳо ғоиб бишуд,
Кори мардони диловар ҷӯш зад.
***

Гулнисо, Исмат ва Анвар динашаб
Сӯҳбат бинмуда биншастанд дер –
Дар хусуси корҳои сохтмон,
Аз фидокории мардони далер…

Вақти сӯҳбат Гулнисо ногоҳ дид,
Ки хате афтодааст дар рӯи пол.

Номи Анвар буд дар болои хат,
Гуфт: – Ин аз Лола бошад эҳтимол?

Дар ҷавоб Анвар бигуфт: – Афсӯс, не…
– Эҳе, ҳе… Боз ин зи ёри дигаре?
Оҳ, хело ин ҷавонон! Шуд аён
Хат гирифтед аз кадомин духтаре.

– Мебаред аз ман гумони бад магар?
Нодуруст ин, меҳрубонам Гулнисо.
Ин хати як дӯсти ҳаммактабам,
Метавонам хонам аз баҳри Шумо:

"Анвар, аз номи тамоми дӯстон
Мефиристонам саломе бар шумо.
Дар хусуси корҳову тӯи худ,
Пурратар бинвис, Анварҷон, ба мо.

Бинвис аз боду ҳавои кишварат,
Деҳ хабар аз рафти кори сохтмон.
Комёбӣ орзу дорам ба ту,
Хуб арӯсат – Лоларо пурсида мон!

Хайр, бо ҳурмат Мария – хоҳарат…"
Бистуми август. Шаҳри Москва".
Чун шунид ин, Гулнисо дар дил бигуфт:
"Рашки Лола аз ҳамин духтар бувад.

Хат-ку барвақт омадаст, Анвар нагуфт,
Одам аз ин кор ҳайрон мешавад.
Лола аз ин хат агар огаҳ шавад,
Зуд аз кораш пушаймон мешавад.

Бесабаб ранҷидаву гаштаст ӯ
Пай набурда ботини дилдорро,
Бояд огоҳонам аз маънии хат,
Мекушояд ин гиреҳи корро!.."

Субҳдам, чун Гулнисо бедор шуд,
Тохт назди Лола ӯ, хурсанду шод.
Бо салом аз дар даромад, ханда кард,
Мазмуни хатро ба Лола гуфта дод.


… Лола бо диққат шунида, зери лаб:
"Хуб арӯсат – Лоларо пурсида мон.
Хайр, бо ҳурмат Мария – хоҳарат…"
Гуфта такроран, сипас хомӯш монд.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »